Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

  • Home
  • Tajikistan
  • Dushanbe
  • Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

ТУ ШАҲРИ ГУЛБАДОМОНӢ, ДУШАНБЕ!!!
27/09/2025

ТУ ШАҲРИ ГУЛБАДОМОНӢ, ДУШАНБЕ!!!

26/09/2025

ИҶЛОСИЯИ СЕЮМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ
ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ.

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ КОМИССИЯИ ДОИМИИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ Дар толори маҷлисии Мақомоти иҷроияи ҳ...
24/09/2025

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ КОМИССИЯИ ДОИМИИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дар толори маҷлисии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ҷаласаи Комиссияи маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо роҳбарии раиси комиссия оид ба буҷет ва идораю ихтиёрдории моликияти коммуналӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа масалаҳои бандҳои дахлдори Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 30 декабри соли 2024 №905, ҷиҳати таҳлилу омӯзиши вазъи ҷамъоварии иҷорапулӣ аз истифодаи обектҳои моликияти коммуналии шаҳри Душанбе, таҳлил ва омӯзиши ҳолату фаъолияти раёсатҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе оди ба иҷрои буҷет ва идораю ихтиёрдории моликияти коммуналӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додад шуд.

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ КОМИССИЯИ ДОИМИИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ш. Душанбе. 24.09.2025. Имрӯз дар толо...
24/09/2025

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ КОМИССИЯИ ДОИМИИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ш. Душанбе. 24.09.2025. Имрӯз дар толори маҷлисии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ҷаласаи Комиссияи маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо роҳбарии раиси комиссия оид ба меъморӣ, шаҳрсозӣ, сохтмон ва ободонӣ Абдураҳимзода Парвиз баргузор гардид. Дар оғоз қайд гардид, вазифаи асосии вакилон, ин ҳимоя ва пуштибонӣ аз ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва намояндагии онҳо дар назди ҳокимияти давлатӣ маҳсуб ёфта, мо ҳамчун вакил бояд рисолати худ, яъне хизмат ба халқу Ватанро бо садоқат ва масъулияти баланд анҷом диҳем.
Дар ҷаласаи мазкур масалаҳои бандҳои дахлдори Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 30 декабри соли 2024 №905, «Дар бораи тасдиқи Нақшаи кори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум ва комиссияҳои доимию муваққатӣ барои соли 2025» ҳамчунин, корҳои ибтидоии ташкилӣ ва барномарезии фаъолияти комиссия дар асоси нақшаи мазкур ва ғайраҳо мавриди баррасии амиқ қарор гирифт.

23/09/2025

НАТИҶАИ САФАРИ КОРИИ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ АЗ ШАҲРИ БИШКЕКИ ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН

МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ДАР ПОЙТАХТИмрӯз аҳли кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бо роҳбарии муови...
20/09/2025

МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ДАР ПОЙТАХТ

Имрӯз аҳли кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бо роҳбарии муовинони Раиси шаҳр, дастаҷамъона дар маъракаи пахтачинӣ дар пойтахт фаъолона ширкат варзиданд.

БАРГУЗОРИИ DITE - 2025 ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕш. Душанбе. 18.09.2025. Имрӯз дар Маркази байналмилалии намоишгоҳии Душанбе (Dus...
18/09/2025

БАРГУЗОРИИ DITE - 2025 ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ш. Душанбе. 18.09.2025. Имрӯз дар Маркази байналмилалии намоишгоҳии Душанбе (Dushanbe Expo) Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе (Dushanbe International Tourism Exhibition, DITE) - 2025 ифтитоҳ гардид,
Намоишгоҳ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дастгирии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ширкати сайёҳии «Сомон Трэвел» ва дигар шарикони рушд ташкил карда шуд.
Зимни ифтитоҳи намоишгоҳ муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода иброз намуд, ки чунин намоишгоҳҳо ба рушди устувори соҳаи сайёҳӣ, муаррифии иқтидори бойи табиӣ, фарҳангӣ ва таърихии мамлакат ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ мусоидат менамоянд.
Тоҷикистон давлати дорои табиату кӯҳҳои нотакрор, пиряхҳои бузург, дарёҳои бешумор, обҳои маъданӣ, шифобахшу ширин, фарҳанги бостонию асил буда, пайваста таваҷҷуҳи мардуми ҷаҳонро ҷалб менамояд. Хусусан, шаҳри Душанбе-пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бойи сайёҳӣ буда, барои рушди соҳа инфрасохтори мукаммали он беш аз пеш хизмат мерасонад. Ҳамин аст, ки аз шумораи умумии 761 ҳазору 391 сайёҳе, ки дар нимсолаи аввали соли 2025 тавассути ҳама гузаргоҳҳои сарҳадӣ ба мамлакат ворид шудаанд, тақрибан 60 дарсад ё 456 ҳазору 835 нафари онҳо ба шаҳри Душанбе омада, аз хизматрасонии сайёҳии он истифода бурдаанд.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумахонзода, Вазири сайёҳии Черногория ва Раиси Комиссияи сайёҳии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Аврупо Симонида Кордич низ аҳамияти баргузории чунин намоишгоҳи муҳташамро барои рушди соҳаи сайёҳӣ таъкид карданд.
Намоишгоҳ имконияти сайёҳӣ ва инфрасохтори мамлакатро муаррифӣ намуда, ҷалби сайёҳон ва сармояи хориҷиро афзоиш медиҳад.
Чунин намоишҳо ҳамкории байналмилалиро тақвият дода, барои рушди сайёҳии дохилӣ ва байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Пас аз ифтитоҳи намоишгоҳ меҳмонон бо имконияту зарфият ва молу хизматрасонии ширкатҳои иштирокчӣ шинос шуданд.
Ҳадафи намоишгоҳ рушди соҳаи сайёҳӣ, ташкили бозори сайёҳии минтақа дар шаҳри Душанбе, муаррифии иқтидори бойи табиӣ, сайёҳиву фарҳангӣ ва табобатию солимгардонии мамлакат, омӯзиши таҷрибаи пешқадам, ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои сайёҳӣ, таҳкими ҳамкории соҳавӣ ва бародаршаҳрӣ, рушди шарикӣ бо субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ ва дар ин замина таҳияи стратегияҳои муштараки сайёҳӣ ба шумор меравад.
Тасмим гирифта шуд, ки Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе дар доираи таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ ҳамасола дар пойтахти мамлакат баргузор карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе то 20 сентябр идома меёбад.

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ КОМИССИЯИ ДОИМИИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ш. Душанбе. 17.09.2025. Имрӯз дар толо...
17/09/2025

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ КОМИССИЯИ ДОИМИИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ш. Душанбе. 17.09.2025. Имрӯз дар толори маҷлисии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ҷаласаи Комиссияи маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо роҳбарии раиси комиссия оид ба нақлиёт, коммуникатсия вабеҳдошти роҳҳо Махсум Валиҷон Ҳомид баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур масалаҳои таҳлили ҳолат ва фаъолияти Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе дар хатсайрҳои ҳудуди ноҳияҳои шаҳр, риояи талаботи қонунгузории соҳаи нақлиёт аз ҷумла иҷозатнома, варақаҳои назоратӣ, сертификат, шаҳодатномаи бақайдгирӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои нақлиёт, риояи вазъи талаботи техникии воситаҳои нақлиёт, интиқоли борҳо, мусофирон ва бағоҷ, ҳамчунин таҳлили вазъи феълии сифат ва рафти корҳои сохтмонӣ, азнавсозӣ ва таҷдиди роҳҳои истифодаи умум ва иншоотҳои сунъии онҳо (эстакадаҳо ва пулҳо) дар ҳудуди ноҳияҳои шаҳри Душанбе мавриди баррасии амиқ қарор гирифт.

МУЛОҚОТИ МУОВИНИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БО ПРЕЗИДЕНТИ AIM    ш. Душанбе. 17.09.2025. Имрӯз дар бинои Мақомоти иҷроия ҳокими...
17/09/2025

МУЛОҚОТИ МУОВИНИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БО ПРЕЗИДЕНТИ AIM

ш. Душанбе. 17.09.2025. Имрӯз дар бинои Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мулоқоти муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон бо Президенти анҷумани сармоягузорӣ «Annual Investment Meeting (AIM) Congress» Довуд Ал-Шезавӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои роҳҳои ҳамкории стратегӣ, дурнамои рушд ва густариши ҳамкориҳоро дар соҳаҳои манфиатбахш баррасӣ намуданд.

МУЛОҚОТ БО КОРМАНДОНИ КУМИТАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН17 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷики...
17/09/2025

МУЛОҚОТ БО КОРМАНДОНИ КУМИТАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

17 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои нави Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарону кормандони соҳа мулоқот намуданд.
Нахуст, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва зерсохторҳои онро ба муносибати ифтитоҳи иншооти муосир – бинои муосири кумита самимона табрик гуфтанд.
Таъкид гардид, ки тайи солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати кишвар аксари сохторҳои кумита дар ҷумҳурӣ бо биноҳои нави маъмурӣ таъмин гардиданд, ки арзиши умумии сохтмони онҳо беш аз 200 миллион сомонӣ мебошад.
Гуфта шуд, ки тибқи нақшаи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ иловатан 4 бинои маъмурӣ барои кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои кишвар бо харҷи зиёда аз 40 миллион сомонӣ ба истифода дода мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки баҳри беҳтар намудани вазъи иҷтимоии кормандони соҳа дар шаҳри Душанбе бунёди ду бинои 11-ошёнаи истиқоматӣ барои 120 оила бо арзиши 59 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд.
Зарур шумурда шуд, ки роҳбарият ва ҳар як корманди соҳа бо истифода аз шароиту имкониятҳои муҳайёгардида вазифаҳои хизматии худро бо дарки баланди масъулият иҷро намоянд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи муҳити зист, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва таъмин намудани амнияти экологиро вазифаи бисёр муҳимми ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла кишвари мо маънидод карда, изҳор доштанд, ки ин вазифаҳои басо муҳим амалӣ кардани чораҳои таъхирнопазир ва муассирро тақозо менамоянд.
Кумитаи ҳифзи муҳити зист вазифадор гардид, ки якҷо бо мақомоти марбутаи давлатӣ ва бо истифода аз таҷрибаи пешқадам оид ба такмил додани қонунгузории соҳа, аз ҷумла таҳияи Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стратегияву барномаҳои нави соҳавӣ чораҷӯйӣ намояд.
Зимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба мушкилоти тағйирёбии иқлим ва таъсири манфии пайомадҳои он андешаронӣ намуда, аз ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон, бахусус, дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ёдовар шуданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи фаъолияти шабакаи умумии обуҳавошиносии Тоҷикистонро таҳлил намуда, тавсеаи онҳову дидбонгоҳҳои обченкунии кишвар ва истифода аз таҷҳизоти навинро зарур шумурданд.
Нигоҳ доштани гуногунии биологии кишвар, ҳифзи набототу ҳайвоноти нодир ва пешбурди назорати давлатӣ доир ба истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ самти муҳимми фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист ва дигар вазорату идораҳои дахлдор арзёбӣ карда шуд.
Бо мақсади таъмин намудани рушди минбаъдаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист супориш дода шуд, ки лоиҳаи «Стратегияи миллии ҳифзи гуногунии биологӣ» ва «Барномаи рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда барои солҳои 2026-2030»-ро таҳия ва ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намояд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО ва Кумитаи ҳифзи муҳити зистро вазифадор намуданд, ки дар соли 2026 барои ворид намудани Резервати биосферии Ромит ба Феҳристи шабакаи ҷаҳонии резерватҳои биосферии ЮНЕСКО чораҳои амалӣ андешанд.
Ҳамчунин, ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва дигар мақомоти дахлдори давлатӣ супориш дода шуд, ки дар асоси маълумоти Китоби сурх фаъолияти худро дар самти барқарор ва афзун намудани саршумори ҳайвоноти нодир ва захираи олами наботот самаранок ба роҳ монанд.
Сохторҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор гардиданд, ки барои таҳия ва тасдиқи харитаҳои роҳ ва хатсайрҳои нави сайёҳии экологӣ дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва минтақаҳои дорои аҳаммияти экологӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
Барои рушди низоми рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ зарур шумурда шуд, ки фаъолияти мақомоти дахлдор оид ба омода намудани барномасозон ва дигар мутахассисони соҳибтахассус тавассути бозомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии ватаниву хориҷӣ тақвият дода шавад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи муҳити зистро дар кишвар таҳлил намуда, барои ҳалли мушкилоти экологии мавҷуда дар назди масъулин як қатор вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Аз ҷумла, супориш дода шуд, ки барои татбиқи босамари «Барномаи давлатии кабудизоркунӣ барои давраи то соли 2040» чораҳои иловагӣ роҳандозӣ карда шавад.
Сохторҳои марбута супориш гирифтанд, ки иҷрои нақшаи Барномаи давлатии кабудизоркуниро пурра таъмин намуда, шинонидану парвариши ниҳолҳоро дар асоси қоидаҳои агротехникӣ ба роҳ монанд.
Гуфта шуд, ки ба танзим даровардани масъалаҳои вобаста ба партовҳо, аз ҷумла ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, кашонидан, ба навъҳо ҷудо кардан ва коркарди партовҳои сахти маишӣ дар кишвар беҳбудии ҷиддиро талаб менамояд.
Дар ин зимн, ташкили корхонаҳои калони коркарди партовҳо ва механизмҳои ҳавасмандгардонӣ ва коркарду истифодаи такрории партовҳо амри муҳим дониста шуд.
Ҳамчунин, ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист супориш дода шуд, ки барои ҷалби бештари маблағҳои грантӣ аз ҳисоби фондҳои махсуси иқлимӣ ва созмонҳои байналмилалӣ барои амалӣ намудани стратегияву барномаҳо чораҳои иловагӣ андешад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои давлатӣ ва дигар мақомоти дахлдор супориш доданд, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифтнокии аҳолии кишвар тадбирҳои зарурӣ андешида, бо дар назар гирифтани таҷрибаи пешқадам «Барномаи нави рушди маърифати экологӣ барои солҳои 2026-2030»-ро таҳия ва ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намоянд.
Омода намудани мутахассисони баландихтисоси сатҳи байналмилалии донандаи забонҳои хориҷӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати кишвар маънидод гардида, мувофиқи мақсад дониста шуд, ки дар назди Кумитаи ҳифзи муҳити зист «Институти илмиву таҳқиқотии ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва экосистемаҳо» таъсис дода шавад.
Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист минбаъд низ тамоми донишу таҷриба ва малакаву маҳорати хешро барои иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда равона намуда, рисолати худро бо ҳисси баланди ватандӯстӣ иҷро менамоянд.

ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ МАЪМУРИИ КУМИТАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН17 сентябр Президенти Ҷумҳурии...
17/09/2025

ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ МАЪМУРИИ КУМИТАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

17 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Шевченкои ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бинои нави Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои маъмурӣ аз 9 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он ҳуҷраҳои кории роҳбарият, раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи муҳити зист ва дигар ташкилоту муассисаҳои зерсохтори Кумита, ки қаблан дар дигар ҷойҳо фаъолият доштанд, ҷойгир карда шудааст.
Аснои боздид аз шароит ва имконоти муҳайёгардида дар иншооти тозабунёд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд.
Дар Маркази нави рақамикунонӣ ва инноватсионӣ, ки дар ошёнаи якуми бинои тозабунёди маъмурии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудааст, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Барномаи рақамикунонии муҳити зист, ки бо истифода аз зеҳни сунъӣ идора карда мешавад, шинос шуда, бо як гуруҳ мутахассисони соҳа, суҳбати самимию созанда доир намуданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мутахассисони ҷавон даъват намуданд, ки аз шароиту имкониятҳои мусоид самаранок истифода бурда, ба нафъи давлату миллати хеш содиқона хизмат намоянд.
Дар маркази номбурда, ҳамзамон, бахши рақамикунонӣ, мониторинги сабзиши дарахтон, назорати партовгоҳҳо, вазъи обу ҳаво, муайяннамоии мавзеи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда бо истифода аз аксҳои моҳворавӣ ва дигар бахшҳо ҷой дода шуда, барномасозону мутахассисони ботаҷриба дар маркази мазкур ба кор ҷалб гардидаанд.
Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар Маркази рақамикунонӣ ва инноватсионӣ толори махсус ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ ташкил карда шудааст ва бо истифода аз он мутахассисони ботаҷриба ва сармутахассисони соҳавии Кумита зимни баргузории амалиёти гуногуни назорати давлатӣ ва дар ҳолатҳои зарурӣ ба нозирони минтақаҳои гуногуни кишвар ба таври фосилавӣ тавсияву машваратҳо медиҳанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар бинои маъмурӣ 92 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо 150 ҷой, ошхона, китобхона, бойгонии Кумита, ду толори конфронсӣ, таҳхона барои нақлиёти хизматӣ ва 100 пенели офтобӣ бо иқтидори 70 кВт/с мавҷуд мебошад.
Бинои нави Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд шуда, дар корҳои сохтмонӣ маҳсулоти баландсифати ватанӣ, аз қабили сангҳои серанит, гранит, мармар ва кошинҳои сафолӣ истифода шудааст.
Корҳои сохтмонӣ соли 2022 оғоз ёфта, Фармоишгари бунёди иншоот Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва паймонкори асосӣ ширкати ватании Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мақсад” мебошад.
Сохтмони бинои маъмурӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид.
Гирду атрофи бино чароғон карда шуда, дарахтҳои ҳамешасабз ва гулҳои мавсимӣ шинонида шудааст.
Ифтитоҳи бинои хуштарҳу замонавии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзанда ба кормандони соҳаи муҳити зист дар рӯзҳои таҷлил аз 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон номида шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз коргарону масъулони ин бахш даъват намуданд, ки бо истифода аз шароиту имкониятҳои муҳайёгардида тамоми кушиш ва талоши хешро баҳри таъмини беҳдошти муҳити зист дар кишвар равона созанд.
Дар навбати худ кормандони соҳаи муҳити зисти кишвар барои ғамхорӣ ва дастгириҳои пайваста ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосу қадрдонии амиқи хешро иброз доштанд.

Address

Tajikistan, Street Rudaki 40
Dushanbe

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Contact The Business

Send a message to Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе:

Share