Nigohi khalq

Call Directions Website Contact the business

Nigohi khalq Contact information, map and directions, contact form, opening hours, services, ratings, photos, videos and announcements from Nigohi khalq, Media/News Company, Saidsharif Sharifov, Buston.

"Нигоҳи халқ" нашрияи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ буда, ҳар ҳафта бо забони тоҷикӣ нашр мешавад.
«Нигохи халк» — это газета Исполнительного комитета НДПТ в Мастчинском районе, которая еженедельно издаётся на таджикском языке.

08/10/2026

МАСТЧОҲ: ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ ҶИНОЯТУ ҶИНОЯТКОРӢ ДАР НОҲИЯ

ҲАЙАТИ ЭҶОДИИ РӮЗНОМАИ "НИГОҲИ ХАЛҚ" БА ОМӮЗГОР ВА РӮЗНОМАНИГОРИ СОБИҚАДОР ҲИКМАТИ ТИЛЛО БИНОБАР ДАРГУЗАШТИ ПАДАРАШ ВА Б...
06/10/2026

ҲАЙАТИ ЭҶОДИИ РӮЗНОМАИ "НИГОҲИ ХАЛҚ" БА ОМӮЗГОР ВА РӮЗНОМАНИГОРИ СОБИҚАДОР ҲИКМАТИ ТИЛЛО БИНОБАР ДАРГУЗАШТИ ПАДАРАШ ВА БА САРДАБИРИ НАШРИЯИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ МАСТЧОҲ - "МАШЪАЛ" ФИТРАТИ ҲИКМАТ НИСБАТИ ВАФОТИ БОБОЯШ ИБРОЗИ ТАСАЛЛИЯТУ ҲАМДАРДӢ НАМУДА, БАРОЯШОН ДАР ТАҲАММУЛИ ИН МУСИБАТ САБРУ ШИКЕБОӢ МЕХОҲАД.

06/10/2026
МАСТЧОҲ: ҚАДРШИНОСИИ ОМӮЗГОРИ 75 СОЛА БО ТАҶРИБАИ БЕШ АЗ НИМАСРА Дар Рӯзи касбии омӯзгорон раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Х...
06/10/2026

МАСТЧОҲ: ҚАДРШИНОСИИ ОМӮЗГОРИ 75 СОЛА БО ТАҶРИБАИ БЕШ АЗ НИМАСРА

Дар Рӯзи касбии омӯзгорон раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ Муродулло Почозода ба хонаи яке аз устодони варзидаи забони русӣ Муҳаббат Хидирова рафта, мавсуфро ба иди касбӣ ва синни мубораки 75-солагии умри пурбаракат табрик гуфт.
Раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ аз хизматҳои бисёрсолаи муаллима дар таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, махсусан омӯзиши забони русӣ ёдовар шуда, барои фаъолияти бештар аз нимасра самимона сипогузорӣ кард.
Хидирова Муҳаббат Ҳасановна пас аз хатми Институти педагогии Ленинобод (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғаффоров) 10 сол дар МТМУ рақами 9-и ноҳияи Мастчоҳ, 10 соли дигар дар Литсейи касбии агросаноатии ноҳия ва 33 соли охир дар Коллеҷи омӯзгории Мастчоҳ ба таълиму тарбия машғул шуда, то имрӯз садҳо нафар шогирдонро забондон намуда, ба хизмати халқу миллат ва кишвари азизамон омода кардааст. Шогирдони муаллима дар ҳамаи соҳаҳо дар тамоми манотиқи Тоҷикистон ва ҳатто берун аз он фаъолияти пурсамар доранд ва дар ҳамаи иду ҷашнҳои милливу давлатӣ устоди худро табрику сипосгузорӣ менамоянд.
Муродулло Почозода, раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ин эҳтирому садоқати самимонаи шогирдон ва ҷомеаро бузургтарин дастоварди муаллима донист.
Муҳаббат Ҳасановна бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи кишвар ва сиёсати оқилонаи Раиси муаззами ҳизбамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки аз касби интихобкардаи худ ифтихор мекунад, зеро омӯзгорӣ рисолати муқаддас буда, ба инсон иззату обрӯ ва мақоми баланд эҳдо мекунад.

МАСТЧОҲ: НОМАИ МИННАТДОРӢ БА ТАМОМИ МИНТАҚАҲОИ ТОҶИКИСТОН Дар яке аз қисмҳои ҳарбии мустақар дар ноҳияи Мастчоҳ вохӯрии ...
06/10/2026

МАСТЧОҲ: НОМАИ МИННАТДОРӢ БА ТАМОМИ МИНТАҚАҲОИ ТОҶИКИСТОН

Дар яке аз қисмҳои ҳарбии мустақар дар ноҳияи Мастчоҳ вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи нрҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Муродулло Почозода ва комиссари ҳарбии ноҳия, полковник Комил Каримӣ бо сарбозон, махсусан онҳое, ки қарзи шаҳрвандии худро иҷро намудаанд, баргузор гардид.
Раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ зимни суҳбати самимӣ аз нақши бузургу беназир ва дастгириҳои ҳамешагии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсис ва ташаккули Артиши миллӣ ёдовар шуда, онҳоеро, ки бо сарбаландӣ ин мактаби ҷасоратро гузаштаанд, ҷавонмарди воқеӣ, бошараф ва пайрави содиқи Пешвои муаззами миллат донист.
- Пеш аз ҳама мехоҳам ба падару модари шумо ва устодони шумо, ки барои дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ ба камол расониданатон саҳм гузоштаанд, заҳмат кашидаанд сипосу миннатдории шахсан худам, раиси ноҳия, узви КИМ ҲХДТ Ализода Аъзам Наврӯз ва кулли аъзову ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳро баён мекунам. Шумо дар муддати хизмати ҳарбӣ на танҳо қарзи шаҳрвандии худро иҷро кардед, ки ҳамчунин ба шахсият табдил ёфтед, шахсияте, ки ҳимояи Ватан барояш аз ҳама чиз болост ва ҳатто дар ивази ҷон ҳам омода аст, ки марзу бумро ҳифз кунад ва амнияту суботи кишварро эҳтиёт намояд. Мо ба ҳамаи шумо, ки аз тамоми вилоятҳо ва минтақаҳои Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ қарзи фарзандии худро иҷро намудед, ифтихор мекунем ва аҳсану офарин мегӯем, - таъкид кард раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ Муродулло Почозода.
Полковник Комил Каримӣ, комиссари ҳарбии ноҳия низ барои то охир ба савганди ҳарбӣ содиқ мондан ба сарбозон сипосгузорӣ намуда, гуфт, ки либоси ҳарбӣ ба бар намудан фақат хоси ҷавонмардони шуҷоъ буда, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ дар ташаккули ҷисмонӣ ва равонии ҳар як фард нақши бисёр муҳим мегузорад.
- Дӯстону рафиқони беҳтарин маҳз ҳангоми хизмат дар сафи Артиши миллӣ пайдо мешаванд ва беҳтарин хотираҳо низ аз ин мактаб ҳосил мегардад, муҳимтар аз ҳама таҷрибаи бузурги ҷасорату ҷавонмардӣ дар давраҳои минбаъдаи ҳаёт касро аз бисёр мушкилоти зиндагӣ наҷот медиҳад ва иродаи қавӣ мебахшад, - гуфт зимни суҳбат полковник Комил Каримӣ, комиссари ҳарбии ноҳияи Мастчоҳ.
Дар охир ба унвонии падару модарони ҳамаи онҳое, ки муҳлати хизматро иҷро намуда, ба хонаҳои худ мераванд, Номаи миннатдории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ супурда шуд.

МАСТЧОҲ: БАЛАНД АСТ АЗ ФАЛАК ШОНИ МУАЛЛИМДар МДТ Коллеҷи омӯзгории Мастчоҳ ба ифтихори Рӯзи забони тоҷикӣ ва иди касби о...
06/10/2026

МАСТЧОҲ: БАЛАНД АСТ АЗ ФАЛАК ШОНИ МУАЛЛИМ

Дар МДТ Коллеҷи омӯзгории Мастчоҳ ба ифтихори Рӯзи забони тоҷикӣ ва иди касби омӯзгорон чорабинии идона баргузор гардид.
Директори муассисаи мазкур Фарҳод Ҳасанзода зимни ифтитоҳи ҳамоиш оид ба ҳадафу вазифаҳои он сухан гуфта, изҳор дошт, ки дар Коллеҷи омӯзгории Мастчоҳ ба эҳтироми забони тоҷикӣ, поку беолоиш нигоҳ доштани он, арҷгузорӣ ба заҳматҳои устодон ва омода намудани омӯзгорони варзида диққати ҷиддӣ дода мешавад.
Роҳбари дастгоҳ - мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ Хусрав Ашӯрзода, мудири бахши кор бо ҷавонони ноҳия Умеда Латипова ва мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Мавҷуда Ҳакимова оид ба мавзӯи чорабинӣ андешаҳои худро баён намуданд.
Таъкид гардид, ки маҳз тавассути хираду ҷасорат ва хизматҳои бузургу беназири бунёдгузор ва Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ рушд намуда, мақоми омӯзгор марҳила ба марҳила баланд бардошта шуд. Зеро ҳифзу ҳимояи забони давлатӣ, рушди соҳаи маориф ва дастгирии омӯзгорон як ҷузъи муҳимтарини сиёсати давлатӣ буда, дар ин самт санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқии дахлдор ба тасвиб расидааст.
Дар идомаи чорабинии идона ба як гуруҳ устодони ин муассисаи таълимӣ Сипонмаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ва Кумитаи иҷроияи ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тақдим карда шуд.
Барномаи рангини адабию бадеӣ ба ҳамоиш шаҳомати дигар бахшид.

06/10/2026
МАСТЧОҲ: САФИ АЪЗОИ ҲХДТ АЗ ҲИСОБИ ҶАВОНОНИ ВАТАНДӮСТ БЕШТАР МЕШАВАД Дар ноҳияи Мастчоҳ таваҷҷуҳ ба Оиннома ва Барномаи ...
06/10/2026

МАСТЧОҲ: САФИ АЪЗОИ ҲХДТ АЗ ҲИСОБИ ҶАВОНОНИ ВАТАНДӮСТ БЕШТАР МЕШАВАД

Дар ноҳияи Мастчоҳ таваҷҷуҳ ба Оиннома ва Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рӯз аз рӯз бештар гардида, сафи аъзои ҳизб махсусан аз ҳисоби ҷавонон ва бонувони худшиносу ватандӯст бештар мегардад.
Чанде пеш як гурӯҳ ҷавонони ватандӯст, ки бо амри дилу виҷдон барои хизмат дар сафҳои пурифтихори Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат ариза дода, дар курсҳои ронандагии муассисаи давлатии таълимии Мададгори мудофиа дар ноҳияи Мастчоҳ таҳсил карданд, узвияти ҲХДТ қабул карда шуданд.
Икром Ҳомидзода, роҳбари муассисаи мазкур ба ин андеша аст, ки ҳадафҳои барномавии ҳизб ва сиёсати оқилонаи Раиси муаззами ҳизбамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дили ҳар як фарди бономус меҳру эҳтиром ва хоҳишу иштиёқи узви ҲХДТ шуданро шуълавар мекунад.
Шаҳодатномаҳои узвиятро роҳбари дастгоҳ - мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Хусрав Ашурзода ба аъзои нави ҳизб дар вазъияти тантанавӣ тақдим кард.
Таъкид гардид, ки узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буданд ҳам шарафу ифтихор ва ҳам масъулияти баланд дар назди халқу Ватан ва Пешвои муаззами миллат мебошад.

МАСТЧОҲ: ФАРЗАНДИ КОРМАНДИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ НОҲИЯВИИ ҲХДТ ДОВТАЛАБОНА БА ХИЗМАТ РАФТСалимзода Сардор Рустам, фарзанди кал...
06/10/2026

МАСТЧОҲ: ФАРЗАНДИ КОРМАНДИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ НОҲИЯВИИ ҲХДТ ДОВТАЛАБОНА БА ХИЗМАТ РАФТ

Салимзода Сардор Рустам, фарзанди калонии мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ Рустам Салимов пас аз хатми Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон довталабона ба комиссариати ҳарбии ноҳия ҳозир шуда, барои пайвастан ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат ариза навишт. Хушбахтона, комиссияи даъвати тирамоҳӣ Сардорро ба хизмати ҳарбӣ лоиқ донист ва дар рӯзи нахустини даъвати тирамоҳӣ барои иҷрои рисолати ҷавонмардӣ ва қарзи шаҳрвандӣ сафарбар гардид.
- Ифтихор мекунам, ки фарзанди ман ба синни аскарӣ расидаву дар сафи муҳофизони Ватан Истиқлолу Ваҳдат, амнияту субот ва марзу буми Тоҷикистонро посбонӣ мекунад. Ба Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизбамон, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳазорон сипосу миннатдорӣ, ки дар душвортарин шароит Артиши миллиро таъсис дода, онро ба як нерӯи тавонои мудофиавӣ ва мактаби бузурги ҷасорату ҷавонмардӣ табдил доданд. Хизмат дар сафҳои чунин мактаби бузург барои ҳар як ҷавонмарди худшиносу ватандӯст боиси ифтихору сарфарозӣ ва барои волидайн сарбаландиву шукргузорӣ аст, - мегӯяд Рустам Салимов, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ.
Ёдрас мешавем, ки дар даъвати баҳорӣ низ набераи мушовири раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Рустам Рустамзода ва додари сардабири нашрияи маҳаллии ҳизбии "Нигоҳи халқ" Муллошукур Шокирзода ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат пайвастанд ва ҳоло сарбаландона қарзи фарзандии худро назди Модар - Ватан иҷро мекунанд.

06/10/2026

МАСТЧОҲ: ГУСЕЛИ НАВАСКАРОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Address

Saidsharif Sharifov
Buston

Opening Hours

Monday 08:00 - 17:00
Tuesday 08:00 - 17:00
Wednesday 08:00 - 17:00
Thursday 08:00 - 17:00
Friday 08:00 - 17:00
Saturday 08:00 - 12:00

Telephone

+992344521000

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Nigohi khalq posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Contact The Business

Send a message to Nigohi khalq:

Shortcuts

Share