08/09/2022
ИСТИҚЛОЛ – САРЧАШМАИ ОЗОДӢ ВА ЗАМИНАИ СИЁСИИ ТАШАККУЛИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ
Истиқлол дастоварди муҳимтарин, бузургу бебаҳо ва таърихии миллати мо, ормони чандинасраи фарзандони асилу огоҳ ва маҳсули талошҳои садҳо ҳазор муборизони роҳи бақои давлати тоҷикон мебошад. Истиқлол ҳамчун рукни бунёдии озодии инсон ва ҷавҳари асосии зиндагӣ дар тамоми давру замон ҷузъи таркибии ҳастӣ ва ҳувияти миллати мо будааст. Ормони истиқлол фарзандони мубориз, ватандӯст ва донишманди миллатро ҳамвора ба нигоҳ доштани ҳувияти миллӣ ва талқину таҳкими он дар қалби мардум, таъмини пайванди ногусастании наслҳо ва ниҳоят барои ҳифзи истиқлолияти Ватан раҳнамоӣ карда, дар давраҳои мушкили зиндагӣ ба онҳо неруву тавон бахшидааст. Истиқлол барои бунёди давлати миллӣ заминаи маънавӣ фароҳам оварда, миллатро сарҷамъ намуда, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия менамояд, ки ин асоси рушди давлатдорӣ ва суботи ҷомеа мебошад. Дар шароити кунунӣ, ки бархӯрди тамаддунҳо ва талоши давлатҳои абарқудрат барои манфиатҳои миллӣ рафта истодаст, пойдории истиқлоли давлатҳо аз мафкураи солими созандаи халқ вобастагӣ дорад.
Миллати мо бо вуҷуди дастовардҳои нодири давлатдорӣ ва тамаддуни бузурги созанда дар масири таърих ҳодисаҳои нанговару роҳи ноҳамвори давлатдориро паси сар намудааст, сарчашмаҳои таърихӣ шаҳодати онанд, ки мутаассифона аз он нокомиҳо ибрат нагирифта, такрор ба такрор бо гуноҳи худ азият кашидааст. Ва ин амал дар охири садаи ХХ низ дар ҳолати такроршавӣ қарор дошт. Хушбатона бо назари Худованд миллати тоҷик дар арсаи сиёсат нафареро интихоб кард, ки халқи гирифтори гирдоби нобудиро наҷот дод, тоҷикони гирифтори манфиатҳои шахсӣ ва бозичаи давлатҳои манфиатҷӯ гаштаро ба оғуш гирифт, ҷинояткорони аз рӯи кинаву адоват ва дастури хоҷагонашон даст ба ин амали нанговар задаро авф намуд, зиёда аз як миллион гурезаву муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонд, дар дили миллати азияткашда донаи умед кишт кард ва сулҳу суботи ҷомеаро таъмин намуда, пояи давлатдориро дар асоси принсипи инсондӯстӣ таҳрезӣ намуд, ки пешрафт ва муваффақияти имрӯзаи Тоҷикистон ҳосили он аст. Ин шахсият Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Бинобар ин, миллати тоҷик аз мафкураи коммунистӣ раҳо наёфта, қисме аз мардум дар оғози Истиқлоли давлатӣ бинобар надоштани ҳисси худшиносии миллӣ гирифтори мафкураи сиёсигардонидашудаи динӣ гашт. Баъзе шахсиятҳои сиёсӣ ва зиёиёне, ки зери таъсири мафкураи коммунистӣ зиндагиву фаъолият мекарданд ва ҳисси худшиносиашон коста гардида буд, ҷойгоҳи андешаи миллиро дар мафкураи давлатӣ холӣ гузоштанд. Ҳамин фазо ва зарфияти маънавии холиеро, ки ба иллати оҷизии мафкуравии зиёиён ва донишмандон дар мафкураи ҷомеа ба миён омада буд, шахсони қудратхоҳ бо арзишҳои манфиатхоҳона аз номи дин пур намуда, давлатро гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ намуданд, ки паёмадҳои он ҳоҷат ба шарҳ надорад. Вале, бояд иқрор шуд илму дониш ва саводе, ки низоми шуравӣ ба мардуми Тоҷикистон дод, дар ҳамоҳангӣ бо коди генетикии таҳаммулгароии миллат ва хизматҳои содиқонаи Пешвои миллат тавонист яке аз омилҳои муассири маҳкам кардани дарвозаи фитнаи динию нифоқи шаҳрвандӣ низ гардад. Бо вуҷуди ин, дигаргун шудани фазои мафкуравӣ ва ташаннуҷи сиёсии ба вуҷуд омада, дар сохтори идораи давлатӣ калавишҳои мафкуравиро рӯи кор овард. Дар шароити имрӯза ин масъала тамоман шакли дигар гирифтааст, зеро пойдории асосҳои анъанавии ҷомеа, хосса ҳифзи амнияти мафкуравӣ ва пойдории сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, аз мафкураи созандаи миллат вобастагӣ дорад.
Бинобар ин, ҳар фарди ватандӯст ва худшиносе, ки нияти нек ба оядаи миллати худ дорад, бояд саҳифаҳои таърихро варқгардон намояд, зеро тоҷикон дар баробари дастовардҳои гуногун бо ҳодисаҳои даҳшатбор аз хиёнат то хиҷолат, аз таассуб то ифрот рӯ ба рӯ шуда, бо чашми худ диданд, ки чӣ тавр муҳаббат дар қиболи бепарвоӣ, қаҳрамонӣ дар паҳлӯи хиёнат, озодандешӣ дар муқобили таассуб ва монанди инҳо бо вазни ночизе дар таърихсозии миллати мо мавқеи худро аз даст медиҳанд.
Исфандиёр Миралиев,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии ДМТ