10/12/2025
📌 Гармшавии сайёра дар соли 2025 рекорди нав гузошт
☀️🌡 Соли 2025, ки рӯ ба анҷом аст, пас аз рекорди соли гузашта дуюмин соли гармтарин дар таърих мешавад. Ба ҳисобҳои нав, ҳарорати миёнаи се соли охир (2023–2025) бори аввал аз +1,5°C нисбат ба давраи тосаноатӣ болотар меравад.
Ин ҳадде буд, ки қариб ҳамаи кишварҳои ҷаҳон дар Созишномаи Париж (2015) ӯҳдадор шуда буданд, онро нигоҳ доранд, менависад BBC.
⚡️Аз он вақт вазъ боз ҳам нигаронкунанда шуд. Аз соли 2015 то 2025, ба иттилои СММ, ҳар як сол дар қатори 11 соли гармтарини тамоми 176 соли ченкуниҳо қарор гирифт. Се соли охир бошад, се ҷойи аввалро дар ин “рейтинг”-и нигаронкунанда ишғол карданд.
☀️ Олимон ҳанӯз дар моҳи август умед доштанд, ки шиддати гармшавӣ каме суст мешавад. Пас аз зимистони ғайриодатии гарм дар нимкураи шимолӣ, тобистон нисбатан салқин омада буд.
❗️Аммо дар охир вазъ ба ҳолати аввала баргашт. Ҳамагӣ каме беш аз се ҳафта пеш аз соли нав Маркази иқлимшиносии Коперник (C3S) назди Иттиҳоди Аврупо эълон кард, ки вазъ дар соли 2025 мисли ду соли пеш аст ва ҷаҳон ба ҳолате ворид мешавад, ки олимон онро нишонаи фоҷиаи иқлимӣ меноманд.
«Ҳарорати миёнаи се сол бори аввал аз +1,5°C болотар меравад. Ин танҳо рақам нест, ин нишонаи тез шудани тағйироти иқлим аст. Ягона роҳи пешгирии оқибатҳои даҳшатнок коҳиши фаврии партоби газҳои гулхонаӣ мебошад»,- гуфт ноиби роҳбари C3S Саманта Бёрҷесс.
Тағйироти иқлим аллакай ба ҷони миллионҳо одамон хатар эҷод кардааст. Хатари фоҷиаи иқлимӣ ин офатҳои нав, фақр ва муҳоҷирати оммавӣ мебошад.
⚡️Ба гуфтаи олимон, тибқи моделҳои мавҷуда, ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ зараре мерасад, ки метавонад ба Бҳҳрони бузурги соли 1929 баробар бошад. Яъне барои ҳамеша аз даст рафтани 10% сарвати ҷаҳонӣ.
«Ноябри соли 2025 сеюмин моҳи гармтарин дар таърихи мушоҳидаҳо шуд. Ин нишондод махсусан дар шимоли Канада ва Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ хеле баланд буд.
Дар ин моҳ шароити иқлимии шадид, аз ҷумла тӯфонҳои тропикӣ дар Ҷанубу Шарқи Осиё рух ба вуҷуд омаданд, ки боиси селҳои харобиовар ва талафоти ҷонӣ гардиданд»,- таъкид карданд дар Маркази Коперник.
#обуҳаво #иқлим #Замин #гармӣ #хабар #Тоҷикистон