payom.tv

payom.tv Kontaktinformationen, Karte und Wegbeschreibungen, Kontaktformulare, Öffnungszeiten, Dienstleistungen, Bewertungen, Fotos, Videos und Ankündigungen von payom.tv, Medien, Vienna.

Mасъалаи гаронии сӯзишвории авиатсионӣ дар Тоҷикистон танҳо мушкили иқтисодӣ нест, балки нишонаи равшани сохтори ношаффо...
22/08/2025

Mасъалаи гаронии сӯзишвории авиатсионӣ дар Тоҷикистон танҳо мушкили иқтисодӣ нест, балки нишонаи равшани сохтори ношаффоф ва фасодзадаи иқтисодии кишвар аст. То замоне, ки бозор аз дасти монополия ва гурӯҳҳои наздик ба қудрат озод нашавад, на нархи билетҳо поин меравад ва на имкони ҳамгироии иқтисодии Тоҷикистон бо ҷаҳон фароҳам мешавад. Ин масъала бояд аз сатҳи баҳси дипломатӣ ба сатҳи мубоҳисаи ҷиддии дохилӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бардошта шавад, зеро он на танҳо ба манфиати ширкатҳои ҳавопаймоӣ, балки ба манфиати умумии миллат рабт дорад. Ақалан бо хештегҳо бо талаби арзон кардани нархи билети ҳавопаймоӣ бо иштироки истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоъӣ дар шабакаҳои иҷтимоъӣ флешмобҳо бояд ташкил шавад. Вагарна, ин ҳоли хомушии мову мурдаҳои садсола яксон аст.

Дар рӯзҳои охир Сафири Туркия дар Тоҷикистон, Умут Аҷар (Umut...

Талаби 8 созмони байналмилалӣ: Қатъи саркӯби помириҳо ва ҳимоят аз шикояти ҲНИТ дар Гаага
12/08/2025

Талаби 8 созмони байналмилалӣ: Қатъи саркӯби помириҳо ва ҳимоят аз шикояти ҲНИТ дар Гаага

Ҳашт созмони бонуфузи байналмилалӣ хостори ҳамкории кишварҳои узви СММ дар...

Талаби 8 созмони байналмилалӣ: Қатъи саркӯби помириҳо ва ҳимоят аз шикояти ҲНИТ дар ГААГА
12/08/2025

Талаби 8 созмони байналмилалӣ: Қатъи саркӯби помириҳо ва ҳимоят аз шикояти ҲНИТ дар ГААГА

Ҳашт созмони бонуфузи байналмилалӣ хостори ҳамкории кишварҳои узви СММ дар...

28/07/2025

Боз аз барқ мегуем. Дар дили Тобистон дар Тоҷикистон айни...

Тоҷикистон ё Зиндонистон?Дар вебсайти Радиои Озодӣ хондам, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон зиёда аз 15 ҳазор маҳбус адои ҷаз...
17/07/2025

Тоҷикистон ё Зиндонистон?
Дар вебсайти Радиои Озодӣ хондам, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон зиёда аз 15 ҳазор маҳбус адои ҷазо мекунанд. Ин оморро дар гузориши ахири худ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон додааст.
Бино ба маълумоти расонаишуда дар бораи теъдоди маҳбусон дар моҳи январи соли 2024, ки 13,5 ҳазор кас гуфта мешуд, инак ин шумор 1,5 ҳазор зиёд шудааст.
Нашри омори расмӣ дар бораи расидани шумораи маҳбусон дар зиндонҳои Тоҷикистон ба зиёда аз 15 ҳазор нафар, на танҳо як омор, балки як оинаест, ки вазъи ҳуқуқи инсон, “адолати судӣ” ва сиёсати давлатро равшан бозтоб мекунад. Ин рақам, ки тибқи гузориши ахири Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар соли 2024 нашр шудааст, далели равшани он аст, ки Тоҷикистон беш аз ҳарвақта ба як ҷомеаи пӯшида табдил меёбад ва дорад зиндонистон мешавад.
Чунин афзоиши босуръати шумораи маҳбусон дар як кишвари хурд бо аҳолии тақрибан 10 миллион, нишон медиҳад, ки давлат ба ҷойи ислоҳ, музокира ва мубодилаи афкор ва таъмини қонунмандӣ, бештар ба сархамсозии ҷомеа бо роҳи зӯр, тарс ва маҳдудсозии озодиҳо рӯ овардааст. Ҳама аҳли фикр, ҳамонҳое, ки наметавонанд афкору андешаи худро даруни худ зиндон кунанд, худ зиндонӣ хоҳанд шуд ва ҳамин соҳибандешаву соҳибилмон ҳастанд, ки рақиби аслии режим дониста мешаванд. Агар инҳо ба зиндон афканда нашавванд ва даҳондухта набошанд, аҳли сифлаи дар қудратбуда, дар бақои қудрати худ эҳсоси таҳдид мекунанд. Чун ҳатто дар минбаре, дар гуфтани як ҷумлаи бенуқс ранҷ мекашанд. Инаст, ки бояд дар Тоҷикистон кару куру гунг бошӣ ва фаротар аз ин ҷоят зиндон аст. Шиорат ҳам бояд ин бошад: “Сари хамро шамшер намебурад ва даҳони баста сад тилло.”
Мисли ин ки аз хокистар лахчапорае ҷаҳида бошад, намояндаи расмии ҳукумат, Ваколатдори ҳуқуқи инсон, ҷуръат намуда, эътироф мекунад, ки якчанд муассисаи ислоҳӣ «аз меъёр зиёд» маҳбус нигоҳ медоранд. Ин иқрор, ҳарчанд зери бори чанд истиҳолаву эҳтиёткорӣ гуфта шудааст, худ баёнгари вазъест, ки солҳои тӯлонӣ аз сӯи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ садо дода, вале аз тарафи ҳукумат рад мешуд.
Ҳа, рад мекарданд. “Гузоришҳои Созмонҳои байналмилалӣ аз рӯи оморҳои ғайрирасмӣ ва ҳаракатҳои опозитсионӣ гирифта шудааст ва нодуруст аст” мегуфтанд.
Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар моҳи апрели соли 2024 «зиёд будани зиндониён дар Тоҷикистон»-ро «мушкилоти ҷиддӣ» хонда буд. Вокуниши ниҳодҳои хориҷӣ ва дохилӣ, нишон медиҳад, ки вазъ аз ҳади бад гуфтан ҳам гузаштааст. Гуфти русҳо «хуже не бывает».
Чунин вазъ ба таври амиқ бо сиёсатҳои умумии давлат алоқаманд аст. Солиёни охир, зиндон кардану тарс додани мардум василаи сиёсат шудаанд. Афроди мухолиф, журналистон, рӯҳониёни мустақил, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳатто муътаризони оддӣ бо баҳонаҳои сохта пушти панҷара меафтанд. Ин ҳам ба дарак, ниме аз зиндониёни Тоҷикистон аҳли “лайк” дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳастанд. Ҳарчанд худи раисмҷумҳур иқрор кард, ки аксари онҳо бегуноҳ пушти панҷараи зиндон шудаанд, то ҳол хабаре нашунидем, ки касе аз аҳли “лайк” озод шуда бошад.
Ингуна саркӯбгарӣ нишон медиҳад, ки қонун дар Тоҷикистон на омили адолат, балки силоҳи ҳифзи як низоми худкома, золиму мустабид гардидааст.
Дар чунин шароит, гуфтан аз ислоҳот ва ҳифзи ҳуқуқи инсон як навъ зери по кардани арзишҳои башарӣ ва масхара аст. Ин режим бо ҳар васила мекӯшад, ки фазои тарсро ҳифз кунад ва агар барои он лозим бошад, садҳо ва ҳазорҳо нафарро равонаи зиндон мекунад. Барои давлате мисли режими Тоҷикистон, ки бар пояи зӯр ва гунг сохтани миллат устувор шудааст, зиндон на макони ислоҳи ҷинояткорони воқеъӣ, балки ватани касонест, ки аз шарофату каромати инсонии худ дарак додаанд.
Бино ба гузориши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, беш аз 15 ҳазор маҳбус ташхиси вируси норасоии масъунияти бадан (ВНМО) гузарондаанд, ва 30 нафари онҳо гирифтори ин беморӣ муайян шудаанд. Агар чунин ташхисҳо дар шароити беҳдоштии кофӣ ва нигоҳубини тиббӣ сурат намегиранд, пас метавонад фоҷиаи башариро дар ин зиндонҳо ба вуҷуд оварад. Аммо ин гуна паёмадҳо барои давлат муҳим нестанд, зеро барои ин режим танҳо нафарони гунгу кар лозим аст. Мебояд дар Тоҷикистон мисли суннати хатнаи мардон, боз як суннати дигар ҷорӣ кард ва баробари таваллуд, бояд ниме аз забонашонро буррид, то забон накушоянд ва то зиндаанд, ҳарфе нагуянд.
Бубинед, дар замоне, ки кишварҳои мутамаддин агар бо кам кардани теъдоди зиндониён ва холӣ кардани зиндонҳо фахр кунанд ва инро нишонаи баланд шудани маърифат ва маданияти шаҳрвандонашон донанд, теъдоди зиндониён дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст. Зеро, сиёсат дар ин кишвар ба ҷойи табодули фикр ва имкони рақобати қонунии аҳзоб, танҳо бо роҳи таҳқир, боздошт, зиндон ва маҳви аҳли андеша пеш бурда мешавад. Ёбу гир, ки мо дар куҷоем?
Бинобар, то замоне ки додгоҳҳо вобастаи иҷроия мемонанд ва ҳукмҳо ба фармони шахси “ҷаноби вай” содир мешаванд, метавонем бо итминон бигӯем, ки Тоҷикистон ҳаминхел Зиндонистон боқӣ мемонад.
Ҳаминро ногуфта намонам, ки ин нишонаи воқеъии нокомии режим аст, ки рӯз ба рӯз зиндонҳо пур мешаванд ва ба ҷойи кам шудан сатҳи “ҷинояткорӣ” меафзояд. Дар кишваре, ки ба ҷойи кам шудан теъдоди зиндонияш меафзояд, дар он ниҳодҳои қудратӣ ва иҷроия аҳли барзаханд. Мурдаанду худашон бехабар. Вагарна, нишони фаъолияти онҳо, пешрафт ва болоравии маданияту маърифати аҳли як кишвар инаст, ки дар он сатҳи ҷинояткорӣ сол ба сол кам мешавад ва ба ҷойи ҳар чанд соле як зиндон сохтан, зиндон холӣ мекунад ва онро ба коргоҳу корхона ва мактабу донишгоҳ табдил медиҳад.
Инаст, ки дар Тоҷикистон аҳли ҷиноят ҳукмронӣ мекунанд ва ҳамаро дар кеши хеш мебинанд. То замоне ки чунин сиёсат ҳукмфармост, на озодӣ ҳаст, на оромӣ, на субот. Ҳамин тавр тоҷикистоние, ки гунг будан наметавонад, то замоне, ки хулосааш ин нашавад, ки мисли мардуми кишварҳои дигар ӯ ҳам инсон аст ва барои ҳамчун инсон зистан бояд мубориза бурд, то рӯзи зиндонӣ ва ё кушта шуданаш, сар ба гурез, дар ба дар, хок ба сар, хонааш дар пушторааш мегардад.
Шавкати Муҳаммад

Дар вебсайти Радиои Озодӣ хондам, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон зиёда...

40% барқ дар Тоҷикистон «потерия» мешудаастВазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, Далер Ҷума дар ҷаласаи рӯзи 14...
16/07/2025

40% барқ дар Тоҷикистон «потерия» мешудааст

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, Далер Ҷума дар ҷаласаи рӯзи 14 июл, ки барои ҷамъбасти кори ширкати «Шабакаҳои тақсимоти барқ» баргузор шуд, изҳор дошт, ки фаъолияти ин ширкат дар шаш моҳи аввали соли 2025 натиҷаҳои қаноатбахш надоштааст. Ӯ ба масъулон супориш дод, то камбудиҳои ошкоршударо бартараф намуда, самаранокии корро боло баранд.

Ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорат, дар ин ҷаласа таъкид шуд, ки бояд талафоти нерӯи барқ коҳиш ёбад, ҳолатҳои ҳисоботи бардурӯғ барҳам дода шавад, масъулияти кормандон боло равад, сифати хизматрасонӣ беҳтар гардад ва инчунин корҳои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони 2025–2026 суръат гирад.

Дар ҷаласа гуфта шуд, ки сатҳи талафоти нерӯи барқ дар кишвар ҳамоно баланд боқӣ мемонад. Ҳисоботи расмӣ нишон медиҳад, ки соли гузашта талафоти техникии барқ дар иншооти истеҳсолӣ 0,42%, дар хатҳои баландшиддат ва зеристгоҳҳо 3,31%-ро ташкил додааст. Аммо бештар нигаронӣ аз талафоти тиҷоратӣ вуҷуд дорад, ки ба дуздӣ ва истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ марбут аст. Дар соли 2024 сатҳи расман сабтшудаи чунин талафот дар ширкати «Шабакаҳои тақсимоти барқ» 21,6%-ро ташкил додааст. Яъне,тибқи иқрори худи Вазорати Энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон 25,33% барқ дар роҳ, то расидан ба истеъмолкунанда “потерия” мешавад.

Ҳамагӣ ду рӯз пеш мо дар бораи «дуздии замонавӣ» бо баҳонаи таъсиси ҳисоби кафолатӣ (эскроу) ва «потерия»-и барқ гуфта будем, ки чӣ гуна дар Тоҷикистон қариб нисфи барқ ҳангоми интиқол «гум мешавад».

Акнун мебинем, ки худи вазири энергетика, Далер Ҷума мегӯяд: «Зарур аст, ки талафоти барқ кам шавад, ҳисоботи бардурӯғ қатъ гардад ва масъулият боло равад». Чӣ хел то ду рӯз пеш ҳамин масъала муҳим набуд, ҳоло бошад ногаҳон «масъалаи аввалдараҷа» шуд? Шояд матлабе, ки мо бо ифшои қаллобияшон нашр кардем, ба гӯши онҳо расидааст ва хостанд, ҳадди ақал нишон диҳанд, ки “ғамашро хурда истодаанд”

Мақомот ҳамарӯза дар минбарҳо аз камбудиҳо ҳарф мезананд, вазирон мисли “мусичаи бегуноҳ” аз ҳама гирудорҳо гуё “бехабаранд” ва норозигӣ баён мекунанд ва ба роҳбарон супориш медиҳанд, ки «талафотро кам кунанд, ҳисоботи бардурӯғро барҳам диҳанд, масъулиятро боло баранд ва сифатро беҳтар созанд». Ҳамин қадар ин ҳарфҳои такрорӣ ба дил задаанд, ки…

Супориши хушку холӣ додан, ки аксарияташ берун аз ҳамон утоқҳо намебарояд ва бо эҳтимоли зиёд супоришҳои аслӣ дигар аст, магар масъалаҳоро ҳал мекунад? Чаро аз он маблағҳои бузурге, ки барои «модернизатсия» ва «рақамикунонӣ» аз тарафи Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд ва дигарон ҷудо шуданд, то ҳол натиҷаи намоён дида намешавад? Чаро назорати воқеӣ нест, то ин пулҳо сарфи ислоҳи шабакаҳои фарсуда шаванд, на барои ҳисобҳои пуфшуда ва тарҳҳои коғазӣ?

Ҳоло расман мегӯянд, талафоти умумии барқ зиёда аз 25 дарсад аст, ки ин маънояш ҳар чорум киловатт «дар роҳ гум мешавад». Ҳисоботи расмӣ ҳатто «мутақоид» кардан мехоҳад, ки дар иншооти истеҳсолӣ танҳо 0,4% талафот будааст ва дар хатҳои баландшиддат 3,3%. Аммо ин рақамҳо тавони рӯйпӯш кардани воқеиятро надоранд ва асосан ин шабакаҳои дохилии тақсимот ва нуқтаҳои маҳаллии пайвастшавӣ ҳастанд, ки ҷойи фасод, ҳисобҳои дугона ва истеъмоли ғайриқонунӣ мебошанд.

Худи ширкати «Шабакаҳои тақсимоти барқ» эътироф кард, ки сатҳи талафоти тиҷоратӣ, яъне дуздӣ ва истеъмоли ғайриқонунӣ ба 21,6% расидааст. Аммо, вақте дар ин бора як мутахассиси соҳаро пурсидам, гуфт, ки «ба эҳтимоли зиёд, гумшавии барқ дар Тоҷикистон, дар асл аз 40% ҳам зиёд аст ва ин воситаи асосии пул ба даст овардани роҳбарони сатҳи болоист.»

Пас куҷоянд парвандаҳои ҷиноятӣ? Магар чунин рақамҳои даҳшатбор кофӣ нестанд, то роҳбарон, мудирони филиалҳо ва ҳатто ақалан ҳамон «тимҳои кисагӣ»-и вобаста ба онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шаванд?

Аз мардум бошад, бо таҳдиди қатъ кардани нерӯи барқ ҳатто барои 10 сомонӣ қарз талаб мекунанд пули барқро сари вақт пардохт кунанд. Дар асл аз ҳисоби ҳамин аҳолӣ хисороти “барқи гумшуда”-ро мепӯшонанд, ки ба воситаи роҳҳои пинҳонӣ ва системаи фасодзада «гум» мешавад. Ширкат бошад ба сабаби ин талафот тарифҳоро боло мебарад ва мегӯяд, ки Бонки Ҷаҳонӣ тавсия дод. Дар Душанбе ва дигар шаҳрҳо, ки филиалҳои калонтарини ҳамин ширкат ҳастанд, солҳост шахсони вобаста ба роҳбарон, «муҳандисони махсус» ва гурӯҳҳои маҳаллӣ ҳамеша дар тендерҳо пирӯз мешаванд, корҳои таъмирро ба хешу табор медиҳанд ва фоидаи калонро ба ҷайби худ мерезанд.

Вақте вазир боз таъкид мекунад, ки «системаи рақамӣ ҷорӣ мекунем», ҳайрон мешавӣ, ки инҳо бо куҷояшон фикр мекунанд. Охир ту 40% барқи истеҳсолшударо “потерия” кардӣ, яъне ба таври замонавӣ дуздидӣ ва агар ҳиссе ба ту ҳам расида бошад, бо ҷанобат тақсим кардӣ. Онро кадом “системаи рақамӣ” ҳисоб мекунад?

Дар ҳамин кишвар, ки аксарият дар зимистон ва ҳатто тобистон ҳам бо маҳдудияти барқ зиндагӣ мекунад, оё беҳтар нест, аввал тамоми ноқилҳои фарсударо нав кунанд, зеристгоҳҳои куҳнаро бо техникаи муосир иваз кунанд ва баъд барои ҷараёни пул «системаи шаффоф» созанд?

Агар ҳамин гуна ҷиддӣ омодаед, ки шаффофият биёред, пас чаро номи ҳамаи он ширкатҳое, ки ба воситаи ҳисоботи дурӯғ талафоти зиёди барқро пинҳон мекунанд ва ё барқро медузданд, расман ошкор намекунед? Чаро то ҳол як қатор парвандаҳои калон алайҳи фасодкорони соҳаи энергетика эълон нашудааст? Барои он ки онҳо “тими кисагӣ”-и шумоянд. Барои Шумо медузданд!

Имрӯз бо таблиғи пурҳайбат ва воҳима дар бораи «нақшаи стратегии давлат барои муосирсозии энергетика» гап мезанед. Шояд ин танҳо ниқобе бошад, то ҷараёни дохилии пулҳоро идора карданатон боз ҳам осонтар шавад. Вақте механизми иттилоърасонии оммавӣ нест, ҳисоботи мустақил нест, мониторинги ҷомеаи шаҳрвандӣ вуҷуд надорад. Пас барои кӣ ва ба нафъи кӣ ин ҳама?

Агар рост мегӯед, ки ин кор барои мардум аст, бигзор шартҳои возеҳи назорати ҷамъиятӣ ва санҷиши мустақили молиявӣ дар қонун дарҷ шавад, бигзор ВАО ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ ҳар моҳ ҳисоботи ин ҳисобро бубинанд. Бигзор ҳар як сомонӣ, ки ба ин ҳисоб медарояд, дар сайтҳои расмӣ бо рақам ва сарчашмаи аниқ нашр шавад. Танҳо он вақт мардум ҳам мебинад, ки барқ на ба қасрҳои гарон ва мошинҳои боҳашамат табдил мешавад, балки воқеан ба таҷдиди хатҳои барқӣ меравад.

Вагарна ҳамаи ин талошҳои зоҳирӣ ҳамон дуздии замонавӣ аст, ки зери он садҳо миллион доллари қарз ва грантҳо мисли ҳамеша бенишон мешаванд ва мардум боз ҳам шабона бо шамъ хоҳад нишаст, то ки на фақат аз набудани барқ, балки аз торику норушан будани ояндаи Тоҷикистон низ ба ваҳшат оянду хонаи дари худ ва кишварро тарк кунанд.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, Далер Ҷума дар ҷаласаи...

-ҲАР КАС ДАР БАРНОМА ҲАҚ ДОРАД, ОЗОДОНА ФИКРУ НАЗАРИ ХУДРО ИБРОЗ НАМОЯД-БО РИОЯИ ОДОБ БАҲС КУНАД****Барои ворид шудан ба...
15/07/2025

-ҲАР КАС ДАР БАРНОМА ҲАҚ ДОРАД, ОЗОДОНА ФИКРУ НАЗАРИ ХУДРО ИБРОЗ НАМОЯД
-БО РИОЯИ ОДОБ БАҲС КУНАД
****
Барои ворид шудан ба студия ва суханронию баҳс ба ин линк ангушт занед: 👇

https://streamyard.com/m5k6wgt7a3

Барои тамошо линк ин аст 👇
https://www.youtube.com/watch?v=CrykN6P0tYA

-ҲАР КАС ДАР БАРНОМА ҲАҚ ДОРАД, ОЗОДОНА ФИКРУ НАЗАРИ ХУДРО ИБРОЗ НАМОЯД-БО РИОЯИ ОДОБ БАҲС КУНАД****Барои ворид шудан ба студия ва суханронию баҳс ба ин линк...

Adresse

Vienna

Benachrichtigungen

Lassen Sie sich von uns eine E-Mail senden und seien Sie der erste der Neuigkeiten und Aktionen von payom.tv erfährt. Ihre E-Mail-Adresse wird nicht für andere Zwecke verwendet und Sie können sich jederzeit abmelden.

Service Kontaktieren

Nachricht an payom.tv senden:

Teilen

Kategorie