01/12/2025
ЭТИКАИ КАСБИИ ЖУРНАЛИСТ
Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Точикистон” тибқи нақшаи корӣ машғулияти омӯзиширо барои кормандони шабакаҳои телевизион ва радио таҳти унвони “Этикаи касбии журналист” оғоз намуд.
Машғулияти мазкур давоми 5 рӯз (аз 01 то 05 декабр) дар толори китобхонаи Муассиса гузаронида мешавад.
Машғулиятро номзади илмҳои филология, дотсенти факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сангин Гулов мегузаронад.
Нахуст омӯзгор (тренер) ба шунавандагон оид ба этикаи касбӣ, меъёрҳои ахлоқии журналист ва риояи он дар ВАО-и кишвар ба таври муфассал маълумот дода, бо мисолҳои мушаххас андешаашро асоснок намуд.
Академияи ВАО
01.12.2025