Азия-Плюс тоҷикӣ

Азия-Плюс тоҷикӣ Ҳамаи хабарҳои Тоҷикистон аз Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс"

Дӯстони арҷманд, сипосгузорем, ки бо мо ҳастед ва хабарҳои моро пайваста мехонед.

Ҳамзамон аз шумо эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки бо қоидаҳои ин саҳифа шинос шавед.

Дар ин саҳифа МАМНӮЪ аст:

1. Таблиғи дидгоҳ, гурӯҳ ва равияҳои ифротӣ, барангехтани бадбинию хусумати миллӣ ва динӣ;

2. Даъват ба амалҳои зӯроварӣ, аз ҷумла, сарнагун кардани ҳукумат;

3. Навиштани шарҳе, ки шаъну эътибори одамонро п

аст мезанад;

4. Истифодаи дашном, таҳқир ва таҳдид нисбат ба кормандони “Азия-Плюс” ва дигар корбарони ин саҳифа;

5. Танқиди беасоси маҳсулот ва хизматрасонии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (ширкату корхонаҳо), ки ба эътибори тиҷоратии онҳо осеб расонида метавонад;

6. Таблиғи тиҷоратӣ (реклама) зимни шарҳнависӣ.

Риоя накардани қоидаҳои ин саҳифа боиси масдуд (блок) шудани корбар бидуни ҳушдор мешавад.

Барои дарку фаҳмиш сипос.

⚡️АБДУЛМУЪМИН ШАРИФӢ: “Замоне агар бесабаб тарки театр мекардам, имрӯз эҳсоси гуноҳи сангин доштам”_____Муаллиф: Меҳрофа...
29/11/2025

⚡️АБДУЛМУЪМИН ШАРИФӢ: “Замоне агар бесабаб тарки театр мекардам, имрӯз эҳсоси гуноҳи сангин доштам”
_____
Муаллиф: Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Ин Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон имрӯз 65-сола мешавад.

Абдулмуъмин Шарифӣ “Шайхи саҳна” ва “Бозор Собир”-и театри тоҷик аст ва аз чеҳраҳои шинохта ва аз ҳунармандони боистеъоди тоҷик дониста мешавад. Дар ин сӯҳбат, ки бо баҳонаи рӯзи мавлудаш сабт кардем, аз доғи бемодарӣ, дурӣ аз падар, нақшҳои офаридааш дар театру синамо, инқилоби ҳунарии Фаррух Қосим ва бемории ӯву парокандашавии тими "Аҳорун", куфру имони Бозор Собир ва дигар ногуфтаҳои соҳибҷашн ҳарф мезанем.

♦️“Шайх Санъон гуфтед, дилам таҳ кашид...”

- Вақте аз дӯстонатон дар бораи Шумо мепурсем, фавран “Шайхи Санъон” ё “Шайхи саҳна” мегӯянд. Чанд сол боз бо ин тахаллус зиндагӣ доред?

- Ин тахаллусро дӯстон аз намоиши “Шайхи Санъон” ба ман гузоштанд. Дар аввал шӯхиомез мегуфтанд, баъдан ҷиддӣ қабул шуд. Акнун баъзан худамро шайх метарошам ва худам ҳам бовар мекунам, ки шайхи саҳна ҳастам.

Соли 1996 устод Фаррух Қосим як гурӯҳ донишҷӯёни Донишкадаи ҳунарҳои зеборо барои кор дар Театри “Аҳорун” омода мекарданд. Намоиши “Шайхи Санъон” кори дипломии донишҷӯён буд ва бояд дар “Аҳорун” ба саҳна гузошта мешуд. Устод маро даъват карда, гуфтанд, ки нақши марказӣ – нақши Шайхро худат иҷро мекунӣ. Ман ҳам бо ҷону дил пазируфтам. Ин нақши аввалинам буд.

Дар кадом маҳфил ё ҷашнворае мунаққид Муҳаммадуллоҳи Табарӣ гуфтанд, ки бо гурӯҳи дӯстон ба Шарифӣ тахаллуси “Шайхи саҳна”-ро лоиқ донистем ва ин шӯхӣ ҷиддӣ шуд...

“Шайхи Санъон” гуфтед, дилам таҳ кашид... Ин намоиш се маротиба ба саҳна гузошта шуд ва бо ҳамин аз байн рафт. Худо мегӯям, имконият шаваду онро дар саҳна дубора иҷро кунам.

- Шунидем, ки мегӯянд, “дар зиндагӣ низ Шарифӣ ба ин тахаллус арзанда аст”...

- Лутф мекунанд. Ман куҷову шайх будан куҷо? Эй кош, як заррае аз тақвои шайхҳои асилро медоштам. Шайх инсони ростгӯ, ростхӯ, рострав. Аммо ман дар зоҳир шайх метобам, дар асл бисёр каҷҳову нишебиҳо дорам, ки баъзан худам аз корҳои мекардаву ҳарфҳои мегуфтаам даҳшат мекунам.

♦️“Аввалин баҳои 2-ро ман гирифтам”

- Дар Ҳисор зода шудед ва писари муаллим будед. Аз овони кӯдакӣ ва зодгоҳи худ қисса мекунед?

- Ду рӯз пеш ба зодгоҳ рафта будам ва хотироти кӯдакиро ба ёд овардам. Ба мактаб рафтам, ба бачаҳо нақл кардам, ки аввалин касе ки баҳои 2 гирифт, ман будам.

Синфи 1 будам, аз фанни математика хато кардам, падарам муаллимам буданд ва баҳои 2 монданд. Ба берун баромадам, ғамгин ба сутуне такя мезадам. Ҳамсинфҳо бо анушт нишон медоданд, ки “ана вай духон аст”. Зайнулобидин, ки синфи 3 буд, наздам омада, дилбардорӣ кард: “Парво накун, ҳоло бисёр 2 мегирӣ”.

- Чанд вақт бо падар зиндагӣ кардед ва имрӯз аз эшон чӣ гуна ёд мекунед?

- Меҳри падарро зиёд надидам. Хотираи зиёд ҳам надорам. 5 ё 6-сола будам, ки падарам ҳамсари нав гирифтанд, ман дар дасти бобову бибӣ ва амаки калониам мондам. Мо ҳамдигарро дер-дер медидем. Ёдам нест, ки сари зонуи падар нишаста бошам.

Аммо, ба гуфтаи мардуми деҳа, падарам марди хоксор, нармхӯ, оромтабиат ва меҳнаткаш будаанд. Ҳоло ҳам аз он кас марди хубу шариф ном мебаранд.

♦️Доғи бемодарӣ: “...мехоҳам дод гӯям”​​​​​​​

- Магар нахостед бо моиндар зиндагӣ кунед?

- Бобову бибиам ба чунин хулосае меоянд, ки дар тарбияти онҳо буданам хубтар аст. Он вақт интихоб дар дасти ман набуд. Аммо ҳоло фикр мекунам, ки интихоби онҳо дуруст будааст.

- Модаратон кай аз дунё гузаштанд ва аз он кас хотирае монда?

- Як дона аксашон дар дастам ҳаст. Тамом. Дигар чизеро ёд надорам. Ба як қавле дар 6 моҳагӣ ва ба қавли дигар дар 9 моҳагӣ аз модар ҷудо шудаам. Модарам бемор шудаву реҳлат кардаанд...

Баъди пирӣ фаҳмидам, ки дар тифлӣ аз чӣ неъмате маҳрум шудам. Бача будам, ҷавон будам, намефаҳмидам. Баъди пирӣ вақте меҳри набераҳоямро бо модарашон дидам, доғи дилам пурра рӯ зад. Ману бибияшон ҳамаи меҳрамонро ба онҳо медиҳем, вале вақте модарашон меояд, моро куллан фаромӯш мекунанду ба оғӯши модар медаванд. Ин лаҳзаҳоро мебинаму ба худ мегӯям, ки “эй вой, аз чӣ неъмате маҳрум будам!”.

Вақте суруде дар бораи модар шунавам, нола мекунам. Ё шеъре дар бораи модар хондан наметавонам. Дилам буғз мегирад, вуҷудам пур мешавад. Мехоҳам дод гӯям. Инро доғро бо худ ба гӯр мебарам...

- Дар хонаи бобову амак чӣ ҳол доштед?

- Набераи нозпарвари бобову бибӣ будам. Ёд надорам, ки янгаам ҳам боре маро сарзаниш карда бошанд. Амакам ҳам аввал ба ман либос меоварданд, баъд ба писари худашон. Ин меҳрубониҳо намегузошт, ки худро ятиму бемодар эҳсос кунам. Бо вуҷуд, доғи бемодарӣ дар дилам монда...

- Падар ҳар чанд вақт ба суроғи Шумо меомаданд?

- Гоҳ-гоҳ меомаданд. Он кас ҳам нисбат ба ман хеле меҳрубон буданд. Қарзи падариро медонистанд. Ҳар қадаре, ки барои ман сахт буд, бовар дорам, барои падарам бештар душвор буд. Фарзанди аввал – аз чашм дур...

Падарам барои ман рафта аз деҳа замин гирифтаанд. Ё сари нанг омада, дар як ҳафта маро хонадор карданд. Ман 6 моҳи аввали оиладориям дар хонаи падариям, бо модарандарам зиндагӣ кардам. Баъдан ба Қӯрғонтеппа кӯч бастам.

♦️“Дар шаҳр марди танҳое будам...”​​​​​​​

- Давраи донишҷӯӣ ва рӯзгори ҷавонӣ чӣ гуна гузашт? Аз ҷавоние, ки гузаронидед, розиед?

- Давраи донишҷӯӣ мушкилоти равонии зиёд доштам. Аз ҳама сахташ – аз даст додани бобову бибиам буд. Мисли он ки дубора ятим шудам. Аз деҳа ҷудо шудам, дар шаҳр марди танҳое будам.

- Ҳамсабақонатон мегӯянд, ки Абдулмуъмин Шарифӣ дар ҷавонӣ ҳам шайх буду ин давраи пурҷӯшу хурӯшро ором гузаронд.

- Ором будам. Дабдабае надоштам. Табиатан чунинам. Аммо мегӯянд, ки аз хашми одами ором тарсед. Он гунае, ки ман хашин мешавам, каси дигаре намешавад. Бо вуҷуди ин, Худоро шукр, аз ҷавонии гузаронидаам комилан розиям.

- Ошиқ шуда будед?

- Ҳавасҳо буд, вале онро ишқ гуфта наметавонам. Як сирро барои шумо ифшо кунам: бо духтаре мулоқот таъин кардам, вале Худо мегуфтам, ки ин дидор лағв шавад, то ман ба гуноҳе даст назанам.
Як қонуни дигар дар зиндагиям: вақте соҳиби ҳамсар шудам, ба худ қавл додам – фақат ҳамсарам, тамом! Вақте соҳиби духтар шудам, ин қоида сахттар ва сангинтар шуд.

- Заминаи ин қадар тақво аз куҷост?

- Фирк мекунам, насиҳатҳои бибиям буд. Ӯ бароям гуноҳу савобро нишон медод. Баъдан, вақте мо дар “Аҳорун” ба ирфон, ба ашъори Маволонову Аттору Ҳофиз даст задем, ба ин дунё ворид шудем. Ҳатто вақте ҳамкасбон дар “Аҳорун” дар бораи сӯфигарӣ ҳарфи шӯхиомез мегуфтанд, қаҳрам мекард.

♦️Театри “Аҳорун” мактаби инсонсоз буд​​​​​​​

- Корро аз Театри Қӯрғонтеппа оғоз кардед. Чӣ гуна мавриди таваҷҷӯҳи Фаррух Қосим қарор гирифтеду ба “Аҳорун” даъват шудед?

- Устод Фаррух Қосим хушбахтона дар даврони донишҷӯӣ ба мо дарс додаанд. Аммо он вақт камтар мадди назари эшон қарор доштам. Вақте дар Театри Қурғонтеппа (Театри мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов дар шаҳри Бохтар) намоиши “Тартюф”-ро гузоштанд, маро зери назар гирифтаанд. Ин буд, ки соли 1989 пойфишорӣ карданд, ки ба “Аҳорун” биёям.

Он вақт давлат хона медод ва ман дар рӯйхати театр дар Қӯрғонтеппа дуюмин нафар будам, ки бояд хона мегирифтам. Назри роҳбари театр даромада, гуфтам, бояд ба Душанбе равам. Гуфтанд, ки ин беақлиро накун, ист, хонаро гир, баъд рав. Аммо аз Душанбе устод Фаррух Қосим ҳам пойфишорӣ карданд, ки биё ман ин ҷо хона гирифта медиҳам.

Сарфи назар аз хона, бароям кор бо Фаррух Қосим – коргардони шӯҳратёр, ифтихор буд. Ин буд, ки ба “Аҳорун” омадам ва Фаррух Қосим ҳам ба ваъда вафо карда, хонае гирифта доданд.

- Театри “Аҳорун” сабки наве дар заминаи театрҳои ҷаҳонӣ буд: ғазал дошт, ирфон буд, ҷаҳони сӯфиён тасвир мешуд, рақси самоъ буд. Ин ҳамаро Шумо ҳазм карда тавонистед?

- Хеле душвор буд. Ҳоло ҳам вақте ашъори Мавлоно ё Атторро мехонам, дар мемонам. Он фаҳми лозимаро ҳоло ҳам надорам.

Фаррух Қосим машъалафурӯзи роҳи мо буданд. Мо соли 1990 корро бо “Юсуфи гумгашта...” оғоз кардем, ҳарчанд аз рӯйи достони Абдураҳмони Ҷомӣ буд, вале бо ашъори Мавлоно устухонбандӣ мешуд. Баъди 8 моҳ онро ба саҳна гузоштем. Вале пас аз 5 сол, вақте дубора намоиш додем, он ва андешаҳои мо куллан дигар шуд.

Имрӯз ба боварӣ мегӯям, ки Театри “Аҳорун” мактаби инсонсозӣ буд ва мо на танҳо ҳамчун ҳунарманд, ҳамчун инсон ҳам куллан дигар шудем.

♦️Шайхе, ки Қуръон месӯхт​​​​​​​

- Намоиши “Шайхи Санъон” ҳам дар Театри “Аҳорун” буд. Муҳтаво ва паёмҳои он намоиш чӣ буд?

- Фаррух Қосим аз рӯйи яке аз достонҳои “Мантиқ-ут-тайр”-и Шайх Аттор намоиши “Шайхи Санъон” таҳия карданд. Санъон шайхи Ҳарам (Макка) буд ва 400 мурид дошт. Хобе мебинаду куллан дигар мешавад. Аз Макка – макони зуҳури Ислом ба Рум – кишвари ғайримусулмонӣ ҳиҷрат мекунад. Ба духтари зебои тарсо (насронӣ) ошиқ мешавад. Ин ишқ ӯро ба як силсилаи амалҳое водор мекунад, ки ба ҳамаи қавоиди динӣ ва мақоми шайхӣ зид буд. Дар хонаи ӯ хукбонӣ мекунад, май менӯшад, мусҳаф (Қуръон) месӯзад.

Барои мани мусулмон, ки дар асри XXI зиндагӣ дорам, фаҳму дарки ин кор бисёр душвор аст. Бубинед, Худое накарда, имрӯз касе дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳарфе зидди Ислом гӯяд, ӯро кофир мебароранд, нисбаташ ҳукм содир мекунанд, ҳатто имкон дошта бошанд - пӯсташ мекананд. Акнун чанд асри пешро тасаввур кунед? Ин амалкарди Шайх Санъон барои муридонаш даҳшат аст.

Вақти иҷрои нақш, ҷойҳое, ки буғз то гулӯ меомад, нола мекардам. Фаррух Қосим мегуфтанд, ки гиря накун, шайх гиря намекунад, ӯ медонад барои чӣ ин корҳоро мекунад! Ба устод мегуфтам, ки Шайх пасманзари корашро медонад, ман чӣ медонам? Баъд мефаҳмониданд. Ин роҳи аз худ гузаштан, нафси худро шикастан, пиллае расидан ба Худо буд.
Дар ниҳоят, Шайх ба асли хеш бармегардад. Духтари тарсо низ ба Шайх ошиқ шуда, ба Ислом мегаравад ва дар роҳи ишқ ҷон медиҳад.

Ҳусни намоиши “Шайхи Санъон”, ба гуфтаи худи устод Фаррух Қосим ва ба қавли дӯстон, ин сурудхониҳо буд. Гӯё он сурудхонии ман аз дил баромада, ба дилҳо нишаст. Ба фикри худам ҳам, ҳамин сурудхониҳо буд, ки асли ҳарфи намоишро ёфтам, дар вуҷудам ҷой гирифт ва онро ба тамошобинон расонида тавонистам.

- Ин аввалин намоиш буд, ки аз ҳунари овозхониатон истифода кардед?

- Дар нақши марказӣ аввалин намоиш буд, аммо аз ин пештар дар намоишҳои “Юсуфи гумгашта...”, “Исфандиёр”, “Даҷҷол” ва чанде дигар ҳам сурудхониҳо доштам. Дар он намоишҳо камтар буд, дар “Шайхи Санъон” бештар.

- Намоишҳои гузоштаи Фаррух Қосим инқилобе дар театр, роҳи нав буду мақсаду ормонҳои зиёд дошт. Агар ӯ бемор намешуд, то куҷо мерасид?

- Ба фикрам, қисмат ба Фаррух Қосим фишор овард, ки онеро, ки мехостанд, то бемор шудан ба саҳна гузоранд. Аммо ба он маҷрое, ки Фаррух Қосим пеш мерафтанд, агар бемор намешуданд, бешак инқилобе дар заминаи театрҳои ҷаҳон мекарданд ва театри миллии тоҷикиро ҷаҳонӣ месохтанд.

Ба итминон мегӯям, маҳз корҳои инқилобии Фаррух Қосим буд, ки соли 1990 дар маҷаллаи театрии Иттиҳоди Шӯравӣ Душанберо “Маккаи театрҳо” унвон карданд.

Ҳоло ҳам аз мактаби Фаррух Қосим дар театрҳои минтақа, ҳатто дар театрҳои Эрону Русия истифода мекунанд ва иқрор ҳам мешаванд, ки намоишашон “нишонае аз Фаррух Қосим” аст.

Агар Фаррух Қосим аз кишвари дигаре, ҳатто аз кишварҳои ҳамсояи мо мебуд, то кунун корномаи ӯро омӯхта буданд, дар борааш чандин китоб чоп мекарданд, намоишҳои гузоштаашро мавриди таҳқиқ қарор медоданд ва ӯро ба тамоми ҷаҳон муаррифӣ мекарданд. Фаррух Қосим дар ин пояи баланд ҳаст ва арзиши онро дорад, ки бо ифтихор мактабу корномааш ба ҷаҳон муаррифӣ шавад. Афсӯс, ки Фаррух Қосимро мо нашинохтаем.

- Ин корро бояд кӣ кунад?

- Ҳама! Зеро театри Фаррух Қосим театри миллии мо буд. Театри миллие буд, ки арзишҳои воло дошт. Мутаассифона, мо ин театрро ҳифз карда натавонистем, вале ҳоло ҳам барои эҳё ва ҷаҳонӣ кардани он дер нашудааст.

- Мегӯед, театри миллӣ буду афсӯс, ки ҳифз нашуд. Дар пош хӯрдани он шумо – шогирдон ҳам муқассир нестед? Зеро дар аввали солҳои 2000-ум ҳама аз Театри “Аҳорун” рафтанд ва он тим пош хӯрд.

- Ҷое мо ҳам гуноҳ дорем... Аслан ман ба ихтиёри худ аз “Аҳорун” нарафтам. Агар бесабаб тарки театр мекардам, имрӯз эҳсоси гуноҳи сангин мекардам.

- Чӣ Шуморо водор кард, ки аз “Аҳорун” равед?

- Пас аз бемории Фаррух Қосим дар “Аҳорун” ҷанги нафс буд ва ман-маниҳои беасосу бепоя пайдо шуд. Беҳунарҳо аз ҳунармандони асил зиёд шуданд. Ҷойи ҳунар танг шуд. Дигар дар “Аҳорун” будани мо маъно надошт.

- Фирдавси Қосим, ки имрӯз роҳбари “Аҳорун” аст, ҷойгузини падар буда метавонад?

- Бисёр мехоҳам, ки ҷойгузини падар бошад. Ҳудуди 15 сол Театри “Аҳорун” ба ном вуҷуд дошт, Худоро шукр, ҳоло дубора ҷон мегирад. Худо кунад, ки ҳамон шаҷара нигоҳ дошта шавад.

♦️Аз намози қазоӣ то васфи Ленин

- Дар корномаи Шумо нақши Бозор Собир дар намоиши “Шабе дур аз Ватан” ҳам дар Театри ҷавонон барҷаста аст. Ин намоиш чӣ гуна рӯйи саҳна омад?

- Суханҳо, зиндагӣ ва эҷодиёти Бозор Собир пур аз тазод аст ва тасвир кардани ин гуна шахс кори осон набуд. Бо Нозим Меликов, коргаргардони ин намоишнома, тасмим гирифта будем, ки Бозор Собирро дар саҳна нишон намедиҳем. Мо як шоири муҳоҷирро нишон медиҳем, ки дар он ҳар кас худро ҷӯяду ёбад. Вале Бозор Собир худашро дар намоиш дид.

Дар чандин шаҳрҳои Русия, Молдова, Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон ва чанд давлати дигар, ки ин намоиш ба саҳна гузошта шуд, мардум худро, шоири худро, фарҳангии худро, муҳоҷирони худро ёфтанд, гиристанду каф кӯфтанд. Аз ҷумла, дар Кишинёв (Молдова), ки аз 7 кишвар мунаққидон ширкат доштанду намоишҳоро таҳлил ва нақд мекарданд, гуфтанд, ки “Шабе дур аз Ватан” намоиши дунявӣ аст, дарди умумибашарӣ аст.

Ва чӣ хуб ҳам шуд, ки дар “Шабе дур аз Ватан” баъзе ормонҳои аз “Шайхи Санъон” дар дилам мондаро пиёда кардам.

- Дар ин намоиш ҳам суруд мехонед, рақс мекунед, механдеду мегирйед. Аммо ҳама тазодҳои рӯзгори Бозор Собирро ба худ ҳазм карда будед?

- Ба фикрам, худи Бозор Собир намедонист, ки чӣ рӯзгоре дорад. Талош кардем, рӯзгор ва дарду доғи ҳиҷрони шоири муҳоҷирро бо ашъораш ба тасвир кашем.

- Бозор Собир бо ошкорбаёнӣ шинохта шуд. Шумо наметарсидед, ки нақши ин гуна шахсро дар пеши ӯ мебозидед?

- Ҳама метасидем. Аз ӯ ҳар чӣ интизор шудан мумкин буд. Ҳарчанд пеш аз баргашт мо навори намоишро ба Амрико фиристода будему ӯ дар рӯзномае як меҳрномае навишта буд, вале вақте дар театр бо мо буд, як эътирози хурд кофӣ буд, ки ҳамаро барҳам занад. Метарсидем, ки гӯяд: чӣ мондед?!

Пас аз намоиш бо ифтихор гуфт, ки “ман аввалин шоири тоҷик ҳастам, ки худро бо чашмонам дар саҳна зинда дидам”. Ва аз кори мо розӣ ҳам буд.

Худоро шукр, ки муваффақ гаштем. “Шабе дур аз Ватан” беш аз 10 ҷоизаи байналмилалӣ овард.

- Ҷомеа Бозор Собирро бо ҳама тазодҳои рӯзгораш чӣ гуна пазируфт?

- Андешаҳо дар бораи Бозор Собир мисли худаш аст – пур аз тазод. Барои яке ӯ кофир, барои дигаре авлиё аст. Ё барои яке коммунист аст, барои дигаре демократ.

Вақте яке аз тундгароён Бозор Собирро кофири мутлақ гуфт, барояш ин шеъри шоирро хондам:

Чаҳорсола намози қазоӣ дорам ман,

Чаҳорсола намози қазоӣ дар гардан...

Чаҳорсола намози қазоии худро

Ба ҷонамози Ватан мекунам адо фардо.

Чаҳорсола намози қазоиям як сӯй,

Чаҳор соли расо рӯзаро қазо кардам.

Ба рӯзҳои Ватан рафта рӯза мегирам,

Ба шомҳои Ватан рӯза мекушоям ман.

Шавад ба рӯзи Ватан рӯзаи қазоӣ ҳалол,

Ҳалол бод ба шоми Ватан маро ифтор.

Инро гуфтаму пурсидам: Бозор Собир чӣ гуна кофир аст?! Дарду ҳиҷрат одамро мешиканад ва ғарибӣ дарди сахту тоқатфарсо аст. Бо вуҷуди ҳама ҳарфҳои зиддунақизаш аз мусулмонии худ даст накашид. Барои ҳар кас намоз ҳар хел аст ва худошиносии ҳама фарқкунанда мебошад. Устод Бозор Собир ба шакл кор надошт. Худои худро дошт. Ва аз ҳама хубаш, мо медонистем, ки ҳар чӣ дар дили Бозор Собир аст, бо забонаш мегӯяд.

- Бозор Собир гоҳо аз намозу рӯзаи қазоӣ мегуфт, гоҳо васфи “шапкаи Ленин” мекард. Дар Шӯравӣ демократ ва дар Амрико коммунист буд. Ба ин нукоти зиндагии ӯ чӣ мегӯед ва оё ӯ дар охир бо замона созиш кард?

- Ин хислати Бозор Собир буд. Дӯст медошт, ки муқобили ҷараён равад. Мо медонистем, ки Бозор Собир чунин аст. Тазодҳои рӯзгори ӯро пешбинӣ мекардем ва интизори ҳар гуна эътироз будем. Ин гуна инсон беҳтар аз шахси дурӯя аст.

Суқрот мегӯяд, “бузургтарин шахсиятҳо ба равиши омма мераванд, магар ягонаҳо, ки онҳо авлиёянд”. Бозор Собир ҳамин гуна шахс буд, ки бо равиши омма нарафт.

Бо он меҳре, ки бар Ватан ва ҳатто ба қабри падару модар дошт, дар ҳиҷрат зистанаш душвор буд. Бояд созиш мекарду бармегашт. Созиши Бозор Собир созанда буд, на сӯзанда.

- Ба фикратон, пас аз 100 сол аз Бозор Собир чӣ гуна ёд мекунанд?

- Боз бо тазодҳо.

♦️Синамо ва шабеҳияти он бо рӯзгори Шарифӣ​​​​​​​

- Охирон нақши бозидаатон дар филми муштараки “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” аст. Дар ин ҷо чӣ нақш доштед?

- Дар ин филм нақши Хоҷа Деҳдорро бозӣ кардам. Дар бораи ӯ зиёд маълумот нест, фақат медонем, ки зоҳиде будаву дӯстии қариб бо Ҷомӣ дошта.

- Пештар дар филми “Дов” нақши Қаҳҳорро бозӣ кардед. Рост аст, ки сарнавишти Қаҳҳорро аз сар гузаронида ва дарди ӯро дар худ эҳсос кардаед?

- Он мушкилот дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ ба сари ҳамаи мо омад. Буд рӯзҳое, ки ман шаби дароз дар тамоми шаҳр нон мекофтам.

- Шунидам, ки замоне дар бозор ҳам савдо мекардаед...

- Бале, солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар бозори "Саховат" будам, вале пас аз он ки як гурӯҳ силоҳбадастон маро заданд, тарки бозор кардам. Пас аз ин, қариб 20 сол ҳамсарам дар бозори "Дӯстӣ" савдо мекард. Агар дар намоиши "Шабе дур аз Ватан" ҳам муваффақ шуда бошам, таъсири ташбеҳоташ ба рӯзгорам аст.

Бозор Собир мегӯяд:

Ман болини ҳамсарӣ надидам умре,

Дар болини ман ҷилди китобам монда.

Ин дар зиндагии ман ҳам буд - қариб 20 сол ҳамсарам шабҳо дар бозор савдо мекард, то ман дар саҳна монам. Ӯ худашро қурбон кард. Агар ҳамсарам ин корро намекард, ҳоло ман дур аз ҳунар дар муҳоҷират будам. Худо умрашро дароз кунад!

- Чаро дар синамо қариб кам нақш мебозед?

- Коргарони ӯзбекистонии филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” мегӯяд, ки дар ин кишвар ҳар сол қариб 100 филм ба навор мегиранд. Дар Тоҷикистон дар як сол 3-4 филм мебарорем. Агар мо филми зиёд ба навор мегирифтему ман дар онҳо нақш намебозидам, шояд адами ман дар синамо эҳсос мешуд. Имсол дар чанд филм, аз ҷумла филми “Решаҳо” нақши лаҳзавӣ доштам.

- Аммо дар 30 сол 3 нақши асосӣ дар филмҳои “Афтобус”, “Дов” ва “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” офаридан кам нест? Ин гуна бардошт мешавад, ки аз зарфияти ҳунарии Шумо дар синамо истифода накарданд?

- Бале, хеле кам аст. Орзу дорам, ки дар чанд филми мисли “Дов” хуб нақш офарам ва ормонҳои худро дар синамо ҳам шиканам.

- Огоҳ шудам, ки дар як филме чанд рӯз ҳунарофарӣ карда, вале пасон даст кашидаед. Чаро?

- Ин филми “Ишқ, пул, Душанбе” буд. Коргардонаш қисми ба ман марбутаи филмномаро оварда, хоҳиш кард, ки нақш бозам. Ҳамаи филмномаро нахондам, вале он қисме, ки мутолиа кардам, бад набуд. Дар қисмати 11-уми ин филм нақш бозидам, аммо пас аз он ки фаҳмидам, филми “кӯчагӣ” аст, даст кашидам. Ин гуна пешниҳодҳо зиёд буданд, ки ҳамаашро рад кардам. Ин мавқеи ман аст.

♦️Руҷӯъ ба Мавлоно​​​​​​​

- Дар вақти дилтангӣ кадом сурудро мехонед?

- Чизе бар замонам ояду бозгӯи ҳасби ҳолам бошад.

- Рост аст, ки чанд ҷойинамози шумо ҷои пойҳояш сӯрох аст?

- Бале.

- Фирдавсӣ, Мавлоно ё Ҳофиз – аз кадоме бештар шеър азёд медонед?

- Аз Мавлоно бештар медонам.

- Як ғазали писандидаи худро дар поёни барнома мехондед.

- Зиҳӣ ишқ, зиҳӣ ишқ, ки морост, Худоё!

Чӣ нағз асту чӣ хуб асту чӣ зебост, Худоё!

Чӣ гармем, чӣ гармем аз ин ишқ чу Хуршед,

Чӣ пинҳону чӣ пинҳону чӣ пайдост, Худоё!

 #СОҲИБҶАШН♦️Соли  1936 – Зодрӯзи Дилбар Қосимова, ҳунарпешаи тоҷик.Дилбар Қосимова аз ҳунарпешагони маъруфи синамо тоҷи...
29/11/2025

#СОҲИБҶАШН

♦️Соли 1936 – Зодрӯзи Дилбар Қосимова, ҳунарпешаи тоҷик.

Дилбар Қосимова аз ҳунарпешагони маъруфи синамо тоҷик аст. Иҷрои нақши Нигина, маҳбубаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар филми “Қисмати шоир” ба ӯ маҳбубияти хоса овард.

Нақшҳои дигари ӯ низ дар синамо мондагор аст. Аз ҷумла, нақши Зебо дар филми “Вақти зангирии писар”, ҳамсари Хӯҷа Насриддин дар “Насриддин аз Хуҷанд ё Шоҳзодаи зебо”, Нӯшофарин дар “Коваи оҳангар” аз ин қабиланд.

Дилбар Қосимова аввалин нақши худро дар синамои тоҷик соли 1958 дар филми “Вазифаи баланд” бо иҷрои нақши Зулфия бозидааст.

Ӯ аз соли 1962 то 1964 ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ буда, солҳои минбаъда ҳамчун коргардони дубляж дар киностудия кор кард ва дар тарҷумаи филмҳо саҳм гузошт. Ӯ 7-уми декабри соли 2006 дар 70-солагӣ аз олам даргузашт.

♦️Соли 1960 – Мавлуди Абдулмӯъмин Шарифӣ, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик.

Абдулмуъмин Шарифӣ аз чеҳраҳои камназир ва устураҳои зиндаи театру синамои тоҷик аст. Ӯ яке аз ҳунармандони боистеъдоди тоҷик аст, ки бо гузашти рӯзгор қавитар ва касбитар мешавад.

Абдулмӯъмин Шарифӣ дар баробари ҳунарпешаи соҳибистеъдод будан, аз камтарин ҳунармандони хоксору фурӯтани ҷомеаи мост.

Ӯ хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода буда, роҳи ҳунариашро соли 1982 дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Қӯрғонтеппа оғоз кардааст. Соли 1989 ба Театри Аҳорун ва мактаби Фаррухи Қосим пайваст ва дар ин боргоҳи ҳунар сайқал ёфтаву ҳунарашро суфта кард. Ҳамзамон бо Театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ ва Театри давлатии драмаи русии ба номи В. Маяковский ҳамкорӣ дошт.

Абдулмуъмин Шарифӣ соли 2008 аз Театри Аҳорун рафт ва ба Театри ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ба кор омад ва то ҳол дар ин театр ҳунар меофарад.

Ӯ дар театру синамо нақшҳои мондагор офаридааст. “Шоҳ Гавазн”, “Доми фиреб”, “Тартюф”, “Марги Яздигурд”, “Шайх Санъон”, “Шоҳ Лир”, “Электра”, “Панҷ зани Афандӣ”, “Роҳзан ва кӯзагар”, “Зани сарватманд”, “Рӯзе дарозтар аз қарн”, “Рустам ва Суҳроб”, “Сарбозони қаторӣ”, “Нури маърифат”, “Чашмони бародари қиёматӣ”, “Бозингарон”, “Шабе дур аз Ватан”, “Аловиддин ва чароғи сеҳрнок”, “Моҷаро” ва “Иштибоҳ” аз намоишномаҳое дониста мешаванд, ки симои Шарифӣ чун ҳзунарпеша барҷаста намоён аст.

Пиромуни шахсияту ҳунари Абдулмуъмин Шарифӣ дар ин матлаби “Азия-Плюс” мутолиа кунед: Ҳунарманде, ки бо ифтихор бори театру синаморо мекашад

♦️Соли 1962 – Зодрӯзи Умед Бобохонов, рӯзноманигори тоҷик, муассиси гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс”.

Умед Бобохонов муассис ва роҳбари Оҷонсии иттилоотии мустақили “Азия-Плюс” буда, аз чеҳраҳои матраҳи журналистикаи тоҷик дониста мешавад.

Ӯ соли 1985 шуъбаи забони арабии факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, солҳои 1987–1989 дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” фаъолият намудаааст. Сипас, ду сол ҳамчун таҳлилгар дар Институти тадқиқоти сиёсати Тоҷикистон кор кардааст.

Бобохонов соли 1991 дубора ба кори рӯзноманигорӣ баргашт ва аз соли мухбири махсуси “Комсомолская правда” дар Тоҷикистон буд. Ҳамзамон солҳои 1994-2001 бо Оҷонсии Associated Press ҳамкорӣ дошт.

Умед Бобохонов соли 1995 Оҷонсии иттилоотии мустақили “Азия-Плюс”-ро таъсис дод. Соли 2000 “Азия-Плюс” аввал ба нашри рӯзнома ва баъди ду сол – соли 2003 радиои “Азия-Плюс” низ расман фаъол шуд.

⚡️"ЭРОН ФАҚАТ ТЕҲРОН НЕСТ". Гузориш аз ифтитоҳи Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои “Фаҷр” дар Шероз____Муаллиф: Меҳрофарин ...
29/11/2025

⚡️"ЭРОН ФАҚАТ ТЕҲРОН НЕСТ". Гузориш аз ифтитоҳи Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои “Фаҷр” дар Шероз
____
Муаллиф: Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Тоҷикистонро филми "Моҳӣ дар шаст" муаррифӣ мекунад.

Бори нахуст Ҷашнвораи 43-юми байналмилалии филмҳои "Фаҷр" - яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои синамоии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Шероз, маркази устони Форс, оғоз гардид. То кунун “Фаҷр” дар Теҳрон баргузор мешуд. Дар он беш аз 50 филм намоиш дода мешавад ва филми ҳунарии “Моҳӣ дар шаст” дар ин ҷашнвора Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад.

Маросими ифтитоҳ бо ҳузури намояндагони воломақоми давлатӣ, ҳунармандони саршиноси синамо ва меҳмонони хориҷӣ аз нуқоти мухталифи ҷаҳон доир шуд.

♦️Сарвари устони Форс: “Эрон танҳо Теҳрон нест”

Ҳусайн Алӣ Амирӣ, роҳбари устон (вилоят)-и Форс, бар тавоноии ин вилоят дар мизбонии рӯйдодҳои байналмилалӣ таъкид карда, гуфт “Эрон танҳо Теҳрон нест, шаҳрҳое чун Шероз дорои зарфияти баргузории ҷашнвораҳои байналмилалӣ ва корҳои фарҳангии хеле бузургро доранд”.

Амирӣ дар суҳбат бо рӯзноманигорон ба нақши таърихии Шероз ишора карда, аз бузургони он – шоирони ҷаҳонӣ Саъдӣ ва Ҳофиз ёд кард.

Вай афзуд, ки рӯҳияи мусолиҳаҷӯёнаи мардуми Шероз ин шаҳрро қодир сохта, ки ҳамчун маркази ҷаҳонии сулҳ ва миёнҷигарии байналмилалӣ шинохта шавад.

“Хеле умедворам, ки баргузории ин ҷашнвораи байналмилалӣ, оғозест барои баргузории корҳои дигаре дар сатҳи байналмилалӣ дар шаҳри Шероз аст. Шаҳри Шероз ва мардуми устони Форс ба унвони мардуми меҳмоннавоз, сулҳҷӯ ва албатта дар умури фарҳангӣ ва илмӣ ҷустуҷӯгар матраҳ буданд ва матраҳ ҳастанд. Ҳама гуна зарфият дар устон вуҷуд дорад”, - гуфт Амирӣ.

♦️Намоиши филмҳои шоирона

Руҳуллоҳ Ҳусайнӣ, дабири Ҷашнвораи 43-юми байналмилалии филмҳои “Фаҷр”, дар суханронии худ ба аҳамияти “синамои шоирона” ва бозгашт ба зиндагии инсонӣ таваҷҷуҳ зоҳир кард.

Ӯ таъкид дошт, ҳадафи ҷашнвора намоиши филмҳое мебошад, ки инсониро тасвир мекунанд, на танҳо воқеаҳои фавқулоддаро.

“Мо дар ин ҷашнвора бо ҳам беш аз 50 филм аз нуқоти мухталифи ҷаҳон, аз рангҳо, нажодҳо, забонҳо ва фарҳангҳои гуногунро хоҳем дид. Дар ин осор ағлаб тасвир ва садо дар ҳам меомезанд; на барои ин ки як воқеаи хориқулъодаро тавлид кунанд, балки мекӯшанд як зистҷаҳонро халқ кунанд. Ҳар макс, ҳар сукут гоҳе метавонад ба андозаи як гуфта ё диалог ва чӣ басо бештар муҳим бошад, - гуфт роҳбари ҷашнвора.
Ӯ афзуд, "тардиде нест, ки ҷаҳони имрӯз беш аз ҳар замони дигаре ниёзманди ривоятҳои содиқонаи инсонӣ ва шоирона аст. Ҷаҳони хаста аз хушунат метавонад бо тасовири ором, бо садоҳои нарм ва ривоятҳои содиқона мудова шавад".

"Умедворем ҷашнвора ба меъодгоҳи филмсозоне табдил шавад, ки таҷрибаҳои сода, аммо фаромӯшшудаи инсониро дубора ба мо ёдоварӣ мекунанд; касоне, ки бо забони тасвир ба мо ба ёд меоваранд ҳанӯз метавон ба оромӣ нигоҳ кард, гӯш кард ва онро амиқ фаҳмид", - афзуд Ҳусайнӣ.

♦️"Моҳӣ дар шаст" - муаррифгари Тоҷикистон

Дар Ҷашнвораи 43-юми байналмилалии филмҳои "Фаҷр", ки беш аз 50 филм бо ҳам рақобат мекунанд, филми ҳунарии "Моҳӣ дар шаст" Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад.

Ин филми муштараки Тоҷикистону Эрон, ки ба коргардонии Муҳиддини Музаффар офарида шудааст, қиссаи таъсирбахши писарбачаи даҳсолае ба номи Далерро ҳикоят мекунад, ки тарбиятгирандаи мактаб-интернат буда, ҳамроҳи Самади қиморбоз ба сафари тӯлонӣ аз шимол то ҷануби Тоҷикистон барои ҷустуҷӯи модараш мебарояд.

Ин сафар на танҳо достони ҷустуҷӯи модари кӯдак, балки тағйири ботини ӯ ва атрофиёнаш низ мебошад. Филм бо забони рамзу василаи ҳунарӣ ҷаҳони ботинии қаҳрамононро пеши рӯи бинанда боз мекунад ва паёмҳое дар бораи маънии зиндагӣ, озодагӣ ва қадру қимати инсонро дорад.

Дар бораи филми ҳунарии Моҳӣ дар шаст дар ин матлаби "Азия-Плюс" маълумоти муфассал мутолиа кунед.

Дар Ҷашнвораи 43-юми байналмилалии филмҳои "Фаҷр" коргардони филм Муҳиддин Музаффар ва рӯзноманигорони "Азия-Плюс" ширкат мекунанд.

♦️Таърихчаи Ҷашнвораи филмҳои Фаҷр

Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои Фаҷр яке аз ҷашнвораҳои бонуфузтарини синамоӣ дар Ховари Миёна ба шумор меравад.

Ин ҷашнвора бори нахуст дар соли 1982 таъсис ёфта, ҳамасола дар моҳи баҳман (феврал) ба муносибати даҳҳаи Фаҷр (солгарди пирӯзии Инқилоби исломӣ дар Эрон) баргузор мешавад.

“Фаҷр” ҳамчун як намоишгоҳи бузурги ҳунарӣ, ба тавлидоти синамои Эрон ва ҷаҳонӣ дар давраи яксола тамаркуз мекунад.

Ин давраи 43-юми баргузории ҷашнвора аст. То ин дам, аксари давраҳо дар Теҳрон баргузор мешуданд, аммо баргузории он дар Шероз иқдоми нав барои тақвияти фарҳанг ва ҳунар дар музофоти Эрон унвон мешавад.

❗️Ҷазои 120 соҳибкор бо гумони қимат кардани нархи гӯшт дар Душанбе Мақомот дар пайи як санҷиш дар шаҳри Душанбе, 120 со...
29/11/2025

❗️Ҷазои 120 соҳибкор бо гумони қимат кардани нархи гӯшт дар Душанбе

Мақомот дар пайи як санҷиш дар шаҳри Душанбе, 120 соҳибкорро бо гумони аз меъёр гарон фурӯхтани гӯшт ҷазо додаанд. Дар ин бора Раёсати корҳои дохилӣ дар пойтахт хабар додааст.

Ба гуфтаи ин ниҳод, ҳамаи онҳо бар асоси моддаҳои 627 (фиреби истеъмолкунандагон) ва моддаи 555 (худсарона баланд бардоштани нархи махсулот)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима шудаанд. Миқдори ҷаримаи онҳо мушаххас нест, вале моддаи 627 -и КҲМ аз 7500 сомонӣ (100 то 200 нишондиҳанда) ва моддаи 555 аз 3750 сомонӣ (50 нишондиҳанда) бештар ҷарима пешбинӣ мекунад.

Назари соҳибкорон дар робита ба ин гуфтаҳои мақомот маълум нест.

Мақомот гуфтаанд , ки дар пайи санҷиши худ ҳолатҳои зиёди худсарона боло бурдани нархи озуқавориро ошкор карда, барои ислоҳи ин вазъ ба соҳибкорон огоҳии қатъӣ додаанд.

Пулиси Душанбе дар робита ба ин, аз тоҷирон даъват кардааст, ки нархи маҳсулотро худсарона баланд набардоранд.

Акси марбут

⚡️Дар Академияи мусаввирони Тоҷикистон Рӯзҳои дарҳои боз ҷараён дорад. Ин чорабинӣ рӯзҳои 29 ва 30-юми ноябр баргузор шу...
29/11/2025

⚡️Дар Академияи мусаввирони Тоҷикистон Рӯзҳои дарҳои боз ҷараён дорад.

Ин чорабинӣ рӯзҳои 29 ва 30-юми ноябр баргузор шуда, хоҳишмандон дар ин рӯзҳо метавонанд бо асарҳои рассомони муосир шинос шаванд.

Академияи мусаввирон дар кӯчаи Шамсӣ (наздики Донишгоҳи тиббӣ ва бемористони Қарияи боло) ҷойгир аст.

Хабарнигори “Азия-Плюс” аз ин макон суратгузориш омода кард.

29/11/2025

#СОҲИБҶАШН

Имрӯз сарояндаи мумтози тоҷик Кароматуллоҳ Қурбон зодрӯз дорад. Агар умр вафо мекард, ӯ 64-сола мешуд.

Ҳарчанд ӯ дар авҷи шӯҳрат ва ҷавонӣ кушта шуд, аммо сурудҳои ин сарояндаи маҳбуб то ҳол вирди забонҳост.

Ӯ бештар аз 76 суруд сароидааст. Сурудҳои ӯ мазмуни баланд дошта, бо сабки ҷадид эҷод шудаанд. Маъруфтарини онҳо “Санги мазорам”, “Лаъли лабони ман биё” ва “Сабзак лаби ҷӯ” мебошанд.

Кароматуллоҳ Қурбон сабки ҳиндиро дӯст медошт ва ҳатто дар мусиқии миллӣ аз асбобҳои ҳиндӣ истифода мекард.

Ҳатто агар дар солҳои даҳшатбори 90-ум қотилон тавонистаанд ба таври фоҷиавӣ ӯро кушанд, аммо мактаби ӯро натавонистанд маҳв кунанд. Мактаби ӯ аз давомдортарину пурпайравтарин мактабҳои эстрадаи тоҷик аст.

Кароматуллоҳ Қурбон натанҳо фаромӯш нашуд, балки дар ёду қалбҳо маъво гирифт.

Ёду хотири сарояндаи мумтоз, Кароматуллоҳ Қурбон гиромӣ бод!

⚡️Боздошти муассиси корхонае дар Душанбе бо гумони дастдарозӣ ба як духтари 14-сола.🚨Пулиси Душанбе аз ӯ Султан Бобозода...
29/11/2025

⚡️Боздошти муассиси корхонае дар Душанбе бо гумони дастдарозӣ ба як духтари 14-сола.

🚨Пулиси Душанбе аз ӯ Султан Бобозода ном бурда, гуфтааст, ки сокини 32-солаи пойтахт аст.

Ба гуфтаи манбаъ, боздоштшуда муассиси ҶДММ “Дунёи кӯдакон”, воқеъ дар кӯчаи Нусратулло Махсум буда, як духтари 14-сола аз Душанберо ҳамчун хазинадор ба кор қабул кардааст.

Пулис пойтахт рӯзи 28-уми ноябр навиштааст, ки гумонбар “аз оҷизӣ ва эҳтиёҷмандии ин ноболиғ истифода бурда, нисбаташ ҳаракатҳои бадахлоқона анҷом додааст”.

Назари Султан Бобозода ба ин гуфтаҳои мақомот маълум нест.

Ҳоло алайҳи ӯ бо гумони ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахсе, ки ҳанӯз ба 16-сола нашудааст (моддаи 141 КҶ), парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст. Бар асоси ин иттиҳом, ба гумонбар аз 2 то 5 соли зиндон ҷазо таҳдид мекунад.

Address

М. Турсунзода 14/21, ошёнаи 2
Dushanbe

Opening Hours

Monday 08:00 - 18:00
Tuesday 08:00 - 18:00
Wednesday 08:00 - 18:00
Thursday 08:00 - 18:00
Friday 08:00 - 18:00

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Азия-Плюс тоҷикӣ posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Contact The Business

Send a message to Азия-Плюс тоҷикӣ:

Share