07/10/2026
Волидон барои дафтару ручка надоштан ва дарсгурезии фарзандонашон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд?
Тӯли чанд ҳафта дар шабакаҳои интернетӣ баҳси як модар бо омӯзгоре, ки барои дафтар ва ручка надоштанаш талабаро сарзаниш мекард, чарх зад. Мехоҳам донам, ки оё худи падару модарон барои бе тайёрӣ ва бе лавозимоти мактабӣ ба дарс рафтан ё дарсгурезии кӯдаконашон ягон масъулият доранд ё не?
Посух: Барои он ки кӯдак бе дафтар, бе ручка ё бе тайёрӣ ба дарс рафт, қонун нисбати падару модар ягон ҷаримаи маъмурӣ пешбинӣ намекунад.
Ин масъалаи тартиботи дохилии мактаб аст, ки байни муаллим, кӯдак ва оила ҳал мешавад, вале ин ҳуқуқвайронкунӣ нест.
Аммо кӯдак бе сабаби узрнок дар як чоряки соли таҳсил зиёда аз 50 соат ба дарс наравад, дар ин ҳолат нисбати падару модар барои таъмин накардани таҳсили фарзанд ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷарима таъин мегардад.
[05.10.2026 15:58] Firuza Sattori: Қонун падару модарро на барои лавозимоти хурд, балки барои таъмин накардани таҳсили фарзанд масъул медонад. Ва ин, пеш аз ҳама, ба хотири ояндаи дурахшони худи кӯдак аст.