18/07/2025
ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ ТАРҒИБОТӢ БО СОКИНОНИ МАҲАЛЛАИ “РЕВОМУТК”
Дар маҳаллаи «Ревомутк» вохӯрии гуруҳи тарғиботӣ дар ҳайати роҳбари дастгоҳ-мудири шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар ноҳия Хусрав Ашӯрзода, намояндаи КДАМ дар ноҳия Абдуалӣ Раҳмонов, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ноҳия Исматулло Тошзода, сармутахассиси бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳия Абдуҳамид Амонзода ва собиқадори меҳнат Ҳасан Гулов бо усули «Деҳа ба деҳа» ва «Маҳал ба маҳал» бо иштироки сокинон, имомхатибон, фаъолону шахсиятҳотҳои таъсиргузори маҳалла баргузор гардид.
Зимни суҳбат масъулони тарғиботӣ доир ба нуктаҳои меҳварии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои диниву эктремистӣ, истифодаи оқилонаи телефонҳои мобилӣ, диққати аввалиндараҷа додан ба таълиму тарбияи фарзанд, роҳҳои пешгирии хушунату зӯроварӣ дар оила, ҷалби ҷавонон ба касбомӯзӣ ва варзиш, инкишофи тарзи ҳаёти солим, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, истифодаи самараноки замин, роҳ надодан ба исрофкорӣ, самаранок истифода намудани нерӯи барқ ва дигар масъалаҳои доғи рӯз мубодилаи афкор намуда, сокинонро ба татбиқи амалии нуктаҳои ироагардида даъват намуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ як гурӯҳ фаъолони маҳаллаи мазкур низ бо ҷонибдорӣ аз мулоҳизаҳои масъулони тарғиботӣ фикру андешаҳои судманди худро баён доштанд.
Рустам САЛИМОВ,
сармутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ