Pressa.TJ

Pressa.TJ Пресса.тч сомонаи иттилоотии Тоҷикистон

Аз хабару руйдоди ҳам дохилӣ ва ҳам хориҷӣ огоҳ шуданиед, маводҳои таҳлилӣ ва мусоҳиба бо аҳли зиё хондани ҳастед, пас бо мо бипайвандед!
Пресса тч

Аз мусоҳибаи нависанда Гулсифат Шаҳидӣ– Ту аз хонадони вазир ва Толиб дар хонадони бастакор. Чӣ гуна ин ду муҳит, ки дар...
26/06/2025

Аз мусоҳибаи нависанда Гулсифат Шаҳидӣ

– Ту аз хонадони вазир ва Толиб дар хонадони бастакор. Чӣ гуна ин ду муҳит, ки дар назар яке молпарасту дигаре молики олами рӯҳонӣ ба назар мерасанд, бо ҳам созиш доштанд?

– На ҳамеша вазирон молпарасту бастакорон рӯҳонӣ ҳастанд. Ҳама аз тарбия ва маърифат вобаста аст.

– Шумо чӣ гуна навиштану навохтанро дар як хона созиш додаед?

– То 60-солагӣ эҷод намекардам. Баъд шароит муҳайё шуд, ки ба ҳам халал намерасондем.

– Сарчашмаи муҳаббатат бо Толиб чӣ буд: шахсият ё ҳунараш?

– Одамгарӣ. Зиндагӣ бо эҷодкор осон нест. Бидуни мусиқӣ наметавонад. Ман инро фаҳмидам.

Суҳбат бо нависанда Гулсифат Шаҳидӣ дар партави рисолати зани тоҷик аз муҳаббат то эҷод, аз ватандорӣ то ҳамсарӣ ва модарӣPRESSA.TJ - Tojikiston: YouTube-кан...

Ифтитоҳи бинои нави Прокуратураи ноҳияи Рӯшон26 июн бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯшон бинои замон...
26/06/2025

Ифтитоҳи бинои нави Прокуратураи ноҳияи Рӯшон

26 июн бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯшон бинои замонавии Прокуратураи ноҳия мавриди истифода қарор гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, бинои нави Прокуратураи ноҳияи Рӯшон сеошёна буда, аз 11 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ, ошхона, таҳхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки ба хотири таъмини кормандон бо ҷойи зист, дар ошёнаи сеюми бино 4 ҳуҷраи истиқоматӣ бунёд гардидааст.

“То имрӯз кормандони Прокуратураи ноҳияи Рӯшон дар иншооте фаъолият мекарданд, ки ба талаботи замон ҷавобгӯ набуд”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.

26 июн бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯшон бинои замонавии Прокуратураи ноҳия мавриди истифода қарор гирифт. Бино ба иттилои хадамоти матбуот....

▶️Мусоҳиба бо нависанда Гулсифат Шаҳидӣ – Чӣ гуна бо Толиб Шаҳидӣ издивоҷ кардӣ?– Ба падарам маъқул шуданд. Ман гуфтам, ...
26/06/2025

▶️Мусоҳиба бо нависанда Гулсифат Шаҳидӣ

– Чӣ гуна бо Толиб Шаҳидӣ издивоҷ кардӣ?

– Ба падарам маъқул шуданд. Ман гуфтам, ки бояд аввал донишгоҳро тамом кунам. Падарам гуфтанд, чунин шахс дигар намеояд.

– Мулоқоти аввалинат чӣ гуна гузашт?

– Агар гӯям, механдӣ. Ба ман гуфтанд, ки як нафар ба наздатон меояд. Вақте омад, ҳатто номашро намедонистам. Гуфт, ки мехоҳад дар факултет суҳбат гузаронад. Ман масъули фарҳангро даъват кардам ва худам рафтам.

💬«Муҳаббат на аз як нигоҳ, балки аз эҳтиром, фаҳм ва хомӯшие оғоз шуд, ки дили ду инсонро пайванд дод”.

– Ту аз хонадони вазир ва Толиб дар хонадони бастакор. Чӣ гуна ин ду муҳит, ки дар назар яке молпарасту дигаре молики олами рӯҳонӣ ба назар мерасанд, бо ҳам созиш доштанд?

– На ҳамеша вазирон молпарасту бастакорон рӯҳонӣ ҳастанд. Ҳама аз тарбия ва маърифат вобаста аст.

– Шумо чӣ гуна навиштану навохтанро дар як хона созиш додаед?

– То 60-солагӣ эҷод намекардам. Баъд шароит муҳайё шуд, ки ба ҳам халал намерасондем.

– Сарчашмаи муҳаббатат бо Толиб чӣ буд: шахсият ё ҳунараш?

– Одамгарӣ. Зиндагӣ бо эҷодкор осон нест. Бидуни мусиқӣ наметавонад. Ман инро фаҳмидам.

Тафсилоти бештар дар пайванди зер👇

 I. Насаб ва ҳувият – Гулсифат, то ҷое, ки ман медонистам, ному насаби ту Гулсифат Сатторова буд? – Бале, вале баъди издивоҷ насаби шавҳарам Шаҳидиро гирифтам. – Ту х....

Нархи гандум дар Қазоқистон боло рафта, 1 тоннаи он ба 216-222 доллар расид. Тоҷикистон, ки беш аз 90% гандумро аз Қазоқ...
26/06/2025

Нархи гандум дар Қазоқистон боло рафта, 1 тоннаи он ба 216-222 доллар расид. Тоҷикистон, ки беш аз 90% гандумро аз Қазоқистон ворид мекунад, метавонад бо гароншавии орд, нон ва маҳсулоти дигари ғалладона рӯ ба рӯ шавад.

Нархи гандум дар Қазоқистон боло рафта, 1 тоннаи он ба 216-222 доллар расид. Тоҷикистон, ки беш аз 90% гандумро аз Қазоқистон ворид мекунад, метавонад бо гароншавии орд, н....

Ҳамасола бо фаро расидани фасли тобистон ва баланд шудани ҳарорати ҳаво, хусусан дар шаҳри Хуҷанд ва дигар минтақаҳои ви...
26/06/2025

Ҳамасола бо фаро расидани фасли тобистон ва баланд шудани ҳарорати ҳаво, хусусан дар шаҳри Хуҷанд ва дигар минтақаҳои вилояти Суғд, хавфи пайдоиши бемориҳои сироятӣ меафзояд. Барои маълумоти бештар дар бораи хатари истеъмоли маҳсулоти зудвайроншаванда дар чунин рӯзҳо, хабарнигори Pressa.tj дар вилояти Суғд Фарзона Шамсиева бо Раҳмонзода Султон Раҳмон, директори Маркази назорати давлати санитарию эпидемиологии вилояти Суғд мусоҳиба анҷом дод.

– Рӯзҳои охир ҳаво хеле гарм шудааст. Он чӣ таъсир ба саломатии инсон мерасонад?

— Бале, дар рӯзҳои охир ҳаво хеле гарм шудааст ва дар баъзе ноҳияҳо ҳарорат аз +40°C ҳам зиёд мешавад. Гармии шадид таъсири манфии зиёд ба саломатии инсон дорад. Хусусан, кӯдакони то 5-сола, пиронсолон ва шахсоне, ки бемориҳои музмин доранд, бештар осебпазиранд.
Нурҳои офтоб дар баробари фоидаҳо, ба монанди истеҳсоли витамини D, ҳамчунин метавонанд ба пӯст ва саломатии инсон зарар расонанд. Гармии баланд боиси бемориҳои шадиди рӯдаю меъда, заҳролудшавӣ ва афзоиши бемориҳои сироятӣ мегардад.

– Маркази Шумо барои коҳиши хатарҳои мазкур чӣ тадбирҳо андешидааст?

– Тибқи нақша ва қарори махсуси МНДСЭ-и вилояти Суғд, ҳамасола аз моҳи май фурӯши як қатор маҳсулоти зудвайроншаванда манъ карда мешавад. Дар баробари ин, мо корҳои фаҳмондадиҳӣ, назорат ва пешгирии ҳар гуна бемориҳои сироятиро ба роҳ мондаем.

– Кадом маҳсулот манъ шудаанд?

– Маҳсулоте, ки дар гармии шадид зуд вайрон мешаванд ва муҳити мувофиқ барои афзоиши бактерияҳо мегарданд, манъ шудаанд.

Аз ҷумла, сихкабоби қиммагӣ, маҳсулоти қаннодии кремдор (торт, пирожнӣ), нӯшокиҳои худсохти ташнашикан, консерваҳои хонагӣ, каллаю почаи яхкардашуда, оби ҷав ва хӯришҳои хонагӣ.

Ин маҳсулот дар муҳити гарму беяхдон зуд ба манбаи бактерияҳо табдил ёфта, метавонанд боиси заҳролудшавӣ гарданд.

– Заҳролудшавӣ аз маҳсулоти вайроншуда чӣ нишонаҳо дорад?

– Нишонаҳои асосии заҳролудшавӣ инҳоянд: дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, дарди шадиди шикам, дарунравии шадид. Дар ҳолатҳои вазнин -бемориҳои сироятии рӯда ва ҳатто камхунӣ аст.

Кӯдакон, пиронсолон ва афроди масунияташон заиф бештар дар хатар қарор доранд.

– Пешниҳоди Шумо ба аҳолӣ дар ин рӯзҳои гарми тобистон чист?

– Аввалан, маҳсулоти зудвайроншавандаро танҳо аз нуқтаҳое харидорӣ намоянд, ки шароити хунук кардан доранд. Аз хӯрдани хӯрокҳои кӯчагӣ, хусусан дар гармии рӯз худдорӣ намоянд. Дар хона маҳсулоти тару тозаро ҳатман дар ҳарорати 0–4°C нигоҳ доранд. Меваву сабзавотро хуб шуста, аз истеъмоли маҳсулоти мӯҳлаташ гузашта парҳез кунанд. Беҳуда нагуфтаанд: «Саломатии ҳар кас дар дасти худи ӯст».

Мусоҳиб:

Фарзона Шамсиева

Тафсилоти бештар: https://pressa.tj/wp-admin/post.php?post=241484&action=edit

Фотима Сайдализода, омӯзгори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, дар Озмуни байналмилалии таҳқиқотии «...
26/06/2025

Фотима Сайдализода, омӯзгори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, дар Озмуни байналмилалии таҳқиқотии «Беҳтарин омӯзгор» сазовори дипломи дараҷаи якум гардид.

Фотима Сайдализода, омӯзгори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, дар Озмуни байналмилалии таҳқиқотии «Беҳтарин омӯзгор» сазовори дипломи дараҷ...

26/06/2025


Ифротгароӣ ва терроризм – таҳдид ба амният ва зиндагии ороми мо!
Дар Тоҷикистон қонунҳо ва барномаҳои зиёде барои пешгирии ифротгароии хушунатомез қабул шудаанд. Аммо мубориза танҳо кори давлат нест, ҳар яки мо масъулем.

🔹 Ифротгароӣ чӣ аст?
Ин роҳест, ки одамон бо сабаби норозигӣ, нофаҳмӣ ё таъсири таблиғоти бегона ба хушунат рӯ меоранд. Онҳо аксаран ҷавононро ҳадаф мегиранд.

🔹 Мо чӣ кор карда метавонем?
✅ Хабар диҳем, агар касе ба роҳи хатарнок меравад.
✅ Дастгирӣ кунем онҳое, ки ба мушкилоти равонӣ ё иҷтимоӣ дучоранд.
✅ Бо таҳаммул, муколама ва дониш роҳи дурустро нишон диҳем.
🌱 Ҳамгироии иҷтимоӣ, яъне ҳар шахс худро як қисми муҳими ҷомеа ҳис кунад, кору зиндагӣ ва орзуи фардо дошта бошад.

Фаррух Юсуфӣ, сардори идораи сӯхторнишонии шаҳри Хуҷанд  сабаби сӯхтори шадиди тарабхона ва қаҳвахонаи «Якксарой» (собиқ...
26/06/2025

Фаррух Юсуфӣ, сардори идораи сӯхторнишонии шаҳри Хуҷанд сабаби сӯхтори шадиди тарабхона ва қаҳвахонаи «Якксарой» (собиқ киштии «Темурмалик»)-ро шарҳ дод.

Фаррух Юсуфӣ, сардори идораи сӯхторнишонии шаҳри Хуҷанд сабаби сӯхтори шадиди тарабхона ва қаҳвахонаи «Якксарой» (собиқ киштии «Темурмалик»)-ро шарҳ дод. “Санаи 19...

26 июн бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон  зеристгоҳи барқии 110/35/10 киловолтаи Ҷангал ва т...
26/06/2025

26 июн бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон зеристгоҳи барқии 110/35/10 киловолтаи Ҷангал ва тариқи маҷозӣ 4 неругоҳи барқии обии хурд ифтитоҳ ёфт.

“Сохтмони зеристгоҳ дар ноҳияи Рӯшон дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз соли 2024 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, дар муддати кутоҳ ба охир расидааст”,-иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.

Тибқи иттилои масъулин, зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ дар ноҳияи Рӯшон барои интиқоли 8 мегаватт неруи барқ ба ноҳияҳои Рӯшон, Ванҷ ва Дарвоз пешбинӣ шудааст. Дар он ду трансформатори иқтидори ҳар кадомашон 4 ҳазор киловолт-ампер насб гардидааст.

26 июн бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон зеристгоҳи барқии 110/35/10 киловолтаи Ҷангал ва тариқи маҷозӣ 4 неругоҳи барқии обии хурд ифтитоҳ ....

Имрӯз, 26 июн Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон гармхонаи замонавиро ифтитоҳ намуда, аз намоиши маҳсул...
26/06/2025

Имрӯз, 26 июн Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон гармхонаи замонавиро ифтитоҳ намуда, аз намоиши маҳсулоти кишоварзони ноҳия дидан кард.

Бино ба иттили дафтари матбуоти Сарвари давлат, гармхонаро соҳибкори ватанӣ Руслан Сайнаков дар масоҳати 0,64 гектар дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд намудааст.

Имрӯз, 26 июн Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон гармхонаи замонавиро ифтитоҳ намуда, аз намоиши маҳсулоти кишоварзони ноҳия дидан кард. Бино ба ит...

Ҳабси марди солхӯрда барои рафтори ғайриахлоқӣ нисбат ба набераашРаёсати ВКД дар вилояти Хатлон марди 77-сола, Акрамов Я...
26/06/2025

Ҳабси марди солхӯрда барои рафтори ғайриахлоқӣ нисбат ба наберааш

Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон марди 77-сола, Акрамов Ятим, сокини ноҳияи Мӯъминободро барои ҳаракатҳои бадахлоқона нисбат ба набераи 5-солааш дастгир кард.

Наворе, ки рафтори ин шахсро нишон медиҳад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокуниши шадид ба бор оварда, сабаби нигаронии ҷомеа гардид.

Нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида феълан дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Имрӯз, 25 июн дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон маркази баҳисобгирии зеҳни сунъи...
25/06/2025

Имрӯз, 25 июн дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон маркази баҳисобгирии зеҳни сунъии “Darya AI” ба истифода дода шуд. Марказ дар доираи эълони солҳои 2025-2030, “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” ба таври замонавӣ сохта шуда, ҳуҷраҳои хизматрасонии он бо таҷҳизоти муосири сохти ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ таъмин мебошад.

25-уми июни соли равон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, рафти корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти му...

Address

Шотемур 61
Dushanbe
734000

Opening Hours

Monday 08:00 - 17:00
Tuesday 08:00 - 17:00
Wednesday 08:00 - 17:00
Thursday 08:00 - 17:00
Friday 08:00 - 17:00

Telephone

+992372210084

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Pressa.TJ posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Contact The Business

Send a message to Pressa.TJ:

Share

PRESSA.TJ

http://pressa.tj - Сомонаи иттилоотии Тоҷикистон