Voice of Tajikistan

Directions Website Contact the business

Voice of Tajikistan Contact information, map and directions, contact form, opening hours, services, ratings, photos, videos and announcements from Voice of Tajikistan, Radio Station, Шерозӣ 31, Dushanbe.

Маълумоти
мухтасар дар мавриди шабакаи «Овози тоҷик»

Шабакаи бурунмарзии радиои Тоҷикистон 16 октябри соли 1949 таъсис ёфтааст.
Ҳадаф аз таъсиси он дар мисоли Тоҷикистон тарғиб намудани сиёсати дохилӣ ва хориҷии шӯравӣ ва дастовардҳои ҷомеаи сосиалистӣ буд.Он замон ҳаҷми барномаҳо аз ду соат ибора буда, асосан ба забонҳои форсӣ ва дарӣ шунавонда мешуданд. Солҳои минбаъда, яъне пас аз солҳои 60-уми асри гузашта ҳаҷми барномаҳо ба чор соат расонида шуд.
Аввалин сармуҳаррири шабакаи бурунмарзӣ вазири онвақтаи умури хориҷии ҷумҳурӣ Мӯҳсин Нӯъмонов буд.
Дар солҳои аввали таъсисёбии идораи барномаҳои хориҷӣ адибону олимон ва рӯзноманигорони варзида Шарифҷон Ҳусейзода, Адбуқодир Манёзов, Файзулло Ансорӣ, Файз Урозов, Қодир Наимӣ, Қосим Дайнамӣ, Маҳмуд Тӯробӣ, Иброҳим Умарзода ва сипас Субҳон Раҳматов, Бурҳон Раҳмонов, Нусратшо Таваллоев ва бисёр дигарон адои вазифа намудаанд.
Дар он айём яке аз воситаҳои асосии муаррифии Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷа шабакаи бурунмарзии радиои Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.
Махсусан шавқу рағбати шунавандагони Эрон ва Афғонистон ба шунидани барномаҳои хеле зиёд буд.
Номаҳои сершуморе, ки аз шунавандагони ин кишварҳо меомаданд, равшан гувоҳӣ медоданд, ки онҳо ба ҳаёти мардуми тоҷик хусусан ба забон, адабиёт, таърих, илму фарҳанг, табиат, сарватҳои табиӣ ва рӯзгори халқи тоҷик таваҷҷуҳи ниҳоят зиёде доранд.
Аз ҳар мактуб муҳаббат ва ифтихор аз халқи тоҷик ва Тоҷикистон баланд садо медод.
Масалан, Шоҳмуҳаммади Иброҳимӣ аз шаҳри Хуррамободи Эрон навишта буд:
Мо ҳамаи барномаҳои радиои Тоҷикистонро бо як олам шавқу алоқамандии фаровон мешунавем. Аз роҳи дур ба халқи азизи тоҷик дуруд мефиристам, дуруде ба вусъати дарёчаи Хазар ва ба баландии ҷиболи Помир, ба бузургии қалби як инсон ва ба гармии хуршеди тобноку моҳи чаҳордаҳ ва ба меҳру муҳаббати поки инсонҳо!
Шунавандаи дигар аз Афғонистон бо номи Аминуддин дар намоиш чун рамзи эҳтиром ва садоқат ба мардуми тоҷик ин байтро навишта буд:

Номам гар мебарӣ қосид, оёте бигӯ,
Покеташ оҳиста бикшо, дил дар он
печидааст.

Номаҳои сершумор гувоҳи он буданд, ки садои радиои бурунмарзии Тоҷикистон қалби шунавандагонро тасхир намуда, эҳсосоти онҳоро ба тоҷикону Тоҷикистон афзун менамудааст.
Кормандони идора бо вуҷуди норасоиҳои техникӣ ва мавҷуд набудани шароити мусоид мекушиданд, ки барномаҳои ҷолиб ва фарогири ҳаёти кишварро тақдими шунавандагон намоянд.
Масалан, соли1962 бо мақсади ошноии шунавандагон бо ҳаёти фарҳангии Тоҷикистон барномаи солинавии «Адабиёт ва санъат» таъсис дода шуд, ки ҳафтае як маротиба дар ҳаҷми ним соат шунавонида мешуд.
Ин барнома сипас ба худ номи «Пайғом»-ро гирифт ва то соли 2012 ба забони дарӣ садо медод. Чунин барномаро, ки дар муддати 50 сол бидуни танаффус садо дода бошад, таърихи радио ёд надорад.
Шабакаи бурунмарзии радиои Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсии ҷумҳурӣ ва минтақа нақши бузурге дошт ва дорад.
Нақши ин радио махсусан дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар роҳи оштии миллӣ, пойдории сулҳу ваҳдат, якпорчагии Тоҷикистон ва ба ватан баргардонидани фирориён басо назаррас ва бузург аст.
Радиои бурунмарзии Тоҷикистон дар муҳимтарин марҳилаҳои тақдирсози ҳаёти Афғонистон аз озодиву истиқлоли халқи он қотеона ҷонибдорӣ кардааст.
Ҳангоме ки толибон дар муддати панҷ сол Афғонистонро ба хоку хун кашида буданд ва дар паи маҳву нобуд сохтани тоҷикон, ҳазораҳо, туркманҳо, узбекҳо, қирғизҳои сокини кишвар пайкар мекарданд, ҷомеаи ҷаҳонӣ хомӯш буд, созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ низ сукут ихтиёр карда буданд.
Аз миёни фазои хомӯшиҳо ва бетарафиҳо дар арсаи байналмиллалӣ танҳо ду садо баланд буд, ки аз озодиву истиқлол ва таъмини сулҳу оромӣ дар Афғонистон бо тамоми ҳастӣ ҷонибдорӣ мекард. Ин садои Президент Эмомалӣ Раҳмон аз минбари созмонҳои
байналмиллалӣ ва дигаре садои радиои бурунмарзии Тоҷикистон буд, ки аз фаъолияти ҷабҳаи муқовимати Афғонистон таҳти роҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуд бо қатъият ҷонибдорӣ мекард.
Ин ҳақиқатро шахсан Аҳмадшоҳи Масъуд тасдиқ кардааст. Ӯ пас аз сафар ба Аврупо 10 апрели соли 2001 дар Душанбе бо рӯзноманигорон ва афғонҳои муқими пойтахт мулоқот намуд.
Зимни ин сафар Аҳмадшоҳ бо хабарнигори радиои Тоҷикистон мусоҳибаи муфассале анҷом дод. Хабарнигор ба ӯ чунин саволе дод:
«Оё дар шароити феълии Афғонистони ҷангзада радиои бурунмарзии Тоҷикистон дар кишвар нақше дорад ё на?»
Аҳмадшоҳ бо овардани мисолҳои мушаххас ба нақши радиои бурунмарзӣ баҳои баланд дода, аз ҷумла гуфта буд:
Радиои бурунмарзии Тоҷикистон воситае буд, ки умеди маро ба пирӯзӣ қавӣ кард. Садои радиои бурунмарзии Тоҷикистон садои дили мардуми азиядкашидаи Афғонистон низ будааст.
Агар барои пирӯзии мо се омил вуҷуд дошта бошад, як омилаш ҳамин радиост. Ва ҳатто агар ду омил ҳам мавҷуд бошад, якеаш маҳз ҳамин расона аст. Зеро он дили мардумро ба ҳаёт гарм кард, умеди озодиро дар замири муборизони ватан дар торикистони ҳукумати толибон фурӯзон намуд.
Ман шахсан барномаҳоро гӯш мекардам ва маҳз ин расона маро ҳам дар ҷабҳа ва ҳам дар таҳияи нақшаи амалиёт роҳнамоӣ мекард.
Шабакаи хориҷии радиои Тоҷикистон воқеан тарғибгари сулҳу дӯстӣ, бародарӣ, ҳамраъии халқҳо, ҳамкориҳои судманд ва орому осудагӣ мебошад.
Имрӯз радиои бурунмарзии Тоҷикистон бо 8 забон - тоҷикӣ, форсӣ,дарӣ, русӣ, ӯзбекӣ, ҳиндӣ,арабӣ, инглисӣ ва дар ҳаҷми 24 соат барномаҳо пахш менамояд.
Бояд гуфт, ки имрӯз даҳҳо кишварҳои Ғарб аз ҷумла Амрико теъдоди барномаҳои худро ҳамасола барои кишварҳои Эрон ва Афғонистон зиёд намуда, мехоҳанд сиёсати худро барсари ин мамлакатҳо таҳмил намояд.
Дар чунин шароити шадиди таблиғотӣ нақши радиои хориҷии Тоҷикистон як бар чанд меафзояд. Хусусан, табиист, ки пас аз хориҷ гардидани нерӯҳои НАТО аз Афғонистон дар соли 2014 таблиғоти радиоӣ боз ҳам бештар хоҳад шуд.Дар чунин марҳилаи таърихӣ нақши радиои бурунмарзии Тоҷикистон чун садои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон боз ҳам бештар хоҳад афзуд.
Бинобар он ҳаёт тақозо менамояд, ки бо назардошти аҳмияти байналмиллалӣ доштани шабакаи бурунмарзии радиои Тоҷикистон ин расона бояд бевосита зери назар ва раҳнамоии Президент ва ҳукумат қарор дошта бошад.
Инчунин ҳукумати ҷумҳурӣ бояд консепсияи махсуси шабакаи хориҷии радиои ҷумҳуриро таҳия намояд. Робитаи шабакаи мазкур бо кишварҳое, ки барояшон барнома пахш мекунанд, махсусан Эрон ва Афғонистон бояд ҳамеша барқарор бошад.Ин расона бояд ба таври воқеӣ ба садои Тоҷикистони соҳибистеқлол табдил ёбад.

--------------------------

15/09/2026

#Гузориш аз баргузории Конфренсияи миллӣ дар мавзуи "Ҷалби диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар" .

Моҳира Иброҳимова ва Шоҳрух Ғиёсов. "Овози тоҷик'.

15/09/2026

استقبال از پیشوای ملت در شهر سئول، جمهوری کره

Оғози сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея15.09.2026 https://president.tj/event/news/5716615 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷик...
15/09/2026

Оғози сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея
15.09.2026
https://president.tj/event/news/57166

15 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар Ҳамоиши «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» вориди шаҳри Сеул шуданд.

Дар саҳни фурудгоҳи Сеул Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Корея гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ба ифтихори меҳмони олиқадр қаровули фахрӣ саф кашида, майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта буд.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #Тоҷикистон #Таджикистан #Президент #Тоҷикон #Корея

Ҷойгоҳи Сотим Улуғзода дар адабиёту фарҳанги миллӣ   با خط فارسی در زیر      Бо ҳамин унвон имрӯз дар Донишгоҳи миллии Т...
15/09/2026

Ҷойгоҳи Сотим Улуғзода дар адабиёту фарҳанги миллӣ
با خط فارسی در زیر
Бо ҳамин унвон имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмиву назариявӣ бахшида ба 115 - солагии Сотим Улуғзода Нависандаи халқии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар конфронс Низом Қосим - раиси Иттиҳодияи нависандагон, профессорону академикҳо, меҳмонон аз Узбекистон, раёсати донишгоҳ ва устодону донишҷӯён иштирок доштанд. Низом Қосим аз хидматҳои шоёни Сотим Улуғзода ба адабиёту фарҳанги миллӣ ёдовар шуд.
Дар идомаи ҳамоиш таъкид гардид, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ хизматҳои ин нависандаи бузурги тоҷик қадр гардид ва Пешвои миллат дар солҳои нахусти давлатдорӣ бо ӯ дидор намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Сотим Улуғзода яке аз нависандагони забардасти тоҷик буда, романи "Фирдавсӣ" - и эшон соли 1997 дар Эрон ҳамчун "Романи сол" пазируфта шуда буд. Бо мақсади арҷгузорӣ ба хидматҳо яке аз донишгоҳҳои бонуфузи кишвар ба номи эшон гузошта шудааст.
Абдурофеъ Шарифиён, "Овози тоҷик".

جایگاه ساتم الغ‌زاده در ادبیات و فرهنگ ملی
تحت این عنوان، امروز کنفرانس علمی و نظری بین‌المللی به مناسبت صد و پانزدهمین سالگرد ساتم الغ‌زاده، نویسنده مردمی تاجیکستان، در دانشگاه ملی تاجیکستان برگزار شد. در این کنفرانس، نظام قاسم، رئیس اتحادیه نویسندگان، پروفسورو آکادمیک ها، اهل ادب از ازبکستان، هیئت مدیره دانشگاه، معلمان و دانشجویان حضور داشتند. نظام قاسم از خدمات شایسته ساتم الغ‌زاده به ادبیات و فرهنگ ملی یاد کرد.
در ادامه کنفرانس، تأکید شد که در دوران استقلال بود که از خدمات این نویسنده بزرگ تاجیک قدردانی شد و پیشوای ملت در سال‌های اول تشکیل دولت با او دیدار کرد.
یادآور می شویم که ساتم الغ‌زاده یکی از برجسته‌ترین نویسندگان تاجیک است و رمان «فردوسی» - ی او در سال ۱۹۹۷ به عنوان «رمان سال» در ایران شناخته شده بود. به پاس قدردانی از خدمات، یکی از دانشگاه‌های معتبر کشور به نام او نامگذاری شده است.
عبد الرافع شریفیان، رادیو "آواز تاجیک".

106 таджикских диаспор: новые возможности для сотрудничества с Родиной.........Сегодня в гостинице «Crowne Plaza» в Душа...
15/09/2026

106 таджикских диаспор: новые возможности для сотрудничества с Родиной.........
Сегодня в гостинице «Crowne Plaza» в Душанбе начала свою работу Национальная конференция на тему «Привлечение таджикских диаспор и соотечественников за рубежом в качестве партнёров развития страны».
С приветственной речью мероприятие открыла заместитель Премьер-министра Республики Таджикистан Дилрабо Мансури. В своём выступлении она отметила, что таджики являются древней нацией с богатой историей, культурой и самобытными традициями. По её словам, сегодня в разных странах мира действуют 106 таджикских диаспор, которые сохраняют связь с исторической Родиной.
Дилрабо Мансури подчеркнула важную роль соотечественников за рубежом в сохранении национальных ценностей, языка и культуры, а также в укреплении связей с Таджикистаном и участии в развитии страны.
В конференции принимают участие представители государственных органов, общественных организаций, работодатели, эксперты, а также представители таджикских диаспор и соотечественники, проживающие за рубежом.
В центре внимания участников находятся вопросы расширения сотрудничества с таджикскими диаспорами, привлечения их профессионального, интеллектуального, предпринимательского и инвестиционного потенциала к развитию страны.
Также обсуждаются вопросы укрепления связей соотечественников с исторической Родиной, сохранения национального языка, культуры и традиций, а также создания новых возможностей для реализации совместных проектов.
Представители таджикских диаспор, в том числе из российских регионов, делятся своим опытом и представляют предложения по дальнейшему развитию сотрудничества с Таджикистаном.Работа Национальной конференции продолжается.

Тахмина Амонова. Радио "Овози тоҷик "

14/09/2026



25-уми июни соли 2026 ташаббуси нави Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, 2027 – 2036» бо қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид.

Андешаи Абдуллоҳи Раҳнамо, адиб ва сиёсатшинос

ШОИРИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН ДОРО НАҶОТ ДАРГУЗАШТШоири халқии Тоҷикистон, шоири маъруф, адиби соҳибистеъдод ва фарҳангнигори ...
14/09/2026

ШОИРИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН ДОРО НАҶОТ ДАРГУЗАШТ

Шоири халқии Тоҷикистон, шоири маъруф, адиби соҳибистеъдод ва фарҳангнигори шинохта Доро Наҷот даргузашт. Дар ин хусус аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Доро Наҷот бо қалами пурқудрат, андешаи баланд ва забони шоиронаи худ дар адабиёти муосири тоҷик мақоми хосса дошт. Аз ӯ ашъори мондагор, андешаҳои пурмаъно ва осори арзишманди адабӣ ба ёдгор мондаанд.

Фаъолияти фарҳангнигории ӯ низ дар рушди забону адабиёти тоҷик саҳми арзанда гузоштааст. Осори гаронбаҳои Доро Наҷот ҳамчун ҷузъи мероси адабии даврони муосир барои наслҳои имрӯз ва фардо хидмат хоҳад кард.

Ёди неку номи Доро Наҷот дар қалби аҳли фарҳангу адаб ва ҳаводорони осори ӯ ҳамеша зиндаву гиромӣ хоҳад монд.

13/09/2026

, ШАҲРИ БАР ДИЛҲО ҚАРИНАТ ДИДААМ...

13/09/2026

Муваффақияти Илҳом Тагиров дар лоиҳаи маъруфи «Ну-ка, все вместе!» ба яке аз рӯйдодҳои дурахшони ин мавсим табдил ёфт.
Дар марҳалаи интихобӣ ӯ бо намоиши маҳорати баланди вокалӣ, овози пурқувват ва иҷрои таъсирбахши худ тавонист 97 овози коршиносони соҳаи мусиқиро ба даст оварда, ба марҳалаи баъдии лоиҳа роҳ ёбад...

موفقیت الهام تاگیروف در پروژهٔ معروف «Ну-ка، все вместе!» به یکی از رویدادهای درخشان این فصل تبدیل شد.

او در مرحلهٔ انتخابی با ارائهٔ توانایی بالای آوازی، صدای قدرتمند و اجرای تأثیرگذار خود توانست ۹۷ رأی از کارشناسان حوزهٔ موسیقی را به دست آورد و به مرحلهٔ بعدی این پروژه راه یابد...

13/09/2026

تاجیکستان صاحب استقلال – پیوندگر تمدن آریایی

Address

Шерозӣ 31
Dushanbe
734000

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Voice of Tajikistan posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Contact The Business

Send a message to Voice of Tajikistan:

Shortcuts

Share

Category