
24/06/2025
Андоза ва синну соли Коинот аз тасаввуроти муқаррарии инсон берун аст. Хонаи хурди сайёраи мо дар байни абадият ва фарохи фазо гум шудааст. Дар назди Коинот, аксари корҳои инсонӣ ночиз ба назар мерасанд. Ва аммо насли инсон ҷавон, кунҷков, далер ва пур аз ваъда аст. Дар тӯли чанд ҳазорсолаи охир мо дар бораи кори Коинот ва ҷои мо дар он бисёр кашфиётҳои аҷиб ва ғайричашмдошт кардем, кашфиётҳое, ки барои андеша кардан хеле ҳаяҷоноваранд. Онҳо ба мо хотиррасон мекунанд, ки инсон барои ҳайрат таваллуд шудааст, фаҳмиш шодӣ ва дониш зинда мондан аст. Ман боварй дорам, ки ояндаи мо ба он вобаста аст, ки мо ин Коинотро то чи андоза нагз фахмем, ки дар он мо мисли заррае чанг дар осмони субх шино мекунем.
— Карл Саган