Tajikfilm

Call Directions Website Contact the business

Tajikfilm Таджикфильм

11 сентября 1929 год. Испытание прошло успешно. Теперь местные жители, в соответствии с новыми традициями Советской власти, ждали прибытия самого первого пассажирского поезда, Термез – Душанбе, который соединил столицу Таджикистана с всесоюзной железнодорожной сетью. На недавно созданный вокзал в Душанбе, для проведения торжественного мероприятия, собирал много людей, среди которых большинство были правительственные чиновники. Трое европейских мужчин, одетых в привлекательные кожаные шляпы занимались над чем-то, что было совершенно неизвестно для присутствующих. Они расторопно передвигались туда – суда во дворе вокзала, неся с собой штатив, устанавливая его на земле и вставляя незнакомый аппарат на штатив, и закручивали ручку. Потом, повторяли свое дело в другом уголке вокзала. Внезапно привлек внимание людей, появившейся из за поворота поезд и сигналя, приближался к станции. Не было предела волнению и радости, вниманию и изумлению, так как в этом отдаленном крае, в котором не было даже ровных дорог, впервые прибыл «железный конь» (или, как некоторые местные жители называют его «каретой дьявола»). Из присутствующих на станции никто больше не обращал внимания на то, что делали трое мужчин. Трио также приходили в восторг, и словно безостановочно поворачивала ручку своего таинственного ящика. Продолжение на сайте
http://tojikfilm.tj/

ДАР ДУШАНБЕ РӮЗҲОИ КИНОИ ЭРОН БАРГУЗОР МЕГАРДАД.Дар доираи III Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» дар шаҳри Душанбе (аз 15...
28/09/2026

ДАР ДУШАНБЕ РӮЗҲОИ КИНОИ ЭРОН БАРГУЗОР МЕГАРДАД.

Дар доираи III Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» дар шаҳри Душанбе (аз 15 то 20 октябр) Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегардад. Дар ин бора Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар медиҳад.

Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эрон, намояндагони соҳаи синамои Тоҷикистон, коргардонҳо, таҳиягарон, ҳунармандон, ва намояндагони аҳли фарҳангу ҳунар иштирок хоҳанд кард.

Дар доираи Рӯзҳои кинои Эрон филмҳои тозатарини синамои муосири ин кишвар намоиш дода шуда, имкони шиносоӣ бо дастовардҳо ва равандҳои нави синамои Эрон фароҳам мегардад.

Ҳамчунин, мулоқоту вохӯриҳои корӣ ва эҷодии синамогарони Тоҷикистону Эрон баргузор гардида, масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба, табодули таҷриба ва рушди робитаҳои эҷодиву касбӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Баргузории Рӯзҳои кинои Эрон ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва синамоии Тоҷикистону Эрон, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва фароҳам овардани заминаи муносиб барои табодули таҷрибаи синамогарони ду кишвар мусоидат хоҳад кард.

Рӯзҳои кинои Эрон яке аз бахшҳои муҳими барномаи байналмилалии Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба шумор рафта, ба рушди муколамаи фарҳангӣ ва эҷодӣ миёни синамогарони ду кишвар равона шудааст.

25/09/2026

ДУШАНБЕ, 25.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 15 то 20 октябр бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик (16 октябр) дар Душанбе сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ...

АЪЗОИ ҲАЙАТИ ҲАКАМОН БА ИНТИХОБИ ФИЛМҲОИ III СИНАМОҶОИЗАИ МИЛЛИИ «ТОҶИ СОМОН» ОҒОЗ НАМУДАНД.Барои интихоби филмҳои озмун...
22/09/2026

АЪЗОИ ҲАЙАТИ ҲАКАМОН БА ИНТИХОБИ ФИЛМҲОИ III СИНАМОҶОИЗАИ МИЛЛИИ «ТОҶИ СОМОН» ОҒОЗ НАМУДАНД.

Барои интихоби филмҳои озмунӣ дар III Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» таҳти унвони «Қадршиносии ҳунари асил» ҳайати ҳакамон ба баррасӣ ва арзёбии асарҳои пешниҳодшуда оғоз намуд.
Тибқи фармони Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», комиссияи ҳайати ҳакамон дар III Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» таъсис дода шуда, фаъолияти он ба интихоби асарҳои арзандаи синамоӣ ва муайян намудани филмҳои беҳтарин барои марҳилаи ниҳоии озмун равона шудааст.
Дар ҳайати ҳакамон мутахассисони соҳаи кино, коргардонҳо, сенаристҳо, наворбардорон ва муҳаққиқони синамо шомил мебошанд. Роҳбарии ҳакамонро Ҷамшед Усмонов коргардон ва сенариянависи маъруфи тоҷик, аз чеҳраҳои шинохтаи синамои муосири Тоҷикистон, ки филмҳояш дар чандин ҷашнвораҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Ҷашнвораи филми Канн, ба намоиш гузошта шудааст ба ӯҳда дорад.
Аъзои ҳакамон зимни баррасии филмҳо ба сатҳи касбии коргардонӣ, мазмуну муҳтаво, сенария, ҳунари актёрӣ, наворбардорӣ, ҳалли бадеӣ ва дигар ҷанбаҳои эҷодии асарҳои пешниҳодшуда таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.
Тавре қаблан иттилоъ дода шуда буд, барои иштирок дар III Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» қабули филмҳо аз 15 июн оғоз гардида, то 15 сентябр идома ёфт. Ба озмун филмҳои бадеӣ, филмҳои кӯтоҳмуддат ва асарҳои истеҳсоли муштарак, ки солҳои 2024–2025 офарида шудаанд ва тибқи талаботи муқарраргардида ба қайд гирифта шудаанд, пешниҳод гардиданд. Филмҳои пешниҳодшуда нахуст аз ҷониби комиссияи интихобӣ баррасӣ гардида, беҳтарин асарҳо барои марҳилаи ниҳоӣ роҳхат мегиранд.
III Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» аз 15 то 20 октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи кинои тоҷик баргузор мегардад. Синамоҷоиза таҳти унвони «Қадршиносии ҳунари асил» баргузор шуда, яке аз ҳадафҳои он дастгирии синамогарони ватанӣ, муаррифии дастовардҳои синамои тоҷик ва фароҳам овардани имконият барои рушди ҳамкории эҷодӣ мебошад.

21/09/2026

💢Дар Тоҷикистон дар бораи Борбад филм месозанд

Дар Тоҷикистон дар бораи Борбади Марвазӣ, яке аз барҷастатарин нобиғаҳои мусиқии аҳди Сосониён филми ҳунарӣ ба навор мегиранд. Он “Борбад. Сарнавишти хунёгар” ном дошта, пурра дар ҳудуди Тоҷикистон сабт хоҳад шуд.

Рустам Сатторзода, сардори шуъбаи филмҳои ҳунарӣ, ҳуҷҷатӣ ва киносолномаи “Тоҷикфилм”, коргардон ва таҳиягари филм аст. Филмнома ба қалами ӯ ва Тоҳири Асрориён тааллуқ дорад.

Ба гуфтаи Сатторзода, гурӯҳи эҷодӣ рӯзи 25-уми сентябр ба интихоби мавзеъҳои наворбардорӣ мебарояд: аввал мавзеъҳо дар вилояти Суғд ва баъд дар вилояти Хатлон муайян мешаванд.

“Пас аз он ки минтақаҳоро муайян кардем, маълум мешавад, ки кори наворбардорӣ чанд вақт давом мекунад. Ҳоло ягон чизро гуфта наметавонем, мӯҳлат ҳанӯз муайян нашудааст”, - гуфт ӯ.

Қисматҳои асосии филм, тавре коргардон гуфт, дар мавзеъҳои таърихию фарҳангии Хуҷанд, Балҷувон, Ҳисор ва кӯшки вижаи филмбардорӣ (павилион)-и “Тоҷикфилм” ба навор гирифта мешаванд.

“Нақша ин аст, ки филм пурра дар Тоҷикистон гирифта шавад, зеро зиндагӣ ва фаъолияти Борбади Марвазӣ дар ҳамин сарзамин гузаштааст. Ин барои ҳисси баланди ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ аст”, - таъкид кард ҳамсуҳбати мо.

Борбад хунёгар, шоир ва оҳангсози дарбори Хусрави Парвиз (асрҳои VI–VII) буд. Ба ривояти сарчашмаҳо, ба ӯ низоми “Хусравонӣ”, 30 лаҳн ва 360 дастон нисбат дода мешавад. Дар Тоҷикистон Борбад ҳамчун яке аз асосгузорони мусиқии касбии форсу тоҷик шинохта мешавад ва Коҳи фарҳангии “Борбад”, ҳамчунин, кӯчае дар Душанбе ба номи ӯст.

📷: Сохтаи ҳушвора ё ҳуши маснуӣ

СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ:ДАР ИН ДАВРА БЕШ АЗ 300 ФИЛМ БА НАВОР ГИРИФТА ШУДААСТ.Истиқлоли давлатӣ баро...
10/09/2026

СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ:
ДАР ИН ДАВРА БЕШ АЗ 300 ФИЛМ БА НАВОР ГИРИФТА ШУДААСТ.

Истиқлоли давлатӣ барои синамои тоҷик марҳилаи нави таърихиро оғоз намуд. Агар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои синамогарон давраи ҷустуҷӯ, мутобиқшавӣ ба шароити нави иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳифзи анъанаҳои мактаби миллии кино ба шумор равад, дар солҳои минбаъда мазмуну муҳтавои филмҳо тадриҷан васеъ гардида, мавзуъҳои таърих, фарҳанг, худшиносии миллӣ, ҳаёти иҷтимоӣ, меҳнати созанда, муҳаббат, оила, тарбияи насли наврас ва дастовардҳои даврони истиқлол бештар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм, аз ҷумла 55 филми ҳунарӣ, 37 филми кӯтоҳи ҳунарӣ, 209 филми мустанад ва 12 филми тасвирӣ ба навор гирифта шудааст. Ин рақамҳо аз густариши истеҳсоли маҳсулоти синамоӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ шаҳодат медиҳанд.
Солҳои охир барои рушди соҳа барномаҳои давлатӣ низ қабул гардиданд. Аз ҷумла, «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2027» барои идомаи рушди синамои миллӣ замина фароҳам овардааст.
«Марди мутааллиқи ду зан»
Яке аз аввалин филмҳои даврони Истиқлоли давлатӣ «Марди мутааллиқи ду зан» мебошад, ки соли 1991 бо коргардонии Маргарита Қосимова таҳия шудааст. Филм дар жанри драмаи иҷтимоӣ буда, ба мавзуи муҳаббат, оила ва интихоби инсон бахшида шудааст.
«Бухорои Шариф»
Соли 1991 филми тамсилии «Бухорои Шариф» таҳия гардид. Коргардони он Бақо Содиқов буда, филм бо сабки шоирона масъалаҳои адолат, шуур ва зебоии инсонро баррасӣ менамояд. Образи шоир ва файласуф–амири Бухоро меҳвари асосии асарро ташкил медиҳад.
«Ситораҳои сари танӯр»
Дар ҳамин сол (1991) филми «Ситораҳои сари танӯр» низ рӯйи навор омад. Филми Сайф Раҳимзоди Афардӣ сарнавишти ҷавонзанеро тасвир мекунад, ки духтарашро танҳо тарбия мекунад ва бо расидани барқ ба деҳаи кӯҳӣ сарнавишташ тағйир меёбад
«Ашк ва шамшер»
Аз ҷумлаи асарҳои муҳими ибтидои соли 1991 филми «Ашк ва шамшер» мебошад. Филми ҳунарӣ аз чор қисм иборат аст. Он аз рӯйи романи Сотим Улуғзода «Восеъ» таҳия шуда, воқеаҳои шӯриши халқии соли 1885 дар Балҷувонро инъикос мекунад.
«Буд-набуд…»
Филми ҳунарии «Буд-набуд…» соли 2002 таҳия гардида, дар шакли афсонавӣ бархӯрди неку бад, дороию нодорӣ, ҳирсу саховатро ба тасвир мекашад. Дар он унсурҳои фоҷиа ва мазҳака ба ҳам омезиш ёфтаанд.
«Муҷассамаи ишқ»
Соли 2003 филми ҳунарии «Муҷассамаи ишқ» ба навор гирифта шуд. Филм достони муҳаббати наврасе ба духтареро нақл мекунад, ки аз ӯ калонтар аст.
«Овора»
Филми ҳунарии «Овора» соли 2005 таҳия шуд. Дар асар ҳаёти одамони деҳа, маросим ва анъанаҳои онҳо ба пардаи синамо кашида шудааст.
«Вақте ки болои шаҳр борон меборид»
Соли 2006 филми ҳунарии «Вақте ки болои шаҳр борон меборид»» рӯйи навор омад. Филм достони ишқи ҳақиқӣ ва хиёнатро дар омезиши фоҷиа ва мазҳака инъикос мекунад.
«Дар орзуи падар»
Соли 2011 филми ҳунарии «Дар орзуи падар» ба навор гирифта шуд. Қиссаи Нозимӣ, муносибати ӯ бо писараш Меҳрубон ва таъсири қарорҳои нодурусти падар ба зиндагии оилавӣ меҳвари филмро ташкил медиҳанд.
«Сафари ҳавоӣ»
Филми ҳунарии «Сафари ҳавоӣ» соли 2014 дар жанри мазҳака таҳия шуда, воқеаи ғайриодии омадани балони бузурги ҳавоӣ ба деҳаи дурдасти кӯҳӣ ва таъсири онро ба сарнавишти қаҳрамонҳо нишон медиҳад.
«Муаллим»
«Муаллим» – филми ҳунарӣ буда, соли 2014 аз рӯйи филмномаи Сафар Ҳақдодов бо коргардонии Носир Саидов таҳия шудааст. Филм зиндагии омӯзгори солхӯрда – Назар ва интизории бозгашти писари калониаш Юсуфро аз Русия тасвир мекунад.
«Як ҷаҳон аз ману ту ҳаст»
Силсилафилми «Як ҷаҳон аз ману ту ҳаст» низ соли 2014 таҳия шудааст. Филм достони печидаи рабуда шудани кӯдак, муносибати модару фарзанд ва бозгашти кӯдак ба назди модари аслиаш, инчунин мавзуъҳои масъулияти инсонӣ ва модариро матраҳ мекунад.
«Достони Роғун»
Соли 2016 бо коргардонии Носир Саидов филми ҳунарии «Достони Роғун» таҳия гардид. Филм ба 25-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, гузашта, имрӯз ва ояндаи Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро аз дидгоҳи одамоне, ки сохтмони неругоҳ қисми асосии ҳаёти онҳо гардидааст, нишон медиҳад.
«Алифбо»
Филми тасвирии «Алифбо» низ соли 2016 офарида шуд. Ҳадафи он омӯзиш ва азхудкунии забони тоҷикӣ аз ҷониби кӯдакону наврасон мебошад. Филм ҳар як ҳарфи алифбои тоҷикро ба воситаи аниматсия муаррифӣ мекунад.
«Марди роҳ»
Соли 2018 бо коргардонии Носир Саидов филми «Марди роҳ» рӯйи навор омад. Филм ба солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, даврони истиқлолият ва нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди сулҳу ваҳдати миллӣ бахшида шудааст.
«Рақси зиндагӣ»
Филми ҳунарии «Рақси зиндагӣ» соли 2019 ба наво гирифта шуд. Муҳтавои филм дар бораи духтару писаре нақл мекунад, ки як садамаи ногаҳонӣ онҳоро дилбохтаи ҳам мекунад. Ба рағми ҳама монеа ва фишорҳо онҳо аз ду фазо – шаҳр ва деҳа фазои ишқу муҳаббат месозанд.
«Муроди Пешво»
Филми мустанади «Муроди Пешво» соли 2019 бо коргардонии Абдулҳай Зокиров рӯйи пардаи синамо омад. Филм дар бораи ифтитоҳи якумин агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» қисса мекунад.
«Нигоҳи ғизол»
«Нигоҳи ғизол» филми ҳунарӣ буда, соли 2019 ба навор гирифта шуд. Он муносибати инсон ба ҳайвонот, одамгарӣ ва ҳифзи ҳайвоноти нодири Тоҷикистонро инъикос мекунад.
«Автобус»
Соли 2020 филми ҳунарии «Автобус» таҳия гардид. Филм саргузашти гурӯҳи мусофиронро дар як сафари пур аз воқеаҳои шавқовар ба тасвир мекашад. Филм бо забони ҳаҷвӣ масъалаҳои ахлоқ, фарҳанги муошират, сабру таҳаммулро матраҳ мекунад.
«Роҳ»
Филми «Роҳ» сарнавишти се зани гуногунсолро пас аз озод шудан аз маҳбас тасвир намуда, масъалаҳои интихоби инсон ва бозгашт ба зиндагиро ба миён мегузорад. Он филми ҳунарӣ буда, соли 2020 таҳия карда шудааст.
«Бачаи обӣ»
«Бачаи обӣ» соли 2020 бо коргардонии Файзулло Файзов рӯйи навор оварда шуд. Филм достони кӯдакеро нақл мекунад, ки орзуи моҳигир шудан дорад. Орзуи моҳигир шудан барои ӯ танҳо ҳавас нест, балки роҳи наҷот, умед ва худшиносӣ аст. Филм драммаи иҷтимоиест дар бораи кӯдакӣ, зиндагӣ ва орзуҳое, ки дар ҳама шароит вуҷуд доранд.
«Баҳори хазонрез»
Филми ҳунарии «Баҳори хазонрез» соли 2021 аз рӯйи асари Кароматулло Мирзо таҳия гардид. Он муборизаи инсон барои зиндагӣ ва хазон шудани орзую умедҳоро дар айни баҳори умр нишон медиҳад.
«Охирин сайди сайёд»
«Охирин сайди сайёд» ба ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, мубориза бо қочоқбарон ва барқарор намудани амнияти сарҳад бахшида шудааст. Он соли 2021 бо коргардони Муҳаммадрабӣ Исмоил ба навор гирифта шуд.
«Роҳ»
Филми «Роҳ» соли 2021 дар жанри мустанад аз ҷониби коргардони ҷавон Рустам Сатторзода таҳия карда шуд. Филм аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани мамлакатро дар замони соҳибистиқлолӣ таҷассум менамояд.
«Додараки фариштаҳо»
Дар ҳамин сол (2021) филми кӯтоҳи «Додараки фариштаҳо» аз рӯйи асари Сайф Раҳимзоди Афардӣ таҳия шуда, хурофот ва зиндагии пурмушкил ва фоҷиабори як оиларо нишон медиҳад.
«Се хоҳарон»
«Се хоҳарон» қисмати се хоҳари аз модар маҳруммондаро нишон дода, паёми тарбиявӣ дорад ва ба тарғиби раҳму шафқат ва некукорӣ равона шудааст. Он соли 2021 бо коргардонии Муҳаммадрабӣ Исмоилов таҳия карда шудааст.
«Дов»
Филми ҳунарии «Дов» бо коргардонии Муҳиддин Музаффар соли 2022 ба навор гирифта шуд. Филм рӯйдодҳои солҳои 90-ум ва зиндагии ду дӯсти ҳақиқиро нишон медиҳад. Дар филм дар баробари сарнавишти қаҳрамонон зиндагии одамони боистеъдоди музофотӣ низ ба тасвир кашида шудааст.
«Танҳо ту»
«Танҳо ту» филми ҳунарӣ буда, соли 2023 бо коргардонии Умед Мирзоширинов дар жанри драма ба навор гирифта шудааст. Филм ҳамчун драмаи оилавӣ масъалаҳои иҷтимоӣ, ишқ ва покизагии муносибатҳои инсонӣ ва ҳамзамон манзараҳои Тоҷикистонро инъикос менамояд.
«Зиндагӣ зебост»
«Зиндагӣ зебост» соли 2023 бо коргардонии Далер Раҳматов ба навор гирифта шуд. Он ба ҳаёт, ишқ, хиёнат ва муборизаи инсон дар муқобили мушкилоти рӯзгор бахшида шудааст.
«Тоҷи Сомон»
«Тоҷи Сомон» филми мустанаде мебошад, ки Тоҷикистонро ҳамчун макони баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ ва шаҳри Душанберо ҳамчун шаҳри гулҳо муаррифӣ мекунад. Филм соли 2023 ба навор гирифта шудааст.
«Тоҷикон – пайравони ҳақиқат»
Филми мустанади «Тоҷикон – пайравони ҳақиқат» саҳми миллати тоҷикро дар пайдоиш ва рушди тамаддуни ҷаҳонӣ бо истифода аз арқому далелҳо бозгӯйӣ менамояд. Он соли 2023 бо коргардонии Рустам Шоазимов таҳия карда шудааст.
«Роғун – кохи нур»
«Роғун – кохи нур»- ин филми мустанад соли 2023 бо коргардонии Соро Музофиршоева ба навор гирифта шуд. Филм ба корҳои сохтмонии Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва саҳми мардум дар ин иншооти бузург бахшида шудааст.
«Моҳӣ дар шаст»
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» истеҳсоли муштараки Тоҷикистону Эрон буда, соли 2024 дар қаламрави Тоҷикистон ба навор гирифта шудааст. Асар аз рӯзгори Далер — тарбиятгирандаи мактаб-интернат, ки барои пайдо кардани модараш ба сафари тӯлонӣ мебарояд, қисса мекунад. Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» то имрӯз дар 13 ҷашнвораи байналмилалӣ иштирок намуда, ба дарёфти 9 ҷоизаи бонуфузи байналмилалӣ мушарраф гардидааст.
«Ошёни меҳр»
Яке аз филмҳои муҳими соли 2025 «Ошёни меҳр» мебошад, ки коргардони он Муҳаммадрабӣ Исмоил аст. Филм ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, бори аввал дар синамои тоҷик мавзуи Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро дар қолаби асари бадеӣ ба навор овардааст.
«Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ»
Яке аз лоиҳаҳои муҳими муштараки Тоҷикистону Узбекистон филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» мебошад. Филм рӯйдодҳои таърихии ҳаёт ва эҷодиёти Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоиро фаро гирифта, дӯстии халқҳои тоҷик ва узбекро инъикос менамояд. Тасмими таҳияи ин филми муштарак соли 2021 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев гирифта шуда буд.
Дар назар аст, ки филм дар рӯзҳои ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди тамошобин гардонида шавад.
Бояд гуфт, ки рушди синамои миллӣ таҳти таваҷҷуҳу дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, Ҳукумати мамлакат барои пешрафти он тадбирҳои мушаххас меандешад. Бо мақсади рушди ҳамаҷонибаи соҳаи кино ва тақвияти нақши он дар боло бурдани маънавиёти ҷомеа, махсусан тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстию худшиносӣ давоми 35 соли истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат якчанд санади муҳим, аз ҷумла қарорҳо ва барномаҳои давлатии рушд қабул ва амалӣ карда мешаванд. Имрӯзҳо истеҳсол ва таҳияи филмҳои муосири ҳунарӣ, мустанад, тасвирӣ ва филмҳои бачагона дар мамлакат афзоиш ёфта, шумораи онҳо нисбат ба солҳои пешин зиёд аст.
Бо мақсади баланд бардоштани сифати филмҳо ва ҷавобгӯ сохтани он ба талаботи замони муосир соҳаи синамои ватанӣ пайваста бо мутахассисону кадрҳои баландихтисос ва таҷҳизоти техникии муосири филмбардорӣ таъмин мегардад. Ин ҳама дастовардҳо гувоҳи онанд, ки соҳаи синамои миллӣ ба марҳилаи нави рушду инкишоф ворид гардида, дар ҳифз ва инъикоси арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва маънавии миллати тоҷик нақши муҳим мебозад.

35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ, СОЗАНДАГӢ ВА ПЕШРАФТ!Ҳамдиёрони азиз!Шуморо ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷик...
09/09/2026

35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ, СОЗАНДАГӢ ВА ПЕШРАФТ!

Ҳамдиёрони азиз!
Шуморо ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯем.

Истиқлол барои мардуми тоҷик муқаддастарин дастоварди таърихӣ, рамзи озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва омили асосии таҳкими давлатдории миллӣ мебошад. Дар даврони истиқлол Тоҷикистон ба роҳи созандагӣ, ободонӣ ва рушди устувор қадамҳои муҳим гузошта, дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи шоистаи худро пайдо кардааст.

Бигзор сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва истиқлоли кишвар абадӣ бошад, Тоҷикистони азиз ҳамеша ободу пешрафта ва мардумаш сарбаланду хушбахт бошанд.

Ба ҳар як хонадони тоҷик сулҳу оромӣ, файзу баракат, саломатӣ ва рӯзгори осуда орзу менамоям.

35-солагии Истиқлоли давлатӣ муборак бошад!

Бигзор Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша парафшон бошад!

9 СЕНТЯБР — РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.Истиқлолият — бузургтарин неъмати давлатдорӣ, мояи ифтихори милл...
07/09/2026

9 СЕНТЯБР — РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.

Истиқлолият — бузургтарин неъмати давлатдорӣ, мояи ифтихори миллӣ ва кафили ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Ин сана барои ҳар як фарди ватандӯст рамзи сарбаландӣ, худшиносӣ ва муҳаббат ба Ватан мебошад.
Дар остонаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон саломатӣ, хушбахтӣ, файзу баракат ва зиндагии осоиштаро орзу менамоем.
Бигзор парчами Тоҷикистони азиз ҳамеша парафшон, сулҳу ваҳдат пойдор ва Ватани маҳбубамон рӯз ба рӯз ободу пешрафта бошад!

ИСТИҚЛОЛИЯТ МУБОРАК, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!

06/09/2026

КАЛОМИ Ӯ САДСОЛАҲО БОЗ ДАР ДИЛҲО ЗИНДА АСТ…
БО ҶАҲОНИ АНДЕША ВА АШЪОРИ ҲОФИЗИ ШЕРОЗӢ ОШНО ШАВЕД.
ФИЛМИ МУСТАНАДИ «ҲОФИЗИ ШЕРОЗӢ» — ДАР ОНЛАЙН-КИНОТЕАТРИ TOJIKFILM.TV

Address

Улица Бехзод, 25
Dushanbe
734058

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Tajikfilm posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Contact The Business

Send a message to Tajikfilm:

Shortcuts

Share