
16/09/2025
📚Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик бо ифтихор шоҳкори безаволи алломаи бузург Абурайҳони Берунӣ (973–1048), «Китобу-т-тафҳим ли авоили саноъати-т-танҷим»-ро дар шакли китоби нав ба чоп расонид.
«Китобу-т-тафҳим ли авоили саноъати-т-танҷим» аз бузургтарин шоҳкорҳои забони модарии мо дар илм аст, ки соли 1029 ба қалами Абурайҳони Берунӣ (973-1048) ба хоҳиши як духтари навомӯзи хоразмии муқими Ғазна ба тариқи пурсишу посух таълиф шудааст.
«Китобу-т-тафҳим» як донишномаи комил буда, панҷ илми муҳимми замони муаллифро дар бар мегирад:
Боби якум: Дар ҳандаса
Боби дуюм: Дар шумор
Боби сеюм: Ҳолҳои осмону Замин
Боби чорум: Дар устурлоб
Боби панҷум: Дар аҳкоми нуҷум
Ин асар ганҷинаи бебаҳои калимаву истилоҳоти қадиму асили забони модарии мост ва дар ташаккули забони илмии тоҷикӣ нақши мондагор дорад. Нашри ҳозира бо муқаддима, шарҳи луғоту истилоҳот ва тавзеҳоти донишманд Ҳасани Султон омода шудааст.
Барои харидории китоб метавонед ба Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик муроҷиат намоед:
📍 ш. Душанбе, хиёбони Неъмат Қаробоев, 17
☎️Тел.: (992 37) 233 35 71
📈Нарх: 80 сомонӣ
#Китобуттафҳим #донишнома #энсиклопедия #нуҷум #Берунӣ #китоб #ҳандаса