Маҷаллаи “Дин ва ҷомеа”

  • Home
  • Маҷаллаи “Дин ва ҷомеа”

Маҷаллаи “Дин ва ҷомеа” Маҷаллаи динӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ

ЧАРО МОҲИ РАМАЗОН 29 РӮЗ ШУД?Қавли муътамад ва роҷеҳ дар мазҳаби ҳанафӣ ин аст, ки тафовути матлаъҳо эътибор надорад, па...
27/03/2025

ЧАРО МОҲИ РАМАЗОН 29 РӮЗ ШУД?

Қавли муътамад ва роҷеҳ дар мазҳаби ҳанафӣ ин аст, ки тафовути матлаъҳо эътибор надорад, пас вақте ки руъяти моҳ дар кишваре собит гардад, бар ҳамаи мусулмонон амал ба он воҷиб мегардад, аз ин рӯ, тибқи зоҳири мазҳаб бо дидани сокинони мағрибзамин рӯза гирифтан ба сокинони машриқзамин лозим мегардад». («Расоили Ибни Обидин», ҷ. 1, с. 229-229).
Моҳи қамарӣ 29 рӯз ё 30 рӯз мешавад, зеро дар ҳадис омадааст: «Мо уммати уммӣ ҳастем, навиштану ҳисоб карданро намедонем, моҳ гоҳе ин қадар ва гоҳе ин қадар мешавад, яъне гоҳе 29 рӯз ва гоҳе 30 рӯз мешавад» (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).
Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) ривоят аст, ки фармуд: «Чанд соле, ки ҳамроҳи Пайғамбар (с) рӯза доштем, рӯзаи 29-рӯзаамон аз рӯзаи 30 рӯзаамон бештар буд» (Ривояти Абӯдовуд).
Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) боз ривоят аст, ки фармуд: «Чанд боре, ки ҳамроҳи Пайғамбар (с) рӯза дошта будам, аксараш 29-рӯзӣ буд». Дар ин боб аз Умар (р), Абуҳурайра (р), Оиша (р), Саъд иби Абуваққос (р) , Ибни Аббос (р), Ибни Умар (р), Анас (р), Умми Салама (р) ва Абубакра (р) низ ривоят шудааст, ки Пайғамбар (с) фармуданд: «Моҳ гоҳе 29 рӯз мешавад» (Ривояти Тирмизӣ).
Вақте ки руъяти моҳ аз назари ниҳоди муътамад собит гардад, огоҳ кардани мардум барои шуруъ намудани рӯзаи Рамазон ё рӯзи ид ва баргузор кардани намози иди Фитр ва ё намози иди Қурбон ва забҳи қурбонӣ воҷиб мешавад («Мавсуъаи фиқҳӣ»).
Аз Абдурраҳмон ибни Абубакра аз падараш ривоят шудааст, ки Пайғамбар (с) фармуданд: «Ду моҳи ид, яъне моҳи Рамазон ва моҳи Зулҳиҷҷа кам намешаванд». Хаттобӣ мегӯяд: Уламо дар таъвили ин ҳадис назарҳои мухталиф баён кардаанд. Баъзе гуфтаанд, ки агарчи ин ду моҳ аз рӯи ҳисоб кам ҳам шаванд, аз рӯи ҳукм кам намешаванд. Баъзе гуфтаанд: Маънои ҳадис ин аст, ки ин ду моҳ дар аҷру савоб кам намешаванд ва агар Рамазон 29 рӯз ҳам шавад, дар аҷру подош комил аст.
Таҳовӣ мегӯяд: «Ман воқеъан мушоҳида кардам, ки моҳи Рамазон ва ҳамчунин моҳи Зулҳиҷҷа 29 рӯз шудааст». Исҳоқ ва Бухорӣ мегӯянд: «Дар ҳақиқат ду моҳи ид дар аҷру подош кам намешаванд, агарчи яке ё ҳар ду 29 рӯз ҳам шаванд» («Ал-арфуш-шазӣ», шарҳи «Сунан»-и Тирмизӣ).
Аз Абубакра (р) ривоят шуда, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Ду моҳи ид (яъне моҳи Рамазон ва моҳи Зулҳиҷҷа) кам намешаванд (яъне ғолибан аз 30 рӯз кам намешаванд ё ин ки аз рӯи савоб кам намешаванд, агарчи аз рӯи шумор кам шаванд ва ё ин ки дар як сол якҷоя кам намешаванд, мурод ин нест, ки ин ду моҳ ҳиссан кам намешаванд, зеро дар ҳадиси саҳеҳ аз гурӯҳе аз саҳобагон ривоят шудааст, ки гуфтаанд: «Он чи бо Пайғамбар (с) 29 рӯз рӯза доштем, бештар аз он аст, ки бо ӯ 30 рӯз рӯза доштаем». Аз ҳамин сабаб аст, ки бархе ҳофизони ҳадис фармудаанд: «Расули Худо (с) нуҳ Рамазон рӯза дошта буданд ва аз ин миқдор фақат ду Рамазонро 30 рӯзӣ рӯза гирифтаанд, чунонки дар шарҳи Ибни Ҳаҷар зикр шудааст» («Мирқотул-мафотеҳ», шарҳи «Мишкотул-масобеҳ»).
Тибқи қарори Шӯрои уламо имсол моҳи шарифи Рамазон дар қаламрави кишвар 29 рӯзро дар бар мегирад, ки ба феъли Расули акрам (с) ва саҳобагони гиромии ӯ мувофиқ мебошад, зеро он Ҳазрат (с) дар умри азизи худ моҳи Рамазонро бештар 29-рӯзӣ рӯза доштаанд. Чунонки худи Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) фармудааст, чанд соле ҳамроҳи Пайғамбар (с) рӯза доштем, рӯзаи 29-рӯзаамон аз рӯзаи 30 рӯзаамон бештар буд.
Агарчи имсол моҳи Рамазон 29 рӯз ҳам бошад, ҳеҷ ҷои нигаронӣ надорад ва ҳамагон бояд донанд, ки аҷру савоби он комил аст ва аз ибодати рӯзадорон чизе кам нахоҳад шуд. Вақте ки худи он Ҳазрат (с) 29 рӯз рӯза дошта бошанд, пас 29 рӯз шудани моҳи муборак мувофиқ ба суннати Расули акрам (с) аст.
Раёсати фатвои Маркази
исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

27/03/2025

Расман: 30 март Иди саиди Фитр таҷлил мешавад;
Намози ид дар масҷидҳо соати 06:45 хонда мешавад.

25/02/2025

РАСМАН. 1 март - оғози моҳи шарифи Рамазон. Тақвим дар шарҳи аввал 👇

САИДҶОН СОРБОНХӮҶА – МУРАББИИ ВАҲДАТ ВА НАМУНАИ ХИДМАТ БА ДАВЛАТУ ДИН Рӯзи 7 феврали соли ҷорӣ дар синни 78-солагӣ яке а...
18/02/2025

САИДҶОН СОРБОНХӮҶА – МУРАББИИ ВАҲДАТ ВА НАМУНАИ ХИДМАТ БА ДАВЛАТУ ДИН

Рӯзи 7 феврали соли ҷорӣ дар синни 78-солагӣ яке аз шахсиятҳои барҷастаи диниву иҷтимоии Тоҷикистон – Саидҷон Сорбонхӯҷа (маъруф ба Эшони Саидҷон) аз олам даргузашт. Ӯ ҳамчун руҳонии нуктасанҷ, шахсияти соҳибтаҷриба ва тарғибгари ваҳдату ҳамбастагӣ дар миёни мардум маъруф буд.
Нақши Саидҷон Сорбонхӯҷа, махсусан дар даврони пурошӯби ҷанги шаҳрвандӣ, арзиши воло дорад. Ҳангоме ки кишвар дар гирдоби низоъ қарор дошт, ӯ бо ҳикмат ва нуфузи маънавии худ мардумро ба оромӣ, таҳаммул ва эҳтироми ҳамдигар даъват мекард. Мавқеи муътадил ва оқилонаи ӯ дар таҳкими ваҳдат ва ҳифзи сохти конститутсионӣ таъсири бузург дошт. Дар он рӯзҳои ҳассос, ки ҳар сухани ноҷо метавонист боиси нофаҳмӣ гардад, Эшони Саидҷон бо мавъизаҳои хирадмандонааш ҷомеаро ба сӯи сулҳу субот раҳнамоӣ мекард.
Ҳамеша ҷонибдори сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд ва сиёсати инсондӯстонаи давлатро бо далелҳои динӣ ва иҷтимоӣ дастгирӣ менамуд. Мавқеи устувори ӯ дар масоили ваҳдати миллӣ ва дифоъ аз якпорчагии давлат ӯро миёни мардум ҳамчун шахсияти боэътимод муаррифӣ намуд.
Саидҷон Сорбонхӯҷа солҳо сархатиби масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Бохтар ва ҳамзамон муовини раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар ин вазифаҳо ӯ натанҳо масъулияти раҳнамоии диниро иҷро мекард, балки бо илму маърифати амиқаш масоили муҳими иҷтимоиро низ баррасӣ менамуд.
Мавъизаҳои ӯ натанҳо хусусияти мазҳабӣ, балки иҷтимоӣ ва ахлоқӣ низ доштанд. Ӯ бо далелҳои возеҳ ва суханони равону пурмазмун ба мардум фаҳмонда метавонист, ки дину мазҳаб на василаи тафриқа, балки омили ҳамбастагӣ ва якдигарфаҳмӣ мебошад.
Яке аз хусусиятҳои хоси Эшони Саидҷон муҳаббати самимии ӯ нисбат ба қишри муҳтоҷи ҷомеа буд. Ӯ ҳамеша ба дастгирии ятимону бепарасторон, пиронсолон ва камбизоатон даъват мекард ва худ шахсан дар корҳои хайр саҳм мегузошт.
Ӯ натанҳо бо сухан, балки бо амалҳои нек нишон медод, ки инсони комил бояд дар фикри дастгирии дигарон бошад. Бисёр вақт шахсан барои таъмини ниёзмандон бо озуқа, сару либос ва маблағ мусоидат мекард. Ин амали ӯ боис мегардид, ки дигарон низ аз ӯ ибрат гиранд ва ба корҳои хайру саховат бештар таваҷҷуҳ намоянд.
Фаъолият ва шахсияти Саидҷон Сорбонхӯҷа намунаи равшани як руҳонии хирадманд ва ватандӯст буд. Ӯ тавонист дар миёни мардум ваҳдатро тарғиб намояд ва ба наслҳои ҷавон арзишҳои аслии инсонӣ ва мазҳабиро биомӯзонад.
Хотираи неки ӯ дар қалби ҳазорон нафар боқӣ хоҳад монд. Нақши ӯ дар таҳкими ваҳдати миллӣ, тарғиби дину маърифат ва ҳимояи ормонҳои давлатдорӣ абадӣ хоҳад буд.
Равонаш шод ва охираташ обод бод!

Қиёмиддин Насриддинзода,
мудири шуъбаи дин, танзими анъана
ва ҷашну маросими МИҲД вилояти Хатлон

06/02/2025
06/02/2025
06/02/2025
06/02/2025
Имрӯз дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳои марбут...
06/12/2024

Имрӯз дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳои марбут ба “Ҳафтаи ҳуқуқи инсон” ҳамоиш баргузор гардид.
Дар ҳамоиш роҳбарият ва кормандони Кумита, инчунин намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Чорабиниро муовини раиси Кумита Салим Давлатзода бо сухани муқаддимавӣ ифтитоҳ бахшида, иброз дошт, ки таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои фитрии инсон дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Дар идома намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳайлӣ Қодирӣ дар мавриди вазъи таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар кишвар, меъёрҳои Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ вобаста ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва риояи санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ба таври муфассал изҳори назар намуд.
Дар охири чорабинӣ миёни иштирокдорон табодули афкор сурат гирифт.

30/11/2024

Address


Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Маҷаллаи “Дин ва ҷомеа” posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Contact The Business

Send a message to Маҷаллаи “Дин ва ҷомеа”:

Shortcuts

  • Address
  • Telephone
  • Alerts
  • Contact The Business
  • Claim ownership or report listing
  • Want your business to be the top-listed Media Company?

Share