ТВ Душанбе

ТВ Душанбе Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6-уми сентябри соли 2006, №409 таъсис дода шудааст.

Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 28-уми марти соли 2017, №133 “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Раиси шаҳри Душанбе” аз 6-уми сентябри соли 2006, №409” мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”, моддаҳои 8, 26 ва 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсон

и ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ” ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” дар ном, матн ва замимаи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6-уми сентябри соли 2006, №409 “Дар бораи таъсис додани Муассисаи давлатии “Телевизиони Пойтахт” калимаи “Пойтахт” ба калимаи “Душанбе” иваз карда шуда, ба муҳри мудаввар, сиккаҳо ва ҳуҷҷатҳои таъсисии Муассиса тағйироти зарурӣ ворид карда шуд.
Муассис ва маблағгузори Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мебошад.

Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар ноҳияи Фирдавсӣ Бо ибтикори МИҲД-ии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Дшанбе дар толори Донишгоҳи тиҷ...
04/11/2025

Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар ноҳияи Фирдавсӣ

Бо ибтикори МИҲД-ии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Дшанбе дар толори Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон бахшида ба 31-солагии қабули Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид.

Дар чорабинӣ муовини раиси шаҳри Душанбе Саломзода Раҳмиддин, раиси ноҳияи Фирдавсӣ Сафарзода Дилшод Ғанӣ, прокурори ноҳия суханронӣ намуданд.

Қайд гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки халқи тоҷикро муттаҳид сохт ва тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд, ки барои давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон фоли неке барои пешрафти минбаъда буд. Он воқеъан бахтномаи миллати тоҷик аст, зеро ҳар вақте ки ба таърихи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон назар мекунем, бархурдод хоҳем шуд, ки он дар чӣ гуна вазъияти ҳассос таҳия ва тасдиқ карда шудааст.

Дар охир чорабинии фарҳангӣ пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд, ки хотири аҳли нишастро шод гардонид.

Меҳринисои Абдуҳомид
"ТВ Душанбе"

Форуми ёздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардидСанаи 4-уми ноябри соли 2025 дар Китобхон...
04/11/2025

Форуми ёздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид

Санаи 4-уми ноябри соли 2025 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар арафаи таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибикори Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми ёздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Дар ҷараёни Форум зикр карда шуд, ки Конститутсия дар баробари танзими масъалаҳои муҳимми давлатӣ, барои ташаккул, рушд ва таҳкими низоми ҳуқуқӣ замина гузошта, ба таҳкими сиёсати ҳуқуқӣ, рушди қонунгузорӣ ва фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ бо дар назар доштани рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва принсипҳои давлати соҳибихтиёр, демокративу ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ мусоидат мекунад.

Тафсилоти бештари мавзуъ дар гузориши Сарвиноз Гулова шоми имрӯз дар барномаи иттилоотии "Вақт" пахш мегардад.

Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони "Нақши Конститутсия дар рушди давлатдории миллӣ" Баргузории ҳамоишҳои илмиву ма...
04/11/2025

Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони "Нақши Конститутсия дар рушди давлатдории миллӣ"

Баргузории ҳамоишҳои илмиву маърифатӣ дар сохтору мақомоти гуногун ба муносибати 31 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон идлома дорад.

Зимнан бо ибтикори ҲХДТ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин муносибат конференсияи илмӣ-назариявӣ созмон дода шуд. Ҳамоиш зери унвони "Нақши Конститутсия дар рушди давлатдории миллӣ" ҷараён гирифт.

Дар кори ҳамоиш муовини якуми Раиси ҲХДТ Маликшо Неъматзода, олимону донишмандон ва масъулини сохтору мақомоти дахлдор ширкат намуданд.

Шарҳи бештар аз раванди ин чорабинӣ дар гузориши Мунаввара Мирхолова шоми 04.11.2025 дар барномаи иттилоотии "Вақт" аз "Телевизиони Душанбе" манзури бинандагон мегардад.

ҶАДВАЛИ БАРНОМАҲО - 04.11.2025
04/11/2025

ҶАДВАЛИ БАРНОМАҲО - 04.11.2025

04/11/2025

Nyd de videoer og den musik, du holder af, upload originalt indhold, og del det hele med venner, familie og verden på YouTube.

03/11/2025

3 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Давҳаи Давлати Қатар шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии...

Ҳамоиши маърифатӣ дар Вазорати фарҳангБа муносибати 31 солагии Рӯзи Конститутсия дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикист...
03/11/2025

Ҳамоиши маърифатӣ дар Вазорати фарҳанг

Ба муносибати 31 солагии Рӯзи Конститутсия дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд.

Ширкатдорон дар раванди чорабинӣ доир ба арзиши ин санади олӣ андешаронӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки дар Конститутсия принсипу меъёрҳои бунёдии ҷомеа ва давлат муқаррар шудаанд, ки онҳо асоси сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсати хориҷии давлатро ташкил медиҳанд.

Конститутсияи Тоҷикистон санади тақдирсоз, роҳнамо ва шаҳодатномаи халқи Тоҷикистон аст. Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди кишвар онро бояд азизу муқаддас шуморад ва ба он ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ арҷ гузорад.

Ширкатдорони дигари чорабинӣ низ доир ба аҳамияти Конститутсия дар низоми давлатдорӣ баромад карданд.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"

03/11/2025

Оғози сафари корӣ ба Давлати Қатар
03.11.2025

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #Тоҷикистон #Таджикистан #Президент #Тоҷикон #Таджики #Қатар #Катар

03/11/2025

Оғози сафари корӣ ба Давлати Қатар
03.11.2025

ИДОМАИ ҶАДВАЛИ БАРНОМАҲО - 03.11.2025
03/11/2025

ИДОМАИ ҶАДВАЛИ БАРНОМАҲО - 03.11.2025

Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар ноҳияи ШоҳмансурБо мақсади таҷлили 31-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар...
03/11/2025

Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар ноҳияи Шоҳмансур

Бо мақсади таҷлили 31-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе ба имзо расидааст. Ҷиҳати иҷрои он дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳр ҳамоиши тантанавӣ ташкил шуд.

Чорабинӣ бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур дар толори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ гузаронида шуда, дар он намояндаи Ҳукумати Ҷуамҳурии Тоҷикистон, масъулини МИҲД шаҳри Душанбе ва роҳбарияту фаъолони ноҳияи Шоҳмансур ширкат намуданд.

Зимни баромади масъулин зикр рафт, ки дар асоси меъёрҳои Конститутсия пояҳои устувори ҷомеа ва давлати мо созмон дода шуд, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ таҳким ёфт, рушди устувори сиёсӣ ва иқтисодии кишварамон таъмин гардида, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона фароҳам омад.

Дар идомаи чорабинӣ як қатор фаъолон қадрдонӣ гардиданд.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"

Ҳамоиши тантанавии Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи Конститутсия31-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳ...
03/11/2025

Ҳамоиши тантанавии Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи Конститутсия

31-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шоҳсутуни асосии давлат ва давлатдории миллии тоҷикон маҳсуб меёбад, барои ҳар як шаҳрванди кишвари азизамон рӯйдоди воқеан муҳими таърихӣ ва тақдирсоз мебошад. Ба ин муносибат бо ибтикори Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор шуд.

Дар ҳамоиши тантанавӣ роҳбарияти Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, донишмандону коршиносони соҳа, роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳр ва табибони пойтахт ширкат намуданд.

Дар ҷараёни ҳамоиш таъкид шуд, ки Конститусия санади воло ва сарнавиштсози миллат буда, бо қабули он роҳ ба суйи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ боз шуд. Дар ин ҳуҷҷати олӣ мақсаду маром, орзуву омоли миллати тоҷик ва сохти далватдории кишвари мо дарҷ гардидааст. Ҳамин аст, ки солгарди қабули он ҳамасола дар кишвар қайд карда мешавад.

Мавриди зикр аст, ки Конститутсия Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи қонуни олии мамлакат сабт намуда, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии таҳкиму пешрафти онро мутобиқи меъёрҳои эътирофшудаи муосир муқаррар кард.

Мунаввара Мирхолова
"ТВ Душанбе"

Address

шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 18
Dushanbe
734000

Opening Hours

Monday 06:00 - 00:20
Tuesday 06:00 - 00:20
Wednesday 06:00 - 00:20
Thursday 06:00 - 00:20
Friday 06:00 - 00:20
Saturday 06:00 - 00:20
Sunday 06:00 - 00:00

Telephone

+992203314441

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when ТВ Душанбе posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Contact The Business

Send a message to ТВ Душанбе:

Share

Category