Фараж - Farazh

Ин дар охири солҳои ҳафтодуми асри гузашта буд. Мо он вақт дар як шаҳраки хурди коргарон дар шимоли Тоҷикистон дар назди...
14/05/2025

Ин дар охири солҳои ҳафтодуми асри гузашта буд. Мо он вақт дар як шаҳраки хурди коргарон дар шимоли Тоҷикистон дар наздикии марз бо Ӯзбекистон зиндагӣ мекардем. Он натанҳо тоҷикон ва ӯзбекҳо, тавре мо одатан дар деҳотамон дорем, балки асосан коргарон ва оилаҳои онҳо, ки аз тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ кӯчидаанд, иқомат доштанд. Деҳа дар назди корхонаи равғанбарорӣ буд, ки мутахассисонро аз гӯшаҳои гуногуни он замон кишвари бузурги мо ба он даъват карда оварда буданд.

Ба наздикӣ 9 май, иди Ғалаба аст. Телевизион ва радио, рӯзномаҳо, лентаи вебсайтҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо мақолаҳо, сюжетҳои хабарӣ ва филмҳо дар бораи ҳает ва қаҳра...

Ногоҳ асои дасти рафиқам як лағжиду ба ман бархӯрда аз по афтодем… Мавҷи хандаи ҷавонон осомонкаф шуд… Сару садои онҳо а...
14/05/2025

Ногоҳ асои дасти рафиқам як лағжиду ба ман бархӯрда аз по афтодем… Мавҷи хандаи ҷавонон осомонкаф шуд… Сару садои онҳо афзуд…

-Ҳе бобоҳое, миёна мустаҳкам кунед чӣ мешавад? Худро рост нигоҳ доред-е!

-Шон боз як қатор медалу орденро ба бар кардаанд, ақаллан онҳоро ҷойе гузоред, ки каме сабук шавед!

-Ягон фашистро дида бошанд ё танҳо ба майдон пас аз муҳориба медаромадед?

-Бобо Шумо зӯред ё Рембо? Гитлерро кадоматон бӯғӣ карда будед?!

-О, бой медодед намешуд, ки имрӯзҳо ба Германия мардикорӣ осон рафта меомадем, пивои бавариро фаровон менӯшидем…

(Дар ҳавои трагеопамфлет) Ба онҳо ман ҳам ҳасад мебарам, оре, хеле хушбахтанд, ҳама гулдухтарон ҷавону зебо, ҳама гулписарон ҷавону ҳузарб! Чӣ тавр? Охир худам мушоҳи...

Касбу кори ман деҳқонӣ буда, ҳафт пушти гузаштагонам ва фарзандонам ҳам маҳз аз пушти замин нон хӯрдаем. Маҳз аз тинҷиву...
14/05/2025

Касбу кори ман деҳқонӣ буда, ҳафт пушти гузаштагонам ва фарзандонам ҳам маҳз аз пушти замин нон хӯрдаем. Маҳз аз тинҷиву осоиштагӣ ва дурии деҳоти мо аз марказҳои маъмурии вилоят ва пойтахти азизамон шаҳри Душанбе, баъзе аз ҳаннотону қаллобон сӯиистифода намуда, ба талаву тороҷи бойигарии асосии миллату давлат “замин” даст зада, бо тамоми роҳу усулҳои бо худашон хос, мехоҳанд дар сояи давлату савлат бойигарӣ ҷамоварӣ намоянд, яъне онҳо чун “Қорун” ҳато аз хурдтарин мансабҳои давлатӣ, ки ба онҳо бовар карда супоридаанд, сӯистифода намуда, мехоҳанд ин курсиҳоро чун курсиҳои тӯҳфашуда истифода намоянд.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Нусха: Ба Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Воҳидзода Ҳа...

Дар футболи миллӣ ӯ аз камтарин нафаронест, ки беш аз сӣ сол собиқа дорад. На чун бозингар, балки чун муҳофизи ҷонсупори...
14/05/2025

Дар футболи миллӣ ӯ аз камтарин нафаронест, ки беш аз сӣ сол собиқа дорад. На чун бозингар, балки чун муҳофизи ҷонсупори солимии футболбозон. Тули ин муддати мадид тамоми донишу таҷриба баҳри он сарф кардаву мекунад, ки ба пои ягон нафари аъзои дастаҳои мунтахаби ҷумҳурӣ ва “Истиқлол”-и Душанбе “хори беморӣ нахалад”. Ва муваффақ аст дар ҷодаю чун исботи фикр метавон зикр кард, ки дар тибби футбол ӯ нахустин шуда сазовори медали тиллои президенти Конфедератсяи футболи Осиё гашт. Зимни суҳбате, ки доштем, доктор Фаррух Авезов тафсилоти натанҳо ин воқеаи сурурбахшро ҳикоят кард.

Муҳовара бо духтури мунтахаби миллӣ ва тими “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе Фаррух АВЕЗОВ Дар футболи миллӣ ӯ аз камтарин нафаронест, ки беш аз сӣ сол собиқа дорад. На ч...

Сабаби ба ҷои кор таъмин нашудани хатмкунандаҳои литсейҳои касбӣ.Шукруллозода Зикрулло соли 2024 Литсейи касбии техникии...
30/03/2025

Сабаби ба ҷои кор таъмин нашудани хатмкунандаҳои литсейҳои касбӣ.

Шукруллозода Зикрулло соли 2024 Литсейи касбии техникии шаҳри Хуҷандро аз рӯи ихтисоси “Мутахассис оид ба таъмири муҳаррики автомобил” (маторист) хатм кардааст. Ӯ баъди хатми муассиса барои ҷустуҷӯи кор дари чанд корхонаро кӯфт, вале кор наёфт. Билохира ба муҳоҷират рафт.

“Аз рӯи ихтисос кор ёфтам, вале маош кам буд. Аз 1300 то 1600 сомонӣ маош пешниҳод шуд. Бо ин маблағ зиндагиро пеш бурда намешавад. Бинобар ин ба Русия омадам, ҳозир дар сохтмон кор мекунам ва пули хуб ба даст меорам” – гуфт Зикрулло Шукруллозода дар суҳбат бо мо.

Манучеҳр Сатторов, қаҳрамони дигари мо соли 2021 Литсейи касбӣ-техникии шаҳри Турсунзода аз рӯи ихтисоси харрот (механик) хатм кард, вале ба Русия ба муҳоҷират рафт. Ӯ гуфт, шароити хонаводагӣ маҷбур кард, ба муҳоҷирати меҳнатӣ равад ва ҳамин тариқ, натавонист аз рӯи ихтисоси худ барои дарёфти ҷои кор ба ҷое муроҷиат кунад.

“Танҳо баъди хатми литсей фаҳмидам, ки харрот будан бароям ояндасоз нест. Бино бар ин роҳи муҳоҷиратро пеш гирифтам” – нақл кард ҳамсуҳбати мо.

Вай дар Русия ба корҳои гуногун, аз қабили таъмири хона, кор дар ширкати таксӣ, дӯзандагӣ кор кард. Ҳоло ба Тоҷикистон баргашта, бо мошини худ ба мусофиркашонӣ машғул аст.

Зикрулло ва Манучеҳр ягона хатмкунандае нестанд, ки пас аз хатми литсей аз рӯи ихтисоси худ ҷои кор пайдо накарданд. Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ гуфтааст, ки соли 2024 аз шумораи умумии 8073 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 2349 нафар ҷои кор наёфта, 1471 кас ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд.

Шукруллозода Зикрулло соли 2024 Литсейи касбии техникии шаҳри Хуҷандро аз рӯи ихтисоси “Мутахассис оид ба таъмири муҳаррики автомобил” (маторист) хатм кардааст. Ӯ ....

Шуғли пурмаҳсул. Чаро хатмкунандагони литсейҳои касбӣ ҷои кор намеёбанд?Дар литсейи касбии металургии шаҳри Турсунзода 6...
05/02/2025

Шуғли пурмаҳсул. Чаро хатмкунандагони литсейҳои касбӣ ҷои кор намеёбанд?
Дар литсейи касбии металургии шаҳри Турсунзода 650 хонанда таҳсил мекунад, ки 63 нафари онҳо духтарон мебошанд.

Литсейи мазкур аз рӯи 10 ихтисос мутахассис омода менамояд. Аз харрот, мошиначии кранҳо, монтёри барқ то кафшергари газу, барқчӣ, устои мошин, челонгар (муҳаррики автомобил), тракторист, мутахассиси системаи компютерӣ ва муҳосиб.

Ҳамчунин, дар ин муассиса касбу ҳунарҳои миллӣ аз қабили оҳангарӣ, дуредгарӣ, дӯзандагӣ, бофандагӣ ва дигар намуди касбу ҳунарҳо, барои ҷавонон омӯзонида мешавад.

Вале мушкили аслии хатмкунандаҳо ин пайдо кардани ҷои кор аст. Аз ҷумла, соли 2024 ин муассисаро 260 нафар хатм кардаанд ва аз ин шумора ҳамагӣ 68 нафар тавонистаанд бо ҷойи кор таъмин шаванду халос.

Боқимонда ба муҳоҷирати меҳнатӣ, хидмати ҳарбӣ рафтаанд ва ё умуман кор наёфтанд.

Фарҳод Раҳимӣ, Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳам дар нишасти хабарӣ гуфт, ки масъалаи бо кор таъмин кардани хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ яке аз мушкилоти асосӣ аст, ки бояд ҳалли худро ёбад.

Коршиносон сабаби инро ба чанд омил рабт медиҳанд.

Аз ҷумла, Субҳон Ашӯров иқтисоддони тоҷик мегӯяд, яке аз омилҳо ин ба талаботи бозори меҳнат мутобиқ набудани барномаҳои таълимии ин муассисаҳо аст.

“Сабаби дигар ин атс, ки дар Тоҷикистон қувваи корӣ барзиёд аст. Қувваи корӣ барзиёд аст, бинобар ҳамин дар дохили кишвар ҷои кор ёфтан мушкил мешавад. Бинобар ҳамин ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, онҷо ҷои кор ёфтан мумкин аст”, – гуфт ӯ.

Мушкилӣ дигар дар ин самт ин биноҳои фарсудаву таъмирталаб ва таҷҳизоти куҳнаву корношоям дар литсейҳои касбӣ ва техникӣ мебошад.

Томас Томсон, роҳбари барномаи кумаки техникии Иттиҳоди Аврупо, ки вазъи муассисаҳои таҳсилоти ибитоӣ ва миёнаро таҳлил мекунанд, дар як чорабинӣ дар Душанбе гуфт, биноҳои марказҳои омодагии касбӣ ҳоли хароб дошта солҳо инҷониб рӯи таъмирро надидаанд. Маводҳои таълимӣ, махсусан таҷҳизот куҳна ва фарсуда мебошанд.

Ба таъкиди ӯ, маҳз ин чизҳо сабаб шудааст, ки дар кишвар шуғли пурмаҳсул ба таври назаррас рушд намекунад ё ба кунди пеш меравад.

Шодӣ Мавлонов, муовини директори касбии металургии шаҳри Турсунзода ҳам мегӯяд, бинои муассисаи онҳо то чанд сол пеш фарсуда буд ва ба наздикӣ таъмир шуд.

“Муассисаи мо низ аз сабабе, ки соли 1976 ба истифода дода шудааст. Биноҳои таълимӣ хеле фарсуда шуда буд ва аз боми он об мечакид. Бо дастгирии раиси шаҳри турсунзода, боми бино аз таъмир бароварда шуд. Айни замон тамоми шароитҳо барои таълим фароҳам оварда шудааст.” – гуф ӯ.

Президенти кишвар зимни паёми солонаи худ дар мавриди бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани аҳолӣ яке аз ҳадафҳои стратегӣ будан ишора намуд. Ӯ ба масъулин супориш дод, ки дар 5 соли оянда тамоми имкониятҳоро барои таъсис додани 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи кории нав сафарбар созанд.

31/01/2025

Бобои Сафар (Сафар Абдулло). Ин ном ба банда аз овони кӯдакӣ то кунун ошност ва дар миёни асомии зиёде, ки танҳо ба забон овардани онҳо мояи ифтихори камина аст, ҷойго...

Ҳолати кунунии роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд. Ба иттилои филиали ширкати IRS, ки нигоҳдории масири мазкурро ба зимм...
23/01/2025

Ҳолати кунунии роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд. Ба иттилои филиали ширкати IRS, ки нигоҳдории масири мазкурро ба зимма дорад, роҳ кушода буда. Ҳаракати нақлиёт таъмин аст.

Маълум аст, ки эътимоду боварии аз андоза беши инсонҳо дар аксар маврид боиси ташвиш мегардад. Назаре ба зиндагии пешини...
15/01/2025

Маълум аст, ки эътимоду боварии аз андоза беши инсонҳо дар аксар маврид боиси ташвиш мегардад. Назаре ба зиндагии пешиниён андешаеро собит менамояд, ки гузаштагони мо дар пояи нангу номуси миллӣ солҳои зиёд дар қитъаи замини наздиҳавлигии хурде зиндагонӣ карда, фарзандони фарзонаро ба камол мерасониданд. Мутаассифона, дар замони ҳозир бархе нафарон аз эътимоду эътибори гузаштагонашон сӯиистифода намуда, ҳуқуқҳои шаҳрвандии дигаронро дидаву дониста поймол намудаанд.

Маълум аст, ки эътимоду боварии аз андоза беши инсонҳо дар аксар маврид боиси ташвиш мегардад. Назаре ба зиндагии пешиниён андешаеро собит менамояд, ки гузаштагони...

Дарвоқеъ, шурӯъ аз маҳаллаи 112-ум то гирду атрофи бозори овозадори «Панҷшанбе» – ро дар рӯзи равшан чарх зада гаштаму в...
15/01/2025

Дарвоқеъ, шурӯъ аз маҳаллаи 112-ум то гирду атрофи бозори овозадори «Панҷшанбе» – ро дар рӯзи равшан чарх зада гаштаму вале дар ягон ҷое ақаллан ягон дӯкони махсуси фурӯши матбуотҳои даврии идораи «ТОҶИКМАТБУОТ»-ро надидам.

Чанде пеш бо даъвати як дӯстам ба шаҳри Хуҷанд рафта будам. Пас аз як ду рӯзи меҳмондорию дидорбинӣ, аз дӯстам, ки худ бевосита муқими Хуҷандшаҳри бостонӣ мебошад, х....

9-уми январ ҳукумати Арманистон лоиҳаи қонун дар бораи оғози раванди пайвастани ин кишвар ба Иттиҳодияи Аврупоро расман ...
15/01/2025

9-уми январ ҳукумати Арманистон лоиҳаи қонун дар бораи оғози раванди пайвастани ин кишвар ба Иттиҳодияи Аврупоро расман тасдиқ кард.

Евронюс бо истинод ба расонаҳои ҷумҳуриявӣ хабар медиҳад, ки рӯзи 9-уми январ ҳукумати Арманистон лоиҳаи қонун дар бораи оғози раванди пайвастани ин кишвар ба Итти....

Аввалин тармаи мавсими зимистона ба пуррагӣ бартараф карда шуд. Санаи 20-уми декабр дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷа...
20/12/2024

Аввалин тармаи мавсими зимистона ба пуррагӣ бартараф карда шуд.
Санаи 20-уми декабр дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд наздикии нақби "Истиқлол" тарма фаромад.
Дар бораи фаромадани тарма баъд нисфирӯзии имрӯз филиали ширкати IRS, ки нигоҳдории масири мазкурро ба зимма дорад хабар дода буд.
Ҳамчунин манбаъ афзуд, ки тарма 3 метр баландӣ ва 10 метр паҳнои дошт.
"Тармае, ки чанд лаҳза пеш дар километри 73- юми роҳи Душанбе - Чаноқ фаромада буд, бартараф гардид" - менависад филиали ширкат дар саҳифаи иҷтимоии ширкат.
Ҳоло роҳ кушода буда, ҳаракати нақлиёт таъмин аст.
Дар ин баробар ширкат аз ронандагон барои ҳамдигарфаҳмӣ зимни бартарафсозии тарма миннатдории худро баён намудааст.

Address

Dushanbe

Opening Hours

Monday 08:00 - 18:00

Website

https://farah-info.com/

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Фараж - Farazh posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Share