02/07/2025
САФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА БАДАХШОН - РАМЗИ ВАҲДАТ, РУШД ВА ЭҲТИРОМИ МАРДУМ
Ваҳдати миллӣ ҳамчун пояи устувор ва неруи пешбарандаи давлатдории Тоҷикистон дар давраи ҳассосу таърихӣ нақши калидӣ дорад. Дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ сафар кардани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки аз 25 то 28 июни соли равон сурат гирифт, на танҳо рамзи таваҷҷуҳ ва ғамхории давлатӣ нисбат ба мардуми ин гӯшаи дурдасти Ватан мебошад, ҳамчунин нишонаи якпорчагӣ, муҳаббат ва эътимоди ҳамдигар низ ба ҳисоб меравад.
Аз лаҳзаи аввали расидан ба ВМКБ, сокинон бо эҳтиром ва самимияти беандоза Сарвари давлатро истиқбол карданд. Ин рӯйдод собит мекунад, ки сиёсати мардумгароёна ва наздикии роҳбар ба ҳар сокини кишвар дар қалбҳои мардум ҷойгоҳи махсус дорад. Истиқболи гарму самимии мардуми ВМКБ нишонаи садоқати амиқ ба роҳбарият ва давлат аст.
Яке аз рукнҳои муҳими сафари Пешвои миллат вохӯрӣ бо фаъолон ва сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят буд. Дар ин мулоқотҳо масоили иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ баррасӣ шуданд. Пешвои миллат мардуми сарбаланди Бадахшонро бо ҷашни Ваҳдати миллӣ табрик намуда, таъкид карданд, ки ваҳдат пояи аслии рушди устувор ва зиндагии шоистаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Барномаҳои нав барои рушди минтақа бо таваҷҷуҳ ба эҳтиёҷоти воқеӣ таҳия ва барои амалӣ намудани онҳо дастурҳои мушаххас дода шуданд.
Мақсад аз сафари кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳкими инфрасохтор ва рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят мебошад. Дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ бо иштироки Сарвари давлат даҳҳо иншооти нав, аз ҷумла бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, бинои истиқоматии баландошёна барои 48 оилаи хизматчии давлатӣ, маркази фарҳанг, китобхонаи бачагона, муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, пулҳои мошингузар ва як қатор корхонаҳои истеҳсолӣ ба истифода дода шуданд.
Давоми чанд соли охир Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як минтақаи рӯ ба рушд табдил ёфтааст. Баробари ин, талошу заҳматҳои сокинони заҳматкаши вилоят дар рушди шаҳру ноҳияҳо ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум нақши муҳиму муассир доранд.
Яке аз нишондиҳандаҳои калидии ин рушд татбиқи нақшаи корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар доираи он, дар вилоят бунёду азнавсозии 1362 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз корҳои сохтмонӣ дар 1059 иншоот бо арзиши умумии беш аз 3,8 миллиард сомонӣ анҷом ёфтаанд, ки 78 фоизи нақшаро дар бар мегиранд.
Дар ин баробар саноати вилоят низ рӯ ба рушд ниҳодааст. Тибқи иттилои расмӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят дар соли 2024 ба зиёда аз 307 миллион сомонӣ расидааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 1993 панҷ маротиба бештар аст. Танҳо дар панҷ моҳи аввали соли 2025-ум 45 корхонаю коргоҳи нав ба фаъолият оғоз намудаанд ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 13 фоиз афзудааст. Дар маҷмуъ, шумораи корхонаҳои саноатӣ аз 13 адади соли 1991 ба 183 адад расида, номгӯи маҳсулот аз 10 ба 70 намуд афзудааст.
Дар ВМКБ 80 корхонаву коргоҳи саноатӣ, 70 муассисаи соҳаи маориф, 46 иншооти тандурустӣ, 74 варзишгоҳу майдончаи варзишӣ, 29 маркази фарҳангӣ, 246 километр роҳ, 37 пул ва садҳо иншооти дигари иҷтимоиву истеҳсолӣ бунёд гардидаанд. Дар миёни онҳо пули нави мошингузар аз болои дарёи Ғунд бо дарозии 200 метр ва мумфаршкунии 1,5 километр роҳ, ки бо маблағи зиёда аз 60 миллион сомонӣ сохта шудааст, аз муҳимтарин лоиҳаҳо ба ҳисоб меравад.
Иншооти нав, аз ҷумла корхонаи коркарди гӯшт ва истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан барои таъмини зиндагии шоистаи сокинон ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят аҳамияти калони иқтисодӣ доранд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ шумораи корхонаҳои саноатӣ ба таври назаррас афзуда, ҳаҷми истеҳсолоти маҳсулоти саноатӣ беш аз 5 баробар зиёд шудааст. Корхонаи коркарди гӯшт барои коркарди гӯшти қутос аст, ки бо сармоягузории як соҳибкори маҳаллӣ ба маблағи 20 миллион сомонӣ сохта шуда, дар рушди саноат ва таъмини бозор бо маҳсулоти ватанӣ нақши муҳим мебозад.
Дар самти неруи барқ низ пешравиҳои назаррас ба қайд гирифта шудаанд. Агар соли 1991 иқтидори истеҳсоли барқ дар вилоят ҳамагӣ 10,4 мегаваттро ташкил медод, пас соли 2024 он ба 47,5 мегаватт расида, тақрибан 4,6 маротиба зиёд шудааст. Чанд рӯз пеш, дар доираи сафараи кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Неругоҳи барқи обии “Себзор” бо иқтидори 11 мегаватт мавриди истифода қарор гирифт, ки бо маблағи беш аз 700 миллион сомонӣ бунёд шудааст.
Илова бар ин, дар доираи сафари кории Пешвои миллат 7 неругоҳи барқи офтобӣ ва хурди обӣ дар деҳаҳои дурдаст ба истифода дода шуданд. Дар назар аст, ки то охири соли 2025 боз 16 неругоҳи барқи офтобӣ, 11 неругоҳи хурди обӣ ва як неругоҳи барқи бодӣ сохта мешавад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур, иқтидори умумии истеҳсоли барқ дар вилоят ба 75,5 мегаватт хоҳад расид, ки нисбат ба соли 1991 ҳашт маротиба зиёд мебошад.
Ҳамин тавр, ин тадбирҳо намунаи равшани дастгирии Ҳукумати мамлакат ва таваҷҷуҳи махсуси Сарвари давлат ба рушди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҳисоб меравад.
Бояд ёдовар шуд, ки Пешвои миллат дар сафари навбатии худ аз шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дидан намуда, ҷиҳати рушду пешрафти саноату иқтисодиёти минтақа ва таҳкими дӯстиву пайвандагарии миллат тадбирҳои мушаххас андешиданд. Бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки сафари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ дар рушду тараққиёти минбаъдаи он низ таъсири бағоят калон гузошта, мардуми сарбаланди Бадахшон дар пайравӣ ба Пешвои худ сар аз як гиребон бароварда, барои пешрафти кишвари худ софдилонаю содиқона хизмат мекунанд.
Маросими гусели Пешвои миллат дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ бо иштироки ҳазорон сокинон бо муҳаббат ва самимият баргузор гардид. Сокинон бо чеҳраҳои пур аз муҳаббат ва эҳтиром Сарвари давлатро то лаҳзаҳои охир гусел карданд. Барномаи фарҳангӣ бо сурудҳои ватандӯстона ва шеърҳои миллии баёнгари иттиҳоду садоқати амиқи мардуми ВМКБ ба роҳбарияти кишвар буд.
Сафари Пешвои миллат ба ВМКБ на танҳо боздид аз минтақаи дурдаст, ҳамчунин рамзи ваҳдат, муҳаббат ва масъулияти роҳбарият ба ҳар гӯшаи Ватан аст. Ин сафар собит кард, ки бо якпорчагӣ, эътимод ва ғамхории дуҷониба метавон ҳама мушкилотро паси сар кард ва ҷомеаро ба сӯи рушди устувор раҳнамоӣ намуд. ВМКБ имрӯз ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастгирию таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба минтақаи рушдёбанда ва умеди наслҳои оянда табдил ёфтааст.
Гулбаҳор ЭЛЧИБЕКОВА,
коромӯзи “Паёми Душанбе”