FaroNews.tj

FaroNews.tj Contact information, map and directions, contact form, opening hours, services, ratings, photos, videos and announcements from FaroNews.tj, Media/News Company, Dushanbe.

12/08/2026

ДАЪВО БАРОИ ОБ Ё ЧАРОГОҲ?

Наворе, ки ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезанад, мардумро нигарон кардааст. Гуфта мешавад, писаре барои овардани молаш ба чарогоҳ аз ҷониби раиси маҳаллаи ҷамоати Чагами ноҳияи Шамсиддин Шоҳин латукӯб шудааст. Ҳоло маълум нест, ки вазъи саломатии кӯдак чӣ гуна аст.
Дар навор модари кӯдак бо нола аз ҳолати фарзандаш мегӯяд ва аз шавҳараш мепурсад, ки чаро гуфтааст, ки ба ин тараф биёрад.
Ҳамчунин, бархе корбарон мегӯянд, ки ин оила камбизоат буда, гӯё қаблан низ аз ҷониби раиси маҳалла мавриди латукӯб қарор гирифтааст.
Албатта, ин гуфтаҳо то ҳол тасдиқи расмӣ надоранд ва умедворем мақомоти дахлдор қазияро ҳамаҷониба санҷида, ба он баҳои ҳуқуқӣ медиҳанд.
Камбизоат будан ҷурм нест. Ҳеҷ кас ҳақ надорад шаъну шараф ва ҳуқуқи инсонро поймол кунад.

28/07/2026

Сӯхтор дар бозори шаҳри Хоруғ

28/07/2026

СӮХТОР ДАР ТЕРМИНАЛИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

Имрӯз дар терминали шаҳри Турсунзода, ки дар наздикии марзи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҷойгир аст, сӯхтори шадид ба амал омад.
Тибқи наворҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳншуда, чанд мошини дар автовоз боршуда ба коми оташ рафтаанд.
Дар маҳалли ҳодиса кормандони хадамоти оташнишонӣ барои хомӯш кардани сӯхтор машғуланд. То ин дам сабаби сар задани сӯхтор маълум нест. Ҳамчунин, дар бораи талафоти ҷонӣ ё ҷароҳатдидагон маълумоти расмӣ дастрас нашудааст.

27/07/2026

Аз тавоноии мушакӣ ва омодагии низомӣ то сарнавишти гулӯгоҳи Ҳурмуз...

27/07/2026

Сӯхтор дар бозори марказии шаҳри Хоруғ

26/07/2026

Мубориза бо гармӣ дар Душанбе

19/07/2026

Тӯй ба фоҷеа табдил ёфт

Мошини шаҳ барои овардани арӯс аз ноҳияи Панҷ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ (собиқ Калхозобод) мерафт, ки дар роҳ ба садама дучор шуд.
Чураи шаҳ, ки ҳафтае пеш зан гирифта буд, дар ин ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Шаҳ аз гардан ҷароҳат бардоштааст. Бачаи амаки шаҳ, ки як моҳ пеш зан гирифта буд, дар ҳолати вазнин қарор дошта, дар реаниматсия бистарӣ мебошад.
Ҳамчунин, ронанда ва як дӯсти дигари шаҳ низ ҷароҳат бардоштаанд. Гуфта мешавад, вазъи онҳо нисбатан хуб буда, осеби ҷиддии ҷисмонӣ надоранд.

17/07/2026

Сӯхт дар бозори ноҳияи Панҷ / 17.062026

13/07/2026

ҲУШДОРИ ЭРОН
Сипоҳи посдорон, ба Амрико иҷозаи дахолат дар тангаи Ҳурмузро намедиҳем ва ба кишварҳои ҳамсоя, ки пойгоҳҳои низомии Амрико ҷойгир аст ҳушдор доданд.

Address

Dushanbe
73400

Website

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when FaroNews.tj posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Shortcuts

Share