30/03/2025
Сабаби ба ҷои кор таъмин нашудани хатмкунандаҳои литсейҳои касбӣ.
Шукруллозода Зикрулло соли 2024 Литсейи касбии техникии шаҳри Хуҷандро аз рӯи ихтисоси “Мутахассис оид ба таъмири муҳаррики автомобил” (маторист) хатм кардааст. Ӯ баъди хатми муассиса барои ҷустуҷӯи кор дари чанд корхонаро кӯфт, вале кор наёфт. Билохира ба муҳоҷират рафт.
“Аз рӯи ихтисос кор ёфтам, вале маош кам буд. Аз 1300 то 1600 сомонӣ маош пешниҳод шуд. Бо ин маблағ зиндагиро пеш бурда намешавад. Бинобар ин ба Русия омадам, ҳозир дар сохтмон кор мекунам ва пули хуб ба даст меорам” – гуфт Зикрулло Шукруллозода дар суҳбат бо мо.
Манучеҳр Сатторов, қаҳрамони дигари мо соли 2021 Литсейи касбӣ-техникии шаҳри Турсунзода аз рӯи ихтисоси харрот (механик) хатм кард, вале ба Русия ба муҳоҷират рафт. Ӯ гуфт, шароити хонаводагӣ маҷбур кард, ба муҳоҷирати меҳнатӣ равад ва ҳамин тариқ, натавонист аз рӯи ихтисоси худ барои дарёфти ҷои кор ба ҷое муроҷиат кунад.
“Танҳо баъди хатми литсей фаҳмидам, ки харрот будан бароям ояндасоз нест. Бино бар ин роҳи муҳоҷиратро пеш гирифтам” – нақл кард ҳамсуҳбати мо.
Вай дар Русия ба корҳои гуногун, аз қабили таъмири хона, кор дар ширкати таксӣ, дӯзандагӣ кор кард. Ҳоло ба Тоҷикистон баргашта, бо мошини худ ба мусофиркашонӣ машғул аст.
Зикрулло ва Манучеҳр ягона хатмкунандае нестанд, ки пас аз хатми литсей аз рӯи ихтисоси худ ҷои кор пайдо накарданд. Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ гуфтааст, ки соли 2024 аз шумораи умумии 8073 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 2349 нафар ҷои кор наёфта, 1471 кас ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд.
Шукруллозода Зикрулло соли 2024 Литсейи касбии техникии шаҳри Хуҷандро аз рӯи ихтисоси “Мутахассис оид ба таъмири муҳаррики автомобил” (маторист) хатм кардааст. Ӯ ....