Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд

  • Home
  • Tajikistan
  • Khujand
  • Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ҳизби пешбари ҷомеа - ҲХДТ:
"БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН!"
ШИОРИ БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ ҲХДТ, 2025-2030

Таърихи ҲХДТ

Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолият роҳи бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёдро интихоб намуд, ки яке аз принсипҳои меҳварии бунёди чунин ҷомеа гуногунандешии сиёсӣ аст. Дар асоси талаботҳои ҷомеаи демократӣ ташкилоту ҳаракатҳои сиёсӣ одамони ҳамфикру ҳамақидаро бо ҳам муттаҳид менамояд ва онҳо дар чаҳочўбаи қонунгузории кишвар ҳуқуқ доранд ҳизби сиёсӣ таъсис диҳанд.

Ҳизб

и Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсули андешаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Идеяи таъсиси ҳизби нави сиёсиро, ки фарогири ҳарчи бештари манфиатҳои давлат ва миллат бошад маҳз дар ибтидои соли 1993 сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуда буд.

Вобаста ба ин 12 июни соли 1993 Кумитаи тадорукоти таъсис дода шуд. Кумитаи тадорукотӣ ҳуҷҷатҳои ташкилии ҳизбҳои навтаъсиси демократии Русия, Ҳизби сотсиал-демократи Олмон, Ҳизби демократии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва як қатор ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии дунёро омўхта, ба хулосае омаданд, ки ҳизби нав бояд моҳияти халқиву демократӣ дошта бошад.

Пешвои миллат пайваста таъкид мекарданд, ки ҳадафу мақсадҳои ҳизби нав бояд аз моҳияти иҷтимоӣ доштаи давлати мо сарчашма гирад ва он бояд пеш аз ҳама ниёзҳои иҷтимоии саросари аҳолии мамлакатро бароварда созад.

Дар чунин шароит Сарвари давлат шахсан дар ҷараёни таъсиси ҳизб, ки он вақт қарор дошт, ҳар як санади ташкилии ҳизбро бевосита мутолиа ва таҳрир карда, барои такмили он дастуру супоришҳо медоданд. Ҳадафи Роҳбари давлат аз он иборат буд, ки ҳизби нав ҷавобгўи манфиатҳои ҳамаи қишрҳои ҷомеа бошад.

Қарор дода шуд, ки дар Оиннома ва Барномаи ҳизби нав меъёрҳои демократӣ ҳамчун асос қабул карда шаванд.

Ҳамин тавр ҳадафҳои мазкурро Кумитаи тадорукотӣ дар ҳамаи минтақаҳо тарғибу ташвиқ карда, паҳлуҳои муҳиму аҳамиятноки онро ба мардум мефаҳмонданд.

10 декабри соли 1994 Анҷумани муассисони ҳизб дар бораи ташкилёбии Ҳизби Халқии Тоҷикистон қарор қабул намуда, Оиннома ва Барномаи онро тасдиқ кард.

15 декабри соли 1994 Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби Халқии Тоҷикистонро таҳти №199 расман ба қайд гирифт.

30 марти соли 1996 Анҷумани 2 – юми Ҳизби Халқии Тоҷикистон доир гардида буд.

25 июни соли 1997 Анҷумани 3 – юми Ҳизби Халқии Тоҷикистон доир гардида, ибораи “Демократия” ба номи ҳизб ворид карда шуд ва аз ҳамон муҳлат Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ном бурда мешавад.

18 апрели соли 1998 Анҷумани 4 – уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расман раиси ҳизб интихоб намуд.

23 сентябри соли 1999 Анҷумани 5 – уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуд.

Ҳизб ҳамчун қисми таркибии низоми сиёсии ҷумҳурӣ, аз рўзи нахустини вориди майдони сиёсӣ гаштанаш, тавассути сиёсати бунёдкорона ва татбиқи собитқадамонаи ҳадафҳои барномавии худ, бо такя ба масъулиятшиносию қудрати зеҳнии аъзоёнаш омили таҳкимбахши раванди созандагиву бунёдкории ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол гардидааст.

Ғояҳои сиёсӣ ва иҷтимоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷониби аксарияти мардуми кишвар дастгирӣ ёфта, дар бартараф намудани мухолифатҳои дохилӣ, барқарории сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ, баргузории ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ тавонист, ки дар ташаккули сохтори давлатдории нав нақши муҳимро бозад.

Баъд аз таъсиси ҲХДТ дар кишвари мо шаш маротиба интихоботи Парлумонӣ (солҳои 1995, 2000, 2005, 2010, 2015, 2020) ва 4 маротиба интихоботи Президентӣ (солҳои 1999, 2006, 2013, 2020) баргузор гардидааст.

Дар ҳамаи ин маъракаҳои сиёсӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бартарияти бештарро соҳиб гардида, номзадҳои аз ҳизб пешбаригардида раъйи бештари мардумро ба даст овардаанд. Ин дастовардҳои бузургтарини ҳизб дар замони фаъолияташ аст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сохтори комил ва шеваи фаъолияти ба худ хосро доро буда, барнома ва стратегияи давлат меҳвар ва асоси фаъолияти ин ҳизб аст.

Ҳизби Халқии Демократиии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби масъулияти таърихидошта ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ифтихори ватандорӣ ва асолати миллӣ, таъмини ризоияти ҷомеа тавассути ҷалби шаҳрвандон ба ҳалли масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ кўшиш ба харҷ медиҳад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дастовардҳои пешқадами афкори ҷомеаро эҷодкорона татбиқ намуда, манфиатҳои мардумро новобаста аз мавқеи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ ва муносибаташ бо дин дастгирӣ менамояд ва беҳтарин анъанаҳои миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиро эҳё ва ҳифз месозад. Ҳизб ҳама гуна таассуби динӣ, экстремизми сиёсӣ, терроризм ва ифротгароии сиёсиро маҳкум намуда, ба муқобили ин зуҳуроти манфӣ мубориза мебарад.

Он бо мақсади баланд бардоштани некўаҳволии халқ, рушди иқтисод дар заминаи ҳама гуна шакли моликият, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон ва муттаҳидии тамоми қувваҳои солими ҷомеа кўшиш ба харҷ медиҳад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳамаи ҳизбҳои сиёсие, ки дар асоси Конститутсия ва дигар санадҳои қонунгузории кишвар фаъолияташонро ба роҳ мондаанд, ҳамкорӣ дорад.

12/12/2025

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҳунарҳои мардумӣ рушд ёфта, ҳунармандон ва тарроҳон навъҳои зиёди матоъи миллӣ ба хусус атласу адрас ва чакан тайёр мекунанд.

ХАТАРИ ТЕРРОРИЗМ ВА ВАЗИФАИ ҶАВОНОН ДАР ҲИФЗИ СУЛҲУ СУБОТДар шароити ҷаҳони муосир, ки бархӯрдҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гео...
12/12/2025

ХАТАРИ ТЕРРОРИЗМ ВА ВАЗИФАИ ҶАВОНОН ДАР ҲИФЗИ СУЛҲУ СУБОТ
Дар шароити ҷаҳони муосир, ки бархӯрдҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва геостратегӣ рӯз ба рӯз печидатар мегарданд, мушкилоти амниятӣ, хоса хатари терроризм, ба яке аз масъалаҳои калидии ҷомеаи башарӣ табдил ёфтааст. Ҳар рӯз аз гӯшаҳои гуногуни дунё хабарҳои нохуши марбут ба амалҳои террористӣ интишор меёбад, ки ин вожаи «террор» дар шуури мардум тарсу ваҳм эҷод мекунад. Терроризм маънои амале дорад, ки тавассути зӯроварӣ, таҳдид, таркиш ва куштор ҷомеаро ба ваҳшат меоварад; шахсе, ки ин амалҳоро анҷом медиҳад, террорист номида мешавад.
Гурӯҳҳои террористӣ имрӯз дар тамоми манотиқи ҷаҳон фаъолият доранд. Онҳо бо истифода аз имкониятҳои муосири технологӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва иттилоотӣ мекӯшанд фикру зеҳни ҷавононро ба роҳи нодуруст равона созанд. Ҳадафи онҳо халалдор намудани сулҳу субот дар кишварҳо, тарсондани аҳолии осоишта ва ба вуҷуд овардани бесуботии сиёсӣ мебошад. Амалҳои онҳо шаклҳои гуногун доранд: тарконидан, гаравгонгирӣ, ҳамла ба муассисаҳои иҷтимоӣ, ғасби биноҳо ва дигар кирдорҳои ҷинояткорона.
Шабакаи интернет, ки имрӯз барои таҳсил, кор, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва дарёфти маълумоти илмӣ зарур аст, мутаассифона ба майдони фаъолияти гурӯҳҳои ифротӣ низ табдил ёфтааст. Онҳо аксар вақт дар марҳилаи аввал тавассути номҳои сохта ва саҳифаҳои зебо ҷавононро фиреб дода, дар онҳо эътироз, норозигӣ ва нобовариро ба ҷомеа ба вуҷуд меоранд. Минбаъд онҳоро ба ҳодисаҳои хушунатомез ва даҳшатангез даъват мекунанд.
Дар бисёр кишварҳои Шарқи Наздик, ки солҳои охир ба майдони даргириҳо мубаддал шудаанд, набудани субот ва огоҳӣ боис гардид, ки гурӯҳҳои террористӣ майдони фаъолият пайдо кунанд. Имрӯз низ чунин гурӯҳҳо мисли «Давлати исломӣ», «Ал-Қоида», «Толибон» ва дигар ташкилотҳои манъшуда ҳазорон ҷавононро ба доми худ мекашанд. Амалҳои онҳо оқибатҳои сангин доранд: аз даст рафтани ҷони садҳо нафар, харобии хонаю муассисаҳо, таъсири манфӣ ба рӯҳияи ҷомеа ва аз ҳам пошидани сохторҳои давлатӣ.
Тоҷикистони соҳибистиқлол низ аз ин хатар дур набудааст. Солиёни ҷанги шаҳрвандӣ дар аввали солҳои 1990 яке аз дардноктарин саҳифаҳои таърихи навини мо буданд. Гурӯҳҳои ифротӣ дар ин давра бо ҳар роҳу восита мехостанд суботи кишварро халалдор созанд. Вале бо хиради сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сулҳу оромӣ барқарор шуд ва миллати тоҷик бори дигар собит намуд, ки халқи сулҳофар ва тамаддунсоз аст.
Имрӯз Тоҷикистон сиёсати қатъии мубориза бо терроризмро пеш мебарад. Дар кишвар фаъолияти тамоми гурӯҳу созмонҳои террористӣ манъ шудаанд ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолиятҳои онҳоро ҷиддан назорат ва пешгирӣ менамоянд. Ҳадаф ҳифзи сулҳу субот, амнияти шаҳрвандон ва таъмини рушди устувори давлат мебошад.
Аз ин рӯ, мо – ҷавонони даврони истиқлол – бояд ҳамеша зиракии сиёсиро аз даст надода, аз ҳар гуна таблиғоти ифротӣ дур бошем. Ҳар як ҷавон вазифадор аст, ки интернетро бо масъулият истифода барад, дониши динӣ ва дунявии худро баланд бардорад ва барои пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳм гузорад. Маҳз ҷавонони огоҳ, донишманд ва ватандӯст метавонанд пеши роҳи чунин зуҳуроти номатлубро бигиранд.
Савринисо Исмоилова,
устоди ДПДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

12/12/2025
Дар доираи таҷлили рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон як қатор фаъолон ва масъулони ҳизбӣ бо медали ҷашн...
12/12/2025

Дар доираи таҷлили рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон як қатор фаъолон ва масъулони ҳизбӣ бо медали ҷашнии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН     Имрӯз дар толори калони бинои марказ...
12/12/2025

ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз дар толори калони бинои марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба 31-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар ҳамоиш муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдулло, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ ва Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар ширкат ва суханронӣ карданд.
Ҳамзамон дар ҳамоиш аз тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар аъзо ва ҷонибдорони фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун нерӯи сиёсӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ, ваҳдати миллӣ ва пешбурди ҳаёти ҷомеа нақши муассир дорад. Ҳамзамон саҳми арзандаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар созандагиву бунёдкорӣ ва ҳидояти миллат ба сӯи суботи сиёсӣ ва рушд махсус зикр гардид.
Дар идомаи ҳамоиш барномаи рангини фарҳангӣ манзури иштирокчиён гардонида шуд, бо ҳамин ҳамоиш бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар фазои тантанавӣ ба анҷом расид.

МИЗИ МУДАВВАР: ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН – АРЗИШИ ОЛӢДар асоси дастури Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назд...
12/12/2025

МИЗИ МУДАВВАР: ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН – АРЗИШИ ОЛӢ

Дар асоси дастури Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 10 декабри соли 2025 дар Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мизи мудаввар таҳти унвони «Ҳуқуқу озодиҳои инсон – арзиши олӣ» баргузор гардид.
Чорабиниро муовини директор оид ба тарбия Муталиб Маҳмудзода ифтитоҳ намуда, Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсонро яке аз санаҳои муҳими ҷаҳонӣ дар рушди фарҳанги ҳуқуқӣ унвон кард. Ӯ таъкид намуд, ки посдорӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон яке аз рукнҳои асосии сиёсати давлатӣ буда, ин фарҳанг бояд пеш аз ҳама миёни насли ҷавон тақвият ёбад. Маҳз ҳамин арзишҳо, ба таъкиди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Конститутсияи кишвар ба таври возеҳ ва мукаммал ифода ёфтаанд: «Маҳз ба шарофати Конститутсия рукнҳои давлатдорӣ, низоми ҳуқуқии мамлакат, волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ пойдор гардида, давлати мо ба роҳи рушди устувор қадамҳои боэътимод гузошт».
Зикр гардид, ки қабули якдилонаи Конститутсия аз ҷониби мардуми Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар вазъияти бисёр ҳассосу масъулиятнок далели равшани пуштибонии ҷомеа аз сиёсати давлатдорӣ буд. Ин воқеаи таърихӣ нишон дод, ки халқи тоҷик дорои ҳисси баланди худшиносиву ватандӯстӣ буда, ҳамеша ҷонибдори созандагӣ ва бунёдкорӣ мебошад.
Дар суханрониҳо таъкид шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодаи манфиатҳои миллӣ, арзишҳои фарҳангиву маънавӣ, анъана ва ормонҳои наслҳои гузашта, имрӯза ва ояндаи миллати тоҷик буда, поягузори сохтори устувори давлатдорист. Дар ин санади олии ҳуқуқӣ тамомияти арзӣ, шакли идораи кишвар, моҳияти демократӣ, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқбунёдии давлат ҳамчун меъёри тағйирнопазир муайян гардидааст.
Баъдан ҳуқуқшиноси коллеҷ Саидаҳмад Ҳақбердиев ва омӯзгори кафедраи таърих ва ҷомеашиносӣ Фарзона Мирзоева вобаста ба моҳияти Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон, асосҳои ҳуқуқу озодиҳои конститутсионӣ, кафолатҳои татбиқи онҳо ва нақши шаҳрвандон дар ҷомеаи демократӣ маърӯзаҳои пурмазмун ироа карданд.
Маърӯзакунандагон таъкид намуданд, ки риоя ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон яке аз самтҳои калидии сиёсати ҳуқуқбунёди кишвар мебошад. Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун, фарҳанги баланди ҳуқуқӣ, худогоҳии миллӣ ва инсондӯстӣ аз омилҳои муҳими таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии қонуншиканӣ ва рушди ҷомеаи солим ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон, доир ба сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистон ибрози назар карда шуда, зикр гардид, ки тибқи муқаррароти Конститутсия кишвари мо сиёсати сулҳҷӯёна ва ҳамкориро бо ҷомеаи байналмилалӣ пеш бурда, истиқлолу соҳибихтиёрии дигар давлатҳоро эҳтиром менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ ба роҳ монда, барои ташаккули ҷомеаи шаҳрвандии озод, гуногунандешӣ ва иштироки фаъоли шаҳрвандон дар идораи давлат шароити мусоид фароҳам овардааст.
Дар анҷом миёни иштирокчиён муҳокима, саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор сурат гирифт. Зикр шуд, ки баргузории чунин мизи мудавварҳо ба таҳкими маърифати ҳуқуқии донишҷӯён, боло бурдани масъулияти шаҳрвандӣ ва арҷгузории насли ҷавон ба Конститутсия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон мусоидати назаррас менамояд.

12/12/2025

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар раванди басо мушкилу мураккаби хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, вусъат бахшидани музокироти сулҳ ва таҳкими оромиву суботи ҷомеа нақши босазои худро гузошт.
Эмомалӣ Раҳмон

12/12/2025

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ бо диду назари нав ба саҳнаи сиёсат омад ва дар муддати начандон тӯлонӣ дар ҷомеа нуфузу ҷойгоҳи арзандаро соҳиб гашта, аз оғози таъсисёбии худ то имрӯз дар пешрафти кишвари азизамон нақши сазовор гузошта истодааст.
Эмомалӣ Раҳмон

12/12/2025

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ бо диду назари нав ба саҳнаи сиёсат омад ва дар муддати начандон тӯлонӣ дар ҷомеа нуфузу ҷойгоҳи арзандаро соҳиб гашта, аз оғози таъсисёбии худ то имрӯз дар пешрафти кишвари азизамон нақши сазовор гузошта истодааст.
Эмомалӣ Раҳмон

12/12/2025

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун неруи пешбаранда дар рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар низ нақши калидӣ дошта, фаъолияти он дар татбиқи стратегияву барномаҳои давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум возеҳ эҳсос мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон

АКСИЯИ ВИЛОЯТӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН  ТАҲТИ УНВОНИ «ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶ...
12/12/2025

АКСИЯИ ВИЛОЯТӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ТАҲТИ УНВОНИ «ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН – ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР»
Санаи 8-уми декабри соли равон дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба ифтихори солгарди Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аксияи вилоятӣ таҳти унвони «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – ҳизби созандаву бунёдкор» доир гардид, ки дар он аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар вилоят фаъолона ширкат намуданд.
Дар раванди аксияи мазкур кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» кормандони муассисаву идораҳо, меҳмонон ва иштирокчиёни чорабинии тантанавиро ба ифтихори Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон самимона табрик намуда, ба онҳо нишонҳои сарисинагии ҳизбӣ тақдим карданд. Ин иқдом бо мақсади арҷгузорӣ ба фаъолияти содиқонаи аъзову ҷонибдорон ва таҳкиму тақвияти ҳувияти ҳизбӣ амалӣ шуд.
Шоистаи зикр аст, ки дар рӯзҳои 3–8 декабри соли 2025 аксияи мазкур бо иштироки кормандон ва ҷалби фаъолони ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд пайгирона роҳандозӣ гардида, фазои идона ва эҳсоси баланди ифтихори ҳизбиро миёни аъзо ва ҷонибодорон бештар тақвият бахшид.

Маросими гулгузории сарони давлатҳои иштирокдори Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод дар назди муҷассамаи Бетарафии Тур...
12/12/2025

Маросими гулгузории сарони давлатҳои иштирокдори Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод дар назди муҷассамаи Бетарафии Туркманистон дар Ашхобод
Церемония возложения венков главами государств, участвующими в Международном форуме мира и доверия, к мемориалу нейтралитету Туркменистана в Ашхабаде
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #Тоҷикистон #Таджикистан #Президент #Тоҷикон #Таджики #Туркманистон #Туркменистан

Address

Khujand

Opening Hours

Monday 08:00 - 17:00
Tuesday 08:00 - 17:00
Wednesday 08:00 - 17:00
Thursday 08:00 - 17:00
Friday 08:00 - 17:00
Saturday 08:00 - 12:00

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Share