Порсӣ Анҷуман پارسی انجمن

Порсӣ Анҷуман پارسی انجمن Порсӣ Анҷуман: торнамое дар посдорӣ ва полоиши забони порсӣ

Ҷашни Наврӯз дар нахустин рӯзи баҳор аз бошукӯҳтарин ва барҷастатарин ёдгорҳои Эроншаҳриён аст, ки солҳое фаровонро пушт...
21/03/2025

Ҷашни Наврӯз дар нахустин рӯзи баҳор аз бошукӯҳтарин ва барҷастатарин ёдгорҳои Эроншаҳриён аст, ки солҳое фаровонро пушти сар ниҳода ва яке аз куҳантарин ҷашнҳои ҷаҳон ба шумор меравад.

Болотарин арзиши ин ҷашнро дар он метавон донист, ки ин ҷашн, бо ҳамаи нишебу фарозҳои бешумор, чунон кӯҳи Дамованд устувор бар фарози таърих истода ва бо равони якояки Эроншаҳриён сиришта шуда ва дар жарфои дилу ҷони онон нишастааст; онсон, ки ҳар эронӣ аз ҳафтаҳо пеш чашм ба роҳи фаро расидани Наврӯз аст ва мекӯшад то ойинҳои пешбоз аз Наврӯз, ҳамчун ҷашни сурӣ, хонатаконӣ аз кошона ва низ равони хеш ва …ро баргузор кунад то ҳамон гуна, ки гулу гиёҳ мешукуфад ва сабза аз замин мерӯяд, ҷони ӯ низ тоза гардад ва бо равони орому шод ба пешбози соли нав равад.

Наврӯз дорои се сӯяи «табиъӣ», «миллӣ» ва «динӣ» аст:
Сӯяи табиъиаш ҳамон ҳамзамониаш бо баробарии шабу рӯз ва оғози баҳору нав шудани ҷаҳон аст.
Сӯяи миллиаш ба устураҳои эронӣ бозмегардад, ки Ҷамшед, шоҳи Пешдодиро поягузори Наврӯз медонанд ва мегӯянд, ки дар замони Ҷамшедшоҳ сармои сахт Эронвичро дарбар гирифт. Саранҷом, пас аз се сол ин сармо дар баҳор поён ёфт ва бо поён гирифтани он ҷашни бузург барпо шуд, ки Наврӯз хонда шуд.

Ҳаким Умари Хайём дар оғози «Наврӯзнома» ба порсӣ нивиштааст: «Сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки офтобро ду давр бувад, яке онки ҳар 365 рӯзу рубъе аз шабонрӯз ба аввали дақиқаи ҳамал бозояд ба ҳамон вақт ва рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натавонад омадан, чӣ ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад, ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн ойин овард, ва пас аз он подшоҳону дигар мардумон бад-ӯ иқтидо карданд».

Фирдавсӣ низ дар ин бора фармудааст:

Ба фарри каёнӣ яке тахт сохт,
Чи моя бад-ӯ гавҳар андаршинохт.
Чу хуршеди тобон миёни ҳаво,
Нишаста бар ӯ шоҳи фармонраво.
Ҷаҳон анҷуман шуд бари тахти ӯй,
Фурӯмонда аз фарраи бахти ӯй.
Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд,
Мар он рӯзро «Рӯзи Нав» хонданд.
Сари соли нав Ҳурмузи фарвадин,
Баросуда аз ранҷи тан, дил зи кин.
Бузургон ба шодӣ биёростанд,
Майю ҷому ромишгарон хостанд.
Чунин рӯзи фаррух аз он рӯзгор,
Бимонда аз он хусравон ёдгор.

Аз ин сухан бармеояд, ки Наврӯз ҳамон «Рӯзи Нав» аст, рӯзе, ки сол бо он оғоз мешавад.

Абурайҳони Берунӣ, худ, ба забони порсӣ, дар «Ат-тафҳим» дар бахше «Аз расмҳои порсиён Наврӯз чист?» дар ин бора нивиштааст: «Нахустин рӯз аст аз фарвардинмоҳ ва з-ин ҷиҳат «Рӯзи Нав» ном карданд, зерок пешонии соли нав аст ва ончи аз паси ӯст аз ин панҷ рӯз ҳама ҷашнҳост ва шашуми фарвардинмоҳ «Наврӯзи бузург» доранд. Зерок хусравон бад-он панҷ рӯз ҳақҳои ҳашаму гурӯҳон ва бузургон бигузоридандӣ ва ҳоҷатҳо раво кардандӣ, он гоҳ бад-ин рӯзи шашум хилват кардандӣ хоссагонро. Ва эътиқоди порсиён андар Наврӯзи нахустин он аст, ки аввал рӯзест аз замона ва бад-ӯ фалак оғозид гаштан» (рӯяи 253).

Сӯяи диниаш низ бештар ба шашуми фарвардин бозмегардад, ки онро «Наврӯзи бузург» ва рӯзи «Умед» хондаанд, ки аз рӯзҳои хуҷастаи ориёиён аст, ки бо шодию обпошӣ ҳамроҳ будааст. Бар пояи нивиштае порсиг (паҳлавӣ) ба номи «Моҳи фарвардин, рӯзи Хурдод» рӯйдодҳои бузург дар ин рӯз рух додааст, ки дар он миён метавон аз зодрӯзи Зардушт, ҳампарсагии Зардушт бо Аҳуромаздо, рӯидани Машй ва Машёна, пайдоиии Каюмарсу Њушанг, чирагии Соми Наримон бар ажидаҳок, тирандозии Ораши шевотир ва пайдоии дубораи шоҳ Кайхусрав, ки ба бовари Эроншаҳриён аз ҷовидонон ҳаст, ном бурд. Номи рӯзи «Умед» низ аз он рӯй ба шашуми фарвардин дода шуда, ки рӯзи бозгашти Кайхусрав ва дигар ҷовидонон ва сушёнсҳо (судбахшон ё раҳоибахшон) аст.

Дар «Наврӯзнома»-и Хайём офарине бас куҳан аз забони мӯбади мӯбадон барои Наврӯз омадааст, ки мо низ сухани хешро бо он ба поён мебарем:

«Ба ҷашни фарвардин ба моҳи фарвардин озодӣ гузин. Яздон ва дини каён сурӯш овард туро доноию биноӣ ба кордонӣ, ва дер зев бо хӯе ҳужир ва шод бош бар тахти заррин ва анӯша хур ба ҷоми Ҷамшед ва расми ниёкон дар ҳиммати баланду некӯкорӣ ва варзиш. Доду ростӣ нигоҳ дор. Сарат сабз бод ва ҷавонии чу хавид (сабза), аспат комгору пирӯз ва теғат равшану корӣ ба душман ва бозат гирову хуҷаста ба шикор ва корат рост чун тир, … пешат ҳунарию доно гиромӣ ва дирам хору сароят обод ва зиндагонӣ бисёр.»

Порсӣ Анҷуман

Address

Dushanbe

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Порсӣ Анҷуман پارسی انجمن posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Contact The Business

Send a message to Порсӣ Анҷуман پارسی انجمن:

Share