Call Website Contact the business

JOM Пойгоҳи нави ҷавонон, ки комилан ба инъикоси рӯйдодҳои
фарҳангӣ, иҷтимоӣ, варзишӣ ва иқдомҳои накӯ дар ҷомеа бахшида
шудааст!

23/09/2026

🥇 МЕДАЛИ ТИЛЛО! ✨
Дар риштаи ҳунарҳои размии омехта миёни мардон (сабки муосир) Мирзобек Умаров соҳиби медали тилло шуд!
Дар финал Мирзобек Умаров аз кишвари мо Фирдавс Атамуратовро аз Узбекистон бо ҳисоби 3:0 мағлуб намуд ва аввалин медали тиллоро дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 ба даст овард. Ё
довар мешавем, ки Бозиҳои 20-уми Осиё дар Айти-Нагояи Ҷопон 19 сентябр оғоз шуд ва ҳайати Тоҷикистон дар риштаҳои гуногун беш аз сад нафарро ташкил медиҳад.
#азиатскиеигры2026 #таджикистан #золотаямедаль #золото #ММА #спорттаджикистана #СборнаяТаджикистана #Нагоя2026

21/09/2026

Махсатулло Муъминов дар риштаи каратэ-до дар Ҷопон сазовори медали биринҷӣ гардид. Махсатулло ҷавонтарин варзишгар дар ҳайати Тоҷикистон аст ки ба Бозиҳои ХХ-и Осиё дар Айти-Нагояи Ҷопон сафарбар гардидаанд. Махсатулло Муъминов акнун ба синни 18 мерасад.
Ӯ мегӯяд, рақобат мушкил буд. Баъди ин мусобиқа, Махсатулло барои иштирок дар Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ, ки аз 28 ноябр то 7 декабр дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд, омодагӣ мебинад. Ҳайати Тоҷикистонро дар Бозиҳои ХХ-и Осиё дар Айти-Нагояи Ҷопон 117 варзишгар намояндагӣ мекунанд. Аз намуди бокс дар ин мусобиқаи бонуфуз Тоҷикистонро 10 муштзан – миёни мардон Меҳроҷ Суфиҷонов (55 кг), Акмал Убайдов (60 кг), Шамшер Саидов (70 кг), Некрўз Салимов (80 кг), Парвиз Каримов (90 кг), Муҳаммад Аброриддинов (+90 кг) ва миёни бонувон Фариза Ёқубова (51 кг), Ҳангома Исоева (54 кг), Миҷгона Самадова (60 кг, Малика Нозимова (65 кг) муаррифӣ мекунанд. Мураббиҳо Саидхоҷа Мамуров, Парвиз Ахмедов ва Рустам Музафаров роҳнамои ҳайати бокси Тоҷикистон дар мусобиқа мебошанд. #каратэ #спорт #япония #таджикистан

20/09/2026

JOM. Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои 20-уми Осиё дар Айти-Нагояи Ҷопон.
19 сентябр, бо баргузории маросими ифтитоҳӣ ба Бозиҳои 20-уми Осиё расман оғоз бахшида шуд шуданд.
Императори Ҷопон Нарухито Бозиҳоро расман ифтитоҳ кард. Қаҳрамони олимпӣ дар риштаи гурзандозӣ Мурофуши Коҷӣ ва падараш Шигенобу, ки худ низ панҷ маротиба қаҳрамони Осиё дар ҳамин навъи варзиш шудааст, машъали Бозиҳоро дар Варзишгоҳи варзишии Парки Мизуҳо якҷоя фурӯзон карданд.
Дар маросими ифтитоҳ ҳамчунин Масако, Валиаҳд ва маликаи Акишино ва президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Кирсти Ковентри иштирок карданд. Ин маросим оғози расмии мусобиқаи 16-рӯзаро намоиш дод.
Дар Бозиҳои Осиё беш аз 15 ҳазор варзишгар аз 45 кишвар ва минтақа дар 43 риштаи варзиш рақобат хоҳанд кард.
Кишвари мизбон — Ҷопон бо 933 варзишгар ҳайати бузургтарини иштирокчиёнро дорад. Ин сеюмин бор аст, ки Бозиҳои Осиё дар хоки Ҷопон баргузор мешаванд. Қаблан Токио соли 1958 ва Хиросима соли 1994 мизбони ин мусобиқа буд #таджикистан #спорт

19/09/2026

ХХ-умин Бозиҳои Осиёӣ дар шаҳрҳои Айчи ва Нагояи Ҷопон аз 19-уми сентябр то 4-уми октябри соли 2026 идома мекунад.
Варзишгарон барои 469 медал дар 43 навъи варзиш рақобат хоҳанд кард. Тахминан 15,000 варзишгар дар ин чорабинӣ ширкат мекунанд
Румайза Норова, хабарнигори мо ҳоло дар Ҷопон қарор доранд ва аз натиҷаи ин бозиҳо барои мо маълумот пешниҳод мекунанд. Моро пайгирӣ намоед!

Дар қароргоҳи Федератсияи ҷаҳонии Таэквондо (WT) маросими супоридани дани фахрии 9-уми Таэквондо ба Президенти Тоҷикисто...
17/09/2026

Дар қароргоҳи Федератсияи ҷаҳонии Таэквондо (WT) маросими супоридани дани фахрии 9-уми Таэквондо ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.
Президенти Федератсияи Таэквондо Юн Унг Сок қарори Шӯроро оид ба тақдими Дараҷаи фахрии 9-уми Таэквондо ба Президенти Тоҷикистон қироат намуда, дар маросими тантанавӣ ба Эмомалӣ Раҳмон дани фахрии 9-уми Таэквондо тақдим гардида, либоси махсус пӯшонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки 15 сентябр Президенти Тоҷикистон бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар Ҳамоиши «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» вориди шаҳри Сеул шуда буд.

16/09/2026

Намояндагии ширкати Toyota дар Душанбе ба ҷанговари UFC Нурулло Алиев Toyota LС 300 Hybrid ҳадя намуд. Дар паёмаш ширкати Toyota таманно намудааст, ки мошини ҳадягардида ба ин варзишгари шинохтаи тоҷик дар сафарҳову пирӯзиҳояш ҳамроҳаш бошад. Нуруллои 25-сола 12 пирӯзии бидуни бохт дорад, ки аз ин чаҳор пирӯзияш дар ташкилоти бонуфузи UFC ба даст омадаанд.
Алиев аз аввалин размикорони тоҷик буд, ки соли 2023 ба UFC пайваст.
Матлаб бо истифодаи аз видеои саҳифаи фейсбукии Маркази Toyota дар Душанбе
#нуруллоалиев #таджикистан #мма #мматаджикистан #таджикскийспорт #победа

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Мероси омӯзишМуаллиф: Кордори муваққатии Сафорати ИМА дар ш. Душанбе хонум...
16/09/2026

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Мероси омӯзиш
Муаллиф: Кордори муваққатии Сафорати ИМА дар ш. Душанбе хонум Карсон Релитc Рокер

Дусаду панҷоҳ сол пеш асосгузорони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дарк карда буданд, ки ақли озод, ки бо донишу таҳсил муҷаҳҳаз аст, навовариву соҳибкорӣ ва рушдро пеш мебарад. Айни ҳамин ақида имрӯз низ Иёлоти Муттаҳидаро, ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷа, роҳнамоӣ мекунад. Муносибати мо ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф дар саросари ҷаҳон возеҳ аст: маориф ва рушди малакаҳо садақа нест – он сармоягузорӣ аст, ки ба манфиати амният ва инкишофи муштарак даромад мебиёрад. Сармоягузории Амрико дар Тоҷикистон дар давоми 35 соли охир ҳарду кишвари моро қавитар кардааст.

Ба наздикӣ ман дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва тандурустӣ, ки ҳам Тоҷикистон ва ҳам Иёлоти Муттаҳидаро ҳифз мекунад, навишта будам. Имрӯз мехоҳам ба он диққат диҳам, ки чӣ гуна ду кишвари мо аз якдигарашон омӯхтаанд – ва чӣ гуна ин мубодилаи давомдор ба фоидаи манфиатҳои муштараки мо аст.

Муошират асоси ҳамкорист

Муошират дар тӯли 35 сол заминаи ин шарикӣ буд — ва рақамҳо инро нишон медиҳад: садҳо ҳазор китоби дарсӣ пешниҳод шудааст; даҳҳо ҳазор муаллим омӯзонида шудааст; ва акнун як насли роҳбарони тоҷик ба забони бизнеси ҷаҳонӣ ва дипломатия озодона сӯҳбат мекунанд.

Масалан, аз соли 2004 инҷониб Барномаи стипендиявии “English Access”-и Сафорати Амрико ба 2 500 нафар ҷавонони болаёқати тоҷик курсҳои дусолаи забони англисиро баъд аз дарсҳои мактаб пешниҳод кардааст. Аз соли 2009 инҷониб беш аз 40 нафар муаллимони барномаи “English Language Fellows” дар донишгоҳҳои Тоҷикистон дарс додаанд. Шабакаи мо “Забони англисӣ бидуни сарҳадҳо” (English Without Borders) барои муаллимони забони англисӣ то 4 000 нафар афзудааст, ки аз захираҳои дарсӣ ва омӯзиш баҳра мебаранд.

Мо ин сармоягузориро дар соҳаи муошират идома медиҳем: дар соли 2024 Сафорати Амрико 242 000 адад китоби дарсии забони англисӣ барои синфҳои 10 ва 11-ро тақдим кард, ки ба ҳамаи мактабҳои Тоҷикистон расонида шуд. Мо тақрибан 4 000 нафар муаллимони забони англисии мактабҳои миёнаи Тоҷикистонро омӯзонидем. Тавассути барномаи “Fulbright”, барномаи пешбари мубодилаи илмии ҳукумати ИМА, тақрибан 100 нафар муаллимони ҷавон дар синфхонаҳои амрикоӣ таҳсил кардаанд, ва беш аз 100 нафар муаллимон курсҳои моро оид ба таълими забони англисӣ ҳамчун забони дуюм ба анҷом расонидаанд.

Ҳукумати ИМА сармояи зиёдеро ба барномаҳои маорифи Тоҷикистон дар даҳсолаи охир гузошт, ки боиси беҳбудии назарраси натиҷаҳои хониш дар синфҳои ибтидоӣ дар саросари кишвар гардид. Масалан, сатҳи фаҳмиши хониши китобҳо дар синфи 2-юм аз 13 фоизи то 51 фоиз хонандагон, ки ба стандартҳо мувофиқанд, афзоиш ёфт. Ин беҳбудии устувори натиҷаҳои асосии хониш байни садҳо ҳазор хонандаи мактабҳои ибтидоии Тоҷикистон аст – дастовардҳое, ки боиси иштироки бештар дар қувваи корӣ ва рушди иқтисодӣ мегардад, ва маҳз он қувваи кории моҳир ва забони англисидонро ба вуҷуд меорад, ки шарики табиӣ барои тиҷорати амрикоӣ дар Осиёи Марказиро месозад.

Инчунин, даҳҳо ҳазор муаллим аз омӯзиши рушди касбӣ таҳти роҳбарии ИМА гузаштанд. Дар натиҷаи талошҳо аввал ҳар сол якчанд ҳазор муаллим омӯзонида шуд, ки то соли авҷгирифта беш аз 20 ҳазор муаллим ва тақрибан 300 директори мактаб омӯзишро ба анҷом расониданд – ки ба мактабҳо дар саросари кишвар таъсир кард. Ин сармоягузорӣ на танҳо муаллимонро дар синфхона дар бар мегирад, балки дастгирии ассотсиатсияҳои падару модарон ва муаллимон ва маъмурони соҳаи маорифро низ дар бар мегирад, ки муносибати ҳамаҷонибаро барои тақвияти сармояи инсонии низоми маорифи Тоҷикистон нишон медиҳад.

Аз соли 2019 инҷониб дар доираи барномаи мо “Забони англисӣ барои мансабдорони давлатӣ” беш аз 550 нафар мансабдорон дар вазорату идораҳое, ки бо тиҷорат, саноати кӯҳкорӣ, амният ва энергетика сарукор доранд – онҳое, ки соҳаҳои муҳими иқтисоди Тоҷикистонро назорат мекунанд – омӯзонида шудаанд, ки ин дастгирӣ аз супориши Президент Раҳмон дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ барои кормандони давлатӣ мебошад. Барномаи мо “Забони англисӣ барои рӯзноманигорон” ба беш аз 700 нафар рӯзноманигор ва муҳаррирон дастрасии бевосита ба гузоришдиҳӣ аз манбаҳои аввалия додааст, ки ба онҳо кумак мекунад, то ҷамъиятро беҳтар огоҳ созанд. Шумораи бештари роҳбарони ояндадори Тоҷикистон забони англисиро ҳамчун забони хориҷии худ интихоб мекунанд – ин тағирот ба онҳо дастрасии беҳтар ба технологияи пешрафтаи амрикоӣ, бахши хусусии пурҳаракати Амрико ва шарикони тиҷоратии амрикоиро, ки майли ҳамкорӣ доранд, мекушояд.

Ин мубодилаи фарҳангии муошират дар ҳарду самт амал мекунад. Ҳар сол беш аз 100 шаҳрванди Тоҷикистон тавассути як қатор барномаҳои мубодилаи илмӣ, касбӣ ва роҳбарии ИМА – аз ҷумла барномаҳои FLEX, IVLP, Open World, Global UGRAD, SUSI, TechGirls ва TechWomen – ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар мекунанд, дар ҳоле ки ҳар сол зиёда аз 50 нафар амрикоиҳо дар Тоҷикистон забонҳои тоҷику форсиро меомӯзанд. Ин маънои онро дорад, ки дар ҳоле ки ҷавонони тоҷик забони англисиро меомӯзанд, ҷавонони амрикоӣ забони тоҷикиро меомӯзанд – ба фоидаи ҳарду халқи мо.

Ҳамкорӣ натиҷа меорад

Имрӯз тақрибан 9 000 хатмкунандагони барномаҳои мубодилаи ИМА аз Тоҷикистон дар тамоми минтақаҳои ин кишвар зиндагӣ ва кор мекунанд. Бисту се нафар аз онҳо аз соли 1993 инҷониб дар вазифаҳои вазир ё муовини вазир хизмат кардаанд. Тақрибан сад нафари дигар дар мақомоти судӣ, прокуратура, маъмурияти андоз ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ хизмат мекунанд.

Ин шабакаи хатмкунандагон бо истифода аз таҷрибаи амрикоӣ ва тавсеаи доираи шарикони тиҷоратии Тоҷикистон ба манфиати мардуми Тоҷикистон натиҷа меорад. Масалан, дар соҳаи маъданҳои муҳим хатмкардагони Барномаи роҳбарии ташрифовардагони байналмилалӣ (IVLP) мақомотҳои назорати геология ва саноати кӯҳкории Тоҷикистонро роҳбарӣ мекунанд, ва як гирандаи стипендии “Fulbright” дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон маъданҳои стратегиро таҳқиқ мекунад. Ин маъданҳо барои истеҳсоли нимноқилҳо ва батареяҳо ҳаётан муҳиманд, бинобар ин коҳиш додани вобастагӣ аз нуқтаҳои танги занҷираҳои таъминоти ҷаҳонӣ имконияти калидӣ барои таҳкими ҳамкорӣ байни Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон аст. Азбаски барномаҳои мубодилаи ИМА дарҳоро мекушояд ва иштирокчиёнро барои роҳбарӣ тайёр мекунад, хатмкунандагони он ҳоло санги бунёдии бахши хусусии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд – аз ҷумла роҳбарии калидӣ дар ширкати “FIFTYFIVE GROUP”, “Алиф Бонк”, “SmartHub” ва Мактаби амрикоӣ – ки ҳар кадоме заминаро барои сармоягузорӣ ва тиҷорати амиқтари амрикоӣ мегузорад, ки ба фоидаи ҳарду кишвари мост.

Тавассути шабакаи хатмкунандагони мо, мо дастгирии соҳибкорӣ, идоракунии рақамӣ ва ҷалби ҷавонон бар зидди ифротгароиро идома медиҳем. Шасту чор духтари ҷавон лоиҳаи омӯзишии “iCODE”-ро дар соҳаи таҳияи барномаҳои мобилӣ ба анҷом расониданд, ва 40 нафари дигар дар “Tech4Change Camps” малакаҳои технологиро аз худ карданд. Ин малакаи амалие аст, ки имконияти воқеии иқтисодиро ба вуҷуд меорад, устуворӣ таъмин мекунанд ва ба қувваи кории дорои донишу малакаҳои технологӣ, ки сармоягузории байналмилалиро ба Тоҷикистон ҷалб мекунад, мусоидат менамояд.

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад. Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои ҳифзи мероси фарҳангӣ ба шаҳри қадимаи Панҷакент кумак кард, ки мақоми мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО-ро ба даст орад. Дар соли 2023 диджейи амрикоӣ Карл Ҳоллиер фарҳанги ҳип-ҳопро ба ҳазорон тоҷик дар фестивали “Боми Ҷаҳон” муаррифӣ кард, ва гурӯҳи “The Pipeline Vocal Project” дар саросари кишвар сафар карда, суруди маҳбуби тоҷикӣ “Чаки чаки борон”-ро иҷро карданд, ки дар саросари кишвар гарм пазируфта шуд. Ин навъи дипломатияи рӯ-ба-рӯ аст, ки дарҳоро барои муносибатҳои устувор байни Амрико ва Тоҷикистон мекушояд. Ин сармоягузориҳо дар баробари ӯҳдадориҳое, ки ҳарду кишвари мо дар изҳороти муштараки сиғаи C5+1 оид ба мероси фарҳангӣ дар моҳи ноябри соли 2025 таъкид карданд, ҳамкории моро дар ҳифзи мероси фарҳангӣ, мубориза бар зидди савдои ғайриқонунии амволи фарҳангӣ ва тақвияти ҳамкории фарҳангӣ амиқтар мекунад.

Натиҷаҳо муносибатҳоро қавитар месозад

Сию панҷ сол вақти кофист, ки мо онро мушоҳида кунем, ки чӣ гуна як барномаи китобҳои дарсӣ то 242 000 китоб дар синфхонаҳои саросари кишвар мерасад, ва як гирандаи стипендия ба муовини сарвазир табдил меёбад. Ин тасодуфан рӯй надод. Ин мероси намоёни шарикии мост. Он муносибатҳоеро инъикос мекунад, ки дар тӯли 35 соли истиқлолияти Тоҷикистон ба вуҷуд омадаанд – муносибатҳое, ки амният ва инкишофи муштараки моро пеш мебарад.

Дар айни ҳол, ки мо 250-солагии истиқлолияти Амрико ва 35-солагии шарикии ИМА бо Тоҷикистонро ҷашн мегирем, натиҷаҳои ҳамкорӣ худашон гувоҳӣ медиҳад: насли ояндадоре, ки дорои малакаҳои боэътимоди дониши забон, малакаҳои пешрафтаи технологӣ ва ӯҳдадорӣ ба рушди робитаҳои иқтисодӣ, амниятӣ ва фарҳангӣ байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон. Ин аст усули “Амрико дар ҷои аввал”, ки забони англисӣ, малакаҳои технологӣ ва мубодилаи фикру андешаҳо ва таҷрибаҳои пешрафтаро пешниҳод мекунад – аз як ҷомеа ба ҷомеаи дигар.

Тоҷикистон ва Амрико: якҷоя ба пеш.

16/09/2026

Омӯзгори мактаби №72-и Ёвон барои рафтораш нисбат ба хонанда танбеҳ гирифт

Шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон ба наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда буд ва дар он рафтори як омӯзгор нисбат ба хонанда инъикос ёфтааст, вокуниш нишон дод.

Шуъбаи маориф мегӯяд, мақсади омӯзгор паст задани шаъну шарафи хонанда набудааст, аммо тарзи муносибат бо хонанда «ғайрикасбӣ ва қобили қабул» арзёбӣ шудааст.
Ба гуфтаи шуъбаи маориф, мушкилоти хонанда бояд бо усулҳои педагогӣ, муоширати эҳтиромона ва ҳамкории омӯзгору падару модар ҳал карда шавад.

Дар натиҷаи баррасии ҳолат омӯзгор ба шуъбаи маориф даъват шуда, аз ӯ тавзеҳот гирифтаанд. Нисбат ба ӯ чораҳои интизомӣ андешида шуда, танбеҳ дода шудааст.

Ҳамчунин, истифодаи телефони мобилӣ ҳангоми дарс аз ҷониби омӯзгор мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст, зеро қонунгузорӣ истифодаи телефонро аз ҷониби омӯзгорон дар вақти дарс манъ мекунад.

Шуъбаи маориф мегӯяд, ки вобаста ба натиҷаи баррасии масъала, дар сурати мавҷуд будани асосҳои зарурӣ, ҳатто масъалаи маҳдуд ё дур кардани омӯзгор аз фаъолияти касбӣ метавонад баррасӣ шавад.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ медиҳад, ки 14 сентябр омўзгори фанҳои ибтидоӣ бинобар бе лавозимоти хониш ба дарс ҳозир шудани хонандаро ба навор гирифта, ба модари хонанда ки айни замон дар Федератсияи Русия қарор дорад, барои бартараф намудани камбудиҳо равон намудааст. Модари ноболиғ ҷойи бартараф кардани камбудиҳо ин наворро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кардааст.

15/09/2026

14 сентябри соли 2026 дар Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсионии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Илм — фурӯғи маърифат" оғоз гардид. Даври вилоятии озмун аз 14 то 17 сентябр идома ёфта, иштирокчиён аз рӯйи номинатсияҳои математика, химия ва биология, география, физика, астрономия, технологияи иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ, барномасозӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ байни ҳам рақобат мекунанд.
Яке аз иштирокдори фаъол аз Суғд Азимҷон Қодиров аст. Ин навраси навовар хонандаи синфи 9-уми гимназияи № 1 - и шаҳри Конибодом аст. Ӯ дар ин даври озмун трактори хурд ё мини-тракторро, ки 3 моҳ пеш сохта буд, муаррифӣ кард. Мини-трактори вай муҳаррики дарунсӯз дошта, бо сӯзишвории дизелӣ (солярка) кор мекунад. Муҳаррики он иқтидори 8,5 қувваи аспро дорост.
"Барои ду чархи пеши трактор ва фармон (руль) - и он қисмҳои мошини кӯҳнаи «Лабо» - ро кор фармудем. Пайваст кардани чархҳои пешро худам анҷом додам. Қуттии фишангҳои механикӣ ва муҳаррикро бошад, бо кӯмаки падарам васл кардам", - нақл кард Азимҷон.
Ба гуфтаи ӯ, мушкилтарин марҳила дар сохтани минитрактор пайваст кардани қуттии фишангҳо бо муҳаррик будааст.
Тоҳирҷон Ҷӯраев, омӯзгори фанни технологияи гимназияи №1-и шаҳри Конибодом буда, Азимҷон аз шогридони фаъоли ӯст.
Ба гуфтаи омӯзгор, ин техникаи сохтаашон барои коркарди заминҳои мулоим ва қитъаҳои хурде, ки байни дарахтон ҷойгиранд, пешбинӣ шудааст. Онҳо барои шудгори чунин қитъаҳои замин маҳсули дасташонро имрӯз корбаст мекунанд.

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизо...
15/09/2026

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар бораи мустамликакунии доимии Моҳ коҳиш медиҳад.

"Солҳои охир, бо рушди босуръати технология, соҳибкорони соҳаи кайҳон низ нақшаҳои воқеии татбиқи чунин ғояҳоро таҳия мекунанд. Аммо таҳқиқоти нави Маркази астрофизикаи Ҳарвард ва Смитсон (CfA), ки ин ҳафта нашр шуд, нишон медиҳад, ки барои мустамликадорони эҳтимолии Моҳ монеаи асосӣ метавонад захираҳои мавҷудаи ях дар он ҷо бошад. Ба гуфтаи муҳаққиқон, ин захираҳо барои таъмини як шаҳри бузурги моҳтобӣ кофӣ нестанд.",- иқтибос овардааст DW аз ин таҳқиқот.

Муаллифони таҳқиқот бо унвони «Дар Моҳ шаҳр вуҷуд дошта наметавонад» ҳисоб кардаанд, ки як маҳаллаи бузурги аҳолинишин дар Моҳ чӣ қадар энергия ва об талаб мекунад, шаҳри дорои 100 ҳазор ё 1 миллион аҳолӣ то чӣ муддат вуҷуд дошта метавонад ва таъмини устувори чунин шаҳр то чӣ андоза имконпазир аст.

Натиҷаҳои таҳқиқот дар маҷаллаи байналмилалии Frontiers in Space Technology нашр шудаанд. Ин мақола дар пасманзари як қатор миссияҳо ва таҳқиқоти моҳтобӣ дар соли ҷорӣ ба нашр расидааст, ки ба олимон имкон доданд сатҳи Моҳро дақиқтар харитасозӣ карда, ҷой ва ҳаҷми захираҳои обро муайян кунанд. Ин таҳқиқотҳо баҳсҳоро дар бораи имкони ҷойгиршавии доимии инсон дар Моҳ бештар карданд.

Олимон кайҳо боз аз мавҷудияти яхи об дар Моҳ огоҳанд. Таҳлилҳои охир тасдиқ кардаанд, ки захираҳои асосии он дар кратерҳои ҳамеша сояафкан ҷой доранд — чуқуриҳое, ки нури офтоб ҳеҷ гоҳ ба онҳо намерасад.

Мартин Элвис, астрофизики пешбари CfA ва роҳбари таҳқиқот, гуфт, ки дар кори онҳо «шаҳр» ҳамчун маҳалли зисти 1 миллион нафар муайян шудааст. Барои ҳар як сокин ба ҳисоби миёна 500 тонна об пешбинӣ шудааст.

Бо чунин меъёрҳо, захираи об барои шаҳри дорои 1 миллион аҳолӣ ҳамагӣ дар чанд сол тамом мешуд, агар об дубора истифода нашавад. Аммо ҳатто коркарди дубораи об низ мушкилро пурра ҳал намекунад.

Айни ҳол Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ тақрибан 98 дарсади обро дубора коркард мекунад.

Тибқи ҳисобҳои Элвис, агар 1 миллиард тонна оби моҳтобӣ бо ҳамон самаранокии Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ коркард шавад, шаҳри дорои 1 миллион аҳолӣ метавонад тақрибан 100 сол вуҷуд дошта бошад.

Барои он ки маҳалли зисти инсон дар Моҳ муддати бештар фаъол бошад, эҳтимол шумораи аҳолиро то тақрибан 1 ҳазор нафар маҳдуд кардан лозим мешавад. Яъне, дар ин ҳолат бештар сухан дар бораи як деҳаи хурди моҳтобӣ меравад, на шаҳр.

Агар дар Моҳ коркарди дубораи 99,9 дарсади об имконпазир шавад, пас, тибқи ҳисобҳо, аҳолии 1 миллионнафара дар назария метавонад тақрибан 2 ҳазор сол ба таври устувор зиндагӣ кунад. Ба ин кор чораҳои дигари сарфаи об, аз ҷумла кишоварзии амудӣ, низ мусоидат карда метавонанд.

Дар масъалаи энергия бошад, барои шаҳри моҳтобӣ мушкили ҷиддӣ набояд вуҷуд дошта бошад: энергияи заруриро метавон аз радиатсияи фаровони офтобӣ гирифт.

Дар минтақаҳои қутбҳои Моҳ ба истилоҳ минтақаҳои рӯшноии доимӣ мавҷуданд, ки дар онҳо Офтоб ҳеҷ гоҳ пурра ғуруб намекунад ва дар наздикии уфуқ боқӣ мемонад.

Қаторкӯҳҳои канори кратерҳо дар чунин минтақаҳо аз сатҳи атроф баландтаранд ва барои ҷойгир кардани неругоҳҳои офтобӣ мувофиқанд. Ин дастгоҳҳо метавонанд қариб беист неруи барқ истеҳсол кунанд.

Тибқи таҳқиқот, манораҳои 1-километрае, ки пурра бо панелҳои офтобӣ пӯшонида шуда, дар канори кратерҳо сохта мешаванд, метавонанд ҳар кадом тақрибан 3 гигаватт неруи барқ истеҳсол кунанд. Ин миқдор барои таъмини минтақаҳои истиқоматӣ ва ҳатто корхонаҳои саноатӣ кофӣ хоҳад буд.

Илова бар ин, яке аз маводи асосии панелҳои офтобӣ — кремний — тақрибан 20 дарсади сатҳи Моҳро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, истеҳсоли панелҳоро қисман метавон дар худи Моҳ ба роҳ монд. Баъзе ширкатҳо аллакай мехоҳанд аз чунин имконият истифода баранд.

Ширкати сохтмонии ҷопонии Shimizu Corporation низ имсол нақшаи сохтани камарбанди панелҳои офтобиро дар атрофи экватори Моҳ пешниҳод кард. Ба гуфтаи ширкат, чунин низом метавонад то 13 ҳазор тераватт энергия истеҳсол кунад — бештар аз ҳаҷми умумии истеъмоли имрӯзаи неруи барқ дар рӯи Замин.

Атмосфераи хеле тунуки Моҳ маънои онро дорад, ки истеҳсоли энергияи офтобӣ аз шароити обу ҳаво вобаста нест. Аз ин рӯ, метавон ба ҷараёни нисбатан устувори энергия умед баст.

Ҳамин тавр, ҳарчанд сохтани шаҳри дорои 1 миллион аҳолӣ дар Моҳ ҳанӯз ҳадафи дастнорас ба назар мерасад, барои оғози мустамликакунии ҷиддии Моҳ шояд он қадар дур набошем.

Технологияҳои кунунии таҳқиқотӣ имкон медиҳанд танҳо чанд метр зери сатҳи Моҳ омӯхта шавад. Аммо дар оянда мумкин аст дар қабатҳои амиқтар захираҳои хеле бузургтари ях кашф шаванд.

Мартин Элвис умедвор аст, ки ин таҳқиқот ҳамаи иштирокдорони лоиҳаҳои моҳтобиро водор мекунад, ки масъалаи азхудкунии устувори Моҳ ва пеш аз ҳама, идоракунии дарозмуддати захираҳои обии онро ҷиддӣ баррасӣ кунанд.

Address

1 проезд Академиков Раджабових, д7 кв 1-4
Dushanbe
734025

Opening Hours

Monday 09:00 - 17:00
Tuesday 09:00 - 17:00
Wednesday 09:00 - 17:00
Thursday 09:00 - 17:00
Friday 09:00 - 17:00

Telephone

+992372273478

Website

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when JOM posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Contact The Business

Send a message to JOM:

Shortcuts

Share