Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан

  • Home
  • Tajikistan
  • Istaravshan
  • Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан Саҳифаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан

27/06/2025
27/06/2025

ИСТАРАВШАН: ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. 27.06.2025

РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАН БОТАНТАНА ТАҶЛИЛ ГАРДИДСубҳи 27 июни соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳоки...
27/06/2025

РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАН БОТАНТАНА ТАҶЛИЛ ГАРДИД

Субҳи 27 июни соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ба муносибати 28 -умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар чорабинии идона раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдуазиз Зуҳуров, зиёиён, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, воҳидҳои сохторӣ, кормандони соҳаҳои мухталифи шаҳр, собиқадорон, ҷавонону наврасон ва фаъолон ширкат варзиданд.

Пас аз садо додани суруди миллӣ нахуст раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода суханронӣ намуда, аҳли нишаст ва кулли сокинони сарбаланди Истаравшани бостониро бо 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ сидқан шодбош гуфта, аз нақши барҷастаи Ваҳдати миллӣ дар таҳкими ҳаёти босаодати мардуми кишвар ва хидматҳои беназири Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдат ва суботу пешрафти мамлакат ёдовар гардид.

Дар суханронии хеш раиси шаҳри Истаравшан изҳор дошт, ки имрузҳо Ваҳдати миллӣ ба яке аз арзишҳои муҳими ҷомеаи мо табдил ёфта, масъалаи ваҳдату ягонагӣ дар кору фаъолияти давлат ва ҳар як фарди ҷомеа қадру манзалати баланд ва ҷойгоҳи муҳим дошта, мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони шаҳри Истаравшан ин арзиши миллиро ҳамеша гиромӣ медоранд ва ҳифз мекунанд.

Дар идома намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдуазиз Зуҳуров паёми шодбошии раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода ба муносибати 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро ба самъи ҳозирин расонида, сокинони шарафманди шаҳри Истаравшани бостонро ба муносибати ин ҷашни фархунда шодбош гуфт ва ба ҳамагон рӯзгори ободу осуда, хотирҷамъӣ ва ба Ватани азизамон сарсабзию шукуфоӣ ва сулҳу осоиши пойдор орзу намуд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барномаи пурмӯҳтавои идона ва рангини ҳунарӣ ки саршор аз васфи диёри азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол, сулҳу ваҳдат, меҳру муҳаббат ва ҳамгироӣ буд, пешкаши ҳозирин гардонида шуда, ба чорабинии ҷашнӣ ҳусну таровати тоза зам намуд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

165,000 СОМОНӢ БА ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАҚДИМ ГАРДИД25 июни соли ҷорӣ дар доираи чорабиниҳо ба муно...
25/06/2025

165,000 СОМОНӢ БА ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАҚДИМ ГАРДИД

25 июни соли ҷорӣ дар доираи чорабиниҳо ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ дар толори мактаб-интернати шаҳри Истаравшан маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман!”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст!” ва “Илм-фурӯғи маърифат!” баргузор гардид.

Чорабиниро раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ифтитоҳ карда, сол аз сол зиёд гардидани сафи иштирокчиён ва ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявиро аз шаҳри Истаравшан фоли нек арзёбӣ намуд.

Зикр дошт, ки Пешвои миллат бо ғамхории беандоза ва таваҷҷуҳи хосса ба рушди ҷавонон ва эҳё намудани анъанаҳои беҳтарини миллӣ, ташкили озмунҳои ҷумҳуриявиро як воситаи муҳими ташаккули малакаҳо ва қобилиятҳои насли наврас мешуморанд.

Бо ибтикори Пешвои муаззами миллат озмунҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ, ба монанди “Тоҷикистон-Ватани азизи ман!”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст!” ва “Илм-фурӯғи маърифат!” роҳандозӣ шуданд.

Ин озмунҳо барои ҷавонон имкони зина ба зина боло рафтан, ифодаи истеъдод ва рушди қобилиятҳояшонро фароҳам оварда, ҳамзамон ҳувияти миллӣ ва ифтихори ватандорӣ дар қалби ҳар фарди Тоҷикистонро тақвият мебахшанд.

Бояд қайд кард, ки саҳми Пешвои миллат дар таъмини шароити мусоид барои баргузории озмунҳо ва эълони онҳо ҳамчун як арсаи ҳамгироии миллию иҷтимоӣ хеле муҳим аст. Зеро ин иқдомҳо ҳам барои баланд бардоштани сатҳи маърифат, ҳам барои ташаккули ҳисси ватандӯстӣ ва ҳамбастагӣ хизмат мекунанд.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба 267 нафар ғолибони даври шаҳрии озмунҳои “Тоҷикистон-Ватани азизи ман!”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст!” ва “Илм-фурӯғи маърифат!” Диплом ва наздик 165 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим гардид.

Аз ҷумла;
- ба 60 нафар ғолиби даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман!” 60,367 сомонӣ;
- ба 87 нафар ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст!” 43,893 сомонӣ;
- ба 120 нафар ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат!” 60,180 сомонӣ мукофотҳои пулӣ супорида шуд.

Дар охир аз ҷониби ғолибони озмунҳо ба иштирокчиён барномаи адабию фарҳангӣ манзур карда шуд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШӮРОИ КОР БО ҶАВОНОНИ НАЗДИ РАИСИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН ДОИР ГАРДИД25 июни соли равон дар толори мактаб-инте...
25/06/2025

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШӮРОИ КОР БО ҶАВОНОНИ НАЗДИ РАИСИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН ДОИР ГАРДИД

25 июни соли равон дар толори мактаб-интернати шаҳри Истаравшан ҷаласаи навбатии Шӯрои кор бо ҷавонони назди раиси шаҳри Истаравшан доир гардид.

Дар ҷаласа аъзои Шӯро, ҷавонони фаъоли шаҳр ва ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявӣ ширкат варзиданд.

Нахуст, раиси шаҳри Истаравшан, раиси Шӯро Адҳам Маъмурзода дар назди ҳозирин баромад карда, ҳамагонро ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ шодбош гуфт ва роҷеъ ба дастгириҳои пайвастаи иқдомҳои ҷавонон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муфассал истода гузашт.

Таъкид гардид, ки ҷавонон — пойдевори ояндаи Тоҷикистонанд. Агар онҳоро дастгирӣ кунем, кишвари мо ба сӯи пешрафт ва шукуфоӣ қадам мегузорад. Дастгирии ҷавонон — сармоягузорӣ ба ояндаи кишвар буда, ҳар як кӯмак ва имконияте, ки мо ба онҳо медиҳем, ояндаи дурахшони Тоҷикистонро таъмин мекунад.

Тоҷикистон бо дастгирии ҷавонон метавонад ба як кишвари пешрафта ва мутараққӣ табдил ёбад, ки дар он ҳар нафар имкониятҳои баробар ва муҳити мусоид барои рушд дорад.

Тавре Пешвои муаззами миллат таъкид доштанд: Ба ҷавонон имконият диҳед, ки орзуҳояшонро амалӣ кунанд — ҳамин аст роҳи ҳақиқии ободии ҷомеа ва пешрафти давлат.

Дар идома котиби Шӯрои кор бо ҷавонон, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Шаҳзод Раупов ва якчанд ҷавонони фаъоли дигари шаҳр баромад карда, доир ба самтҳои фаъолияти минбаъдаи ҷавонон ва нақши онҳо дар рушди диёр ибрози андеша намуданд.

Дар фарҷом, ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ ҷавонони фаъоли шаҳри Истаравшан, ки дар даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои намоён гардидаанд, қадршиносӣ карда шуданд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

ТАШКИЛИ НАЗДИК 20 ҲАЗОР ҶОЙИ НИШАСТ: БОЗДИДИ РАИСИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТҲОИ СОҲАИ МАОРИФ2...
24/06/2025

ТАШКИЛИ НАЗДИК 20 ҲАЗОР ҶОЙИ НИШАСТ: БОЗДИДИ РАИСИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТҲОИ СОҲАИ МАОРИФ

24 июни соли равон раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода аз рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои соҳаи маорифи шаҳр боздид намуд.

Зикр гардид, ки бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву созандагӣ ҷиҳати муҳайёнамоии шароити мусоиди таълим дар соҳаи маорифи шаҳри Истаравшан бомаром идома доранд.

Дар маҷмуъ, алҳол дар ҳудуди шаҳри Истаравшан сохтмони 23 иншооти гуногуни соҳаи маориф, ки наздик 20,000 ҷойи нишаст дорад, бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Истаравшан, хусусан соҳибкорон, аҳолӣ ва кумитаи падару модарон идома дорад.

Аз ҷумла, 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии нав, 4 бинои нави муассисаҳои таълимии фаъолиятдошта, 7 бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ, 4 синфхонаи иловагӣ, 2 кӯдакистон, 3 толори варзишӣ, 2 майдончаи варзишӣ ва дигар иншоотҳои ёрирасон мебошад.

Зимни боздид раиси шаҳр Адҳам Маъмурзода ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ҷиҳати то соли нави таҳсил ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ ба масъулин дастуру супоришҳо дод.

Ҳамчунин, ба соҳибкорон ва кумитаи падару модарон барои саҳмгузорӣ миннатдории самимӣ баён намуд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

ҶАЛАСАИ СИТОД ОИД БА ОМОДАГӢ БА ЧОРАБИНИҲО ДОИР ГАРДИД23 июни соли ҷорӣ таҳти роҳбарии раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъм...
23/06/2025

ҶАЛАСАИ СИТОД ОИД БА ОМОДАГӢ БА ЧОРАБИНИҲО ДОИР ГАРДИД

23 июни соли ҷорӣ таҳти роҳбарии раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ҷаласаи ситоди шаҳрӣ оид ба таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ доир гардид.

Дар ҷаласа аъзои ситод ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд. Оид ба рафти корҳои омодагӣ гузориши муовинони раиси шаҳр ва роҳбарони ниҳодҳои дахлдор шунида шуд.

Барои дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ доир намудани ҷашни Ваҳдати миллӣ дар назди ҳозирин вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.

Дар идома оид ба қабули ҳайати корпуси дипломатие, ки дар доираи ҷашни Ваҳдати миллӣ ба шаҳри Истаравшан ташриф меоранд, барномаи алоҳида таҳия ва тасдиқ гардид.

Сипас, доир ба масъалаҳои иҷрои нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, бунёди муассисаҳои томактабӣ ва биноҳои наву синфхонаҳои иловагӣ, тақвияти кишти такрорӣ ва дигар масъалаҳои соҳаи кишоварзӣ, саноат, андоз, барқ, омодагӣ ба даъвати тирамоҳӣ, ташкили маросими ҷамъбасти даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявӣ, таҳлил ва омодагӣ ба ҷамъбасти шашмоҳа, инчунин дигар масъалаҳои мубрами рӯз ба шахсони масъул супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

22/06/2025

Паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Тиргон
22.06.2025
https://president.tj/event/news/51250

Ҳамватанони гиромӣ!

Фарорасии ҷашни бостонии Тиргон – ёдгори пурарзиши тамаддуни бостонии ориёиро ба ҳамаи шумо самимона табрик менамоям.

Тиргон дар радифи Наврӯзу Меҳргон ва Сада аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми мо ба шумор меравад.

Ин ҷашн мутобиқи солшумории қадимаи ориёӣ дар рӯзи 13-уми моҳи Тир, ки он рӯзро низ Тир меномиданд, баргузор мешуд.

Ҷашни Тиргон ҳамчун рамзи борону сарсабзӣ, меҳрварзӣ ва гиромидошти ростиву ҳақиқат дар боварҳои деринаи ниёгони мо реша дорад ва баёнгари пайванди амиқи инсон бо табиат ва муҳити зист мебошад.

Ин ойини бостонӣ ифодакунандаи арзишҳои ҷовидонаи инсонӣ – умед ба фардои нек, сулҳу дӯстӣ ва ҳамбастагиву ҳамкории фарҳангу ойинҳои гуногуни башарӣ ба ҳисоб меравад.

Дар шароити пурҳаводиси ҷаҳони муосир посдории чунин арзишҳо беш аз ҳар замони дигар метавонад таконбахши талошҳои муштарак барои тақвияти дӯстиву ҳамкории тамаддуну фарҳангҳо ва дар айни замон ҳифзи мероси маънавии миллии мо бошад.

Ҷашни Тиргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад, ки аз шебу фарози садсолаҳо ва ҳодисоти мураккаби рӯзгор гузашта, то ба рӯзгори мо расидааст.

Яъне Тиргон пайвандгари наслҳои имрӯза бо расму ойин ва суннату анъанаҳои гузаштагон аст.

Таҷлили он аз замонҳои қадим то ба имрӯз ҷузъи таркибии ҳувияти миллии тоҷикон мебошад.

Ниёгони мо бо баргузории ин ҷашн ҳам шукронаи неъматҳои табиатро ба ҷой меоваранд ва ҳам дар байни ҷомеа тоза нигоҳ доштану истифодаи оқилонаи обро ҳамчун неъмати ҳаётбахш тарғиб менамуданд.

Бояд гуфт, ки об дар фарҳанги суннатии мардуми тоҷик аз замонҳои қадим то имрӯз ҷойгоҳи хос дорад.

Ниёгонамон дар айёми ҷашни Тиргон хонаҳоро об пошида, покиза мекарданд, гандуми ҳосили навро орд карда, нону таомҳои гуногун мепухтанд, дастархони идонаи худро бо анвои нону меваҷот оро медоданд ва беҳтарин навъҳои маҳсулоташонро ба намоиш мегузоштанд.

Тиргон, ки дар кишварамон ба шарофати истиқлоли давлатӣ бо тамоми суннатҳои деринааш эҳё гардидааст, ҳоло ба ҷашни миллии мо – тоҷикон ва рамзи худшиносиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардум ва пайванди наслҳо табдил ёфтааст.

Ҳамчунин, боиси ифтихор аст, ки ҷашнҳои миллии мо – Наврӯз, Сада ва Меҳргон ҳоло мақоми байналмилалӣ гирифтаанд.

Орзумандем, ки ҷашни Тиргон низ дар наздиктарин фурсат ба чунин мақом сазовор гардад.

Дар ин росто, моро зарур аст, ки хусусиятҳои барҷаста ва манфиатовари онро боз ҳам бештар тарғибу ташвиқ намоем.

Ҳамватанони азиз!

Аҳаммияти об дар замони мо хеле муҳим арзёбӣ гардида, яке аз масъалаҳои глобалии сайёра ба шумор меравад.

Созмони Милали Муттаҳид се ташаббус ва пешниҳоди Тоҷикистонро доир ба ҳифзу истифодаи оқилонаи захираҳои об қабул кард, ки қатъномаҳои дар ин масъалаҳо қабулкардаи ин созмони бонуфузи байналмилалӣ бо дастгирии кишварҳои ҷаҳон амалӣ шуда истодаанд.

Ташаббуси навбатии кишвари мо доир ба ҳифзи пиряхҳо, ки бо масъалаи ҳифзу истифодаи оқилонаи захираҳои об, робитаи мустақим дорад, ҳамчунин, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид.

Мехоҳам бо қаноатмандиву ифтихор иброз намоям, ки ин ҳама пешниҳоду ташаббусҳо саҳми кишвар ва мардуми мо дар ҳалли масъалаву мушкилоти глобалӣ ва беҳтар сохтани шароиту имкониятҳои зиндагӣ барои сокинони сайёра мебошад.

Мардуми мо, ки соҳиби суннатҳои бостонӣ ва созандагиву ободкорӣ ҳастанд, беҳуда обро манбаи ҳаёт ва сарчашмаи ободӣ нагуфтаанд.

Ба ин маънӣ, ҷашни Тиргон ойини покиву тозагӣ, ободкориву созандагӣ ва идомаи мантиқии ҷашни Наврӯз мебошад.

Итминон дорам, ки мардуми бонангу номуси кишвар бо истифода аз суннату анъанаҳои деринаи миллӣ тамоми саъю кӯшиши худро минбаъд низ барои боз ҳам ободу зебо гардонидани кишвари азизамон – сарзамини куҳанбунёди аҷдодии хеш равона месозанд.

Фарорасии ҷашни Тиргонро бори дигар ба мардуми шарифи Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.

Орзумандам, ки арзишҳои неки ҷашнҳои бостонӣ – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони маҳбубамон ҳамеша устувору пойдор бошанд.

Ҷашни Тиргон муборак бошад, ҳамватанони азиз!

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #Тоҷикистон #Таджикистан #Президент #Тоҷикон #Таджики #Тиргон

21/06/2025

Address

Хиёбони Исмоили Сомонӣ
Istaravshan
735610

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Contact The Business

Send a message to Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан:

Share