rbda_vkd

rbda_vkd ..

Рух додани ду ҳодисаи нохуши нақлиётӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Истаравшан4-уми июли 2023, тахминан соати 05:40-дақиқа,...
05/07/2023

Рух додани ду ҳодисаи нохуши нақлиётӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Истаравшан

4-уми июли 2023, тахминан соати 05:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Раҳимзода Амир Назаралӣ, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Рӯдакӣ-Ҳисор”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, дучархарони ноболиғ, Ёров Умар Давлатович, соли таваллудаш 2011, сокини шаҳри Ҳисорро пахш намудааст.
Дар натиҷа дучархарони ноболиғ Ёров У.Д. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
4-уми июли соли 2023, тахминан соати 22:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Хоҷаев Мурод Муқимович, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Истаравшан ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», дар километри 230-ум бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба тарафи рости роҳ чаппа шудааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур, Акоҷонов Шараф Самиевич, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Таҷлили Рӯзи таъсисёбии БДАБа муносибати Рӯзи таъсисёбии бозрасӣ дар Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии танта...
03/07/2023

Таҷлили Рӯзи таъсисёбии БДА

Ба муносибати Рӯзи таъсисёбии бозрасӣ дар Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генера-майори милитсия Насимзода Акбар Ғиёс, сардори Раёсати бозрасӣ, полковники милитсия Қурбонзода Суҳроб Амиралӣ, намояндагони васоити ахбори омма ва собиқадорону ҳайати шахсии бозрасӣ ширкат намуданд.
Зимни чорабинӣ номаи табрикотии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати таҷлили Рӯзи таъсисиёбии бозрасӣ ба ҳайати шахсии ин ниҳод расонида шуда, ҷиҳати фаъолияти шабонарӯзӣ бо мақсади таъмини тартиботу бехатарии шаҳрвандон, пешгирии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ба кормандони бозрасӣ изҳори миннатдорӣ баён гардид.
Дар идомаи чорабинӣ аз собиқадорони ин ниҳод ёдоварӣ гардида, таъкид карда шуд, ки собиқадорони бозрасӣ дар тули фаъолияти худ баҳри таъмини тартиботу пешгирии қоидавайронкуниҳои ҳаркат дар роҳ аз худ матонату ҷасурӣ нишон дода, ҷоннисориҳо намудаанд. Мардонагию садоқатмнадӣ ва малакаи касбию таҷрибаи собиқадорон барои насли имрӯз ва ҷавони мақомоти милитсия намунаи ибрат ба шумор меравад.
Дар идомаи чорабинӣ як қатор кормандони бозрасӣ барои иҷрои сатҳи баланди уҳдадориҳои хизматӣ бо медали ҷашнӣ ва Ифтихорномаву Сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Корманди БДА, оташро хомӯш ва аз оқибатҳои фалокатбор пешгирӣ намудКормандони мақомоти милитсия дар баробари мубориза ба...
23/06/2023

Корманди БДА, оташро хомӯш ва аз оқибатҳои фалокатбор пешгирӣ намуд

Кормандони мақомоти милитсия дар баробари мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳамзамон дар фаъолияти ҳамарӯзаи кории худ бо мушоҳидаи ҳама гуна ҳодисаҳои нохуш кумаки беғаразонаи худро ба шаҳрвандон мерасонанд. Аз ҷумла, корманди Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, лейтенанти калони милитсия Раҷабов Аъзам Умархонович алангаи оташи воситаи нақлиётро хомӯш намуда, аз оқибатҳои фалокатбор пешгирӣ намуд.
Қобили зикр аст, ки вақтҳои охир аз сабаби ниҳоят гарм шудани ҳаво, оташ гирифтани баъзе аз воситаҳои нақлиёт ба мушоҳида мерасанд.
Аз ҷумла, санаи 23-юми июни соли 2023, тахминан соати 19:00 дақиқа, лейтенанти калони милитсия, Раҷабов Аъзам Умархонович, ки тавассути воситаи нақлиёти худ бо кӯчаи Нисор Муҳаммад ҳаркат дошт, мушоҳида менамояд, ки воситаи нақлиёти тамғаи «Хундай Саната», рақамҳои қайди давлатиаш 8202ВВ01, ки бо кӯчаи мазкур ҳаракат дошт, оташ гирифтааст. Аммо, ронандаи автомашинаи мазкур ба ҳаракати воситаи нақлиёти худ идома дода, аз оташ гирифтани автомашинаи худ хабар надорад.
Корманди бозрасӣ бо мушоҳидаи ин ҳолат пеш аз ҳама қарзи шаҳрвандии худро иҷро намуда, воситаи нақлиёти мазкурро боздошта, бо истифода аз дастгоҳҳои сухторхомушкунӣ ва кӯмаки шаҳрвандон алангаи оташро дарҳол хомӯш кардааст. Воқеан ин амали ҷавонмардонаи номбурда боиси таҳсин буда, ронанда ва модару ду кӯдаки хурдсоли ӯро аз коми оташ ва оқибатҳои фоҷеабор наҷот дод.
Роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ин амалкарди ҷавонмардонаи лейтенанти калони милитсия, Раҷабов Аъзамро намунаи ибрати дигарон хонда, ба ӯ изҳори миннатдорӣ менамоянд.

Address

Душанбе
Dushanbe

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when rbda_vkd posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Share