Payk.tj

Payk.tj Ҳафтавори Пайк

АГЕНТИИ ЗИДДИФАСОД 290,1 МИЛЛИОН СОМОНИИ ТАСАРРУФИРО БАРҚАРОР КАРДААСТ   Дар нисолаи аввали соли 2024 Агентии давлатии м...
10/08/2024

АГЕНТИИ ЗИДДИФАСОД 290,1 МИЛЛИОН СОМОНИИ ТАСАРРУФИРО БАРҚАРОР КАРДААСТ

Дар нисолаи аввали соли 2024 Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи самтҳои фаолият 290,1 миллион сомонии тасарруфшударо барқарор намудааст, ки 191,1 млн. сомонии он ба суратҳисоби буҷетӣ ва 93,3 миллион сомонӣ бо роҳи даромад кардани воситаҳои пулию молӣ ва ҳисоббаробаркунӣ ба манфиати давлат рост омада, 5,7 млн сомонӣ ба фоидаи ташкилоту муасисаҳои давлатӣ ва шаҳрвандон мебошад. Дар ин бора Сулаймон Султонзода Саид, директори Агентии зидди фасоди кишвар зимни нишасти матбуотиаш хабар дод.
Нишасти хабарии ин ниҳод, ки 9.08.2024 баргузор шуд, масъулини дахлдори Агентии болозикр ба саволҳои хабарнигорон ҷавобҳо доданд.
Тибқи иттилоъ, давоми 6 моҳи соли ҷорӣ аз тарафи воҳидҳои назоратӣ молиявии агентӣ 258 тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронида шудааст, ки маблағи 290,1 миллион сомонӣ зарарҳои молиявӣ ошкор гардидаанд. Тавасути чораҳои андешидашуда аз маблағҳои ошкоршудаи зарар 240,5 млн. сомонӣ ба манфиати давлат барқарор карда шудааст, ки 147, 2 млн сомонӣ бевосита ба суратҳисоби буҷетӣ ва 93,3 млн. сомонӣ бо роҳи ҳисоббаробаркунӣ ва даромад кардани молу мулк мебошад. Ҳамин тариқ, дар нимсолаи аввал, Агентӣ дар ҳамаи самтҳои фаъолият 290,1 млн сомонӣ ба давлат барқарор намудааст, ки 191,1 он ба суратҳисоби буҷетӣ 93,3 миллион сомонӣ бо роҳи даромад кардани воситаҳои пулию молӣ ва ҳисоббаробаркунӣ ба манфиати давлат рост омада, 5,7 млн. сомонӣ ба фоидаи ташкилоту муасисаҳои давлатӣ ва шаҳрвандон рост меояд. Воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ 1267 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодӣ ва хусусияти коррупсионидошта ва дигар ҷиноятҳои ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вабастабударо нисбати 694 нафар ошкор намуда, тафтиши пешакии 381 парвандаи ҷиноятиро нисбати 460 нафар ба итмом расонида, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба судҳо ирсол намудаанд.
Ба саволҳои “Пайк” оид ба ҷинояти содирнамудаи сардори Шуъбачаи ВКД дар деҳаи Мискинободи ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи Файзобод ва ва дархост оид ба Беморхонаи минтақавии Лебапи ноҳияи Дустӣ.
Тавре ҷавоб гирифтем, парвандаи ҷиноятие, ки нисбати сардори шуъбачаи ВКД дар деҳаи Мискинобод бо моддаи 319 қисми 2- гирифтани пора ба анҷом расида, суд ўро ба андозаи 108 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ намуда, аз вазифа барканор намуд. Дар мавриди дархост бошад, масъулин иттилоъ доданд, ки дар сафари навбатии директори Агентӣ ба ноҳияи Дўстии вилояти Хатлон ҳатман аз ин беморхона дидан намуда, баҳри беҳбудии фаолияташ чораандешӣ хоҳад кард.

С. ҲАЙДАР

ЮСУФ РАҲМОН: 41 ҳазору 300 нафар ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд   8-августи соли равон дар Поркуратураи Генералии Ҷумуҳурии...
10/08/2024

ЮСУФ РАҲМОН: 41 ҳазору 300 нафар ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд

8-августи соли равон дар Поркуратураи Генералии Ҷумуҳурии Тоҷикистон нишасти хабарӣ баргузор гардид.

Юсуф Раҳмон Аҳмадзод, Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромади худ қайд намуд, ки сохторҳои прокуратура дар нимсолаи аввали 2024 4412 санҷишҳо гузаронида, 2535 парвандаҳои ҷиноятӣ (аз ҷумла 743 парванда барои коррупсия) оғоз намуда, 41 ҳазору 300 нафарро ба ҷавобгарӣ кашиданд, ки дар натиҷа ҳуқуқу манфиатҳои 115600 нафар барқарор шуда, 815 миллион сомонӣ зарарҳои ба онҳо расонидашуда барқарор гардид. Аз ин маблағ 310 миллион сомониаш ба манфиати давлат мебошад. Давоми нимсолаи соли 2024 ба мақомоти Прокуратура 20210 муроҷиатҳо ва аризаву шикоятҳо ворид гардида, 1660 адади он қонеъ гардонида шудааст.
Ба саволҳои мо дар мавриди тахриб гардидани 5 бинои истиқоматӣ дар шаҳраки Истиқлоли ноҳияи Рўдакӣ ва бунёд нагардидани шаҳраки Сомониёни ноҳияи Файзобод, ки дар расми оғози сохтмони он 20 сентябри соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок доштанд аз тарафи Прокурори генералӣ ҷавоб дода шуд, ки ба ин саволҳо аз тарафи Раёсати дахлдори Прокуратураи генералӣ расман ҷавоб пешниҳод карда мешавад.

С. ҲАЙДАР

Бақияпулиҳои андоз дар ҷумҳурӣ ба 1 млрд. 198 млн. сомонӣ расидааст   Дар нимсолаи авва иҷрои нақшаи воридоти андозҳо ва...
10/08/2024

Бақияпулиҳои андоз дар ҷумҳурӣ ба 1 млрд. 198 млн. сомонӣ расидааст

Дар нимсолаи авва иҷрои нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ таъмин карда шуд, аз ҷумла дар Куҳистони Бадахшон ба андозаи 104,8%, вилояти Хатлон -100,8% вилояти Суғд 103,6% шаҳри Душанбе 110,9% ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар маҷмуъ 106,7 % иттилоъ дод, раиси Кумитаи андоз Давлатзода Нусратулло Муқим 8.08.2024 зимни нишасти матбуотӣ.
Н. Давлатзода илова намуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2024 аз ҳисоби андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ 9 млрд. 836,6 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки ин 106,7 % иҷрои нақшаи тасдиқшударо ташкил медиҳад, ки нисбат ба нақшаи пешбинигардида 619,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Ба саволҳои “Пайк” оиди ҷорӣ гардидани мошинаҳои хазинавии ҳушманд ва мақсади истифодаи онҳо дар мақомоти андоз ва оид ба зиёдшавии бақияпулиҳои андоз (қарзҳои андозӣ) ва субъектҳои аз андоз қарзҳои калон дошта, раиси Кумита итиллоъ доданд, ки бо мақсади кам кардани омилҳои инсонӣ ва сари вақт пардохт гардидани андозҳо тариқи автоматӣ мошинаҳои назорати хазинавӣ барои истифода қарор дода шудааст, ки то имрӯз дар миқиёси мамлакат 27 ҳазор чунин дастгоҳҳо тақсим карда шудааст.
Ба саволи дигари мо дар мавриди бақияпулиҳо иттилоъ дода шуд, ки дар мамлакат 358,6 ҳазор субъектҳои хоҷагидор мавҷуданд, ки ин нисбат ба аввали соли 2024 8,3 ҳазор адад зиёд, ки аз он 2661 субъектҳои хоҷагидор хориҷиён мебошанд. Қарзи бақияи андозҳо ба ҳолати 1 июли соли 2024 дар маҷмуъ 1 млрд. 198 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба аввали сол 392,5 млн сомонӣ зиёд мебошад. Калонтарин қарздорон дар назди буҷа ин Агенти беҳдошти замин ва обёрӣ, КВД “Хадамоти манзили коммуналӣ”, Ширкати “Алюмини Тоҷик”, “Барқи Тоҷик” ва шабакаҳои тақсимоти барқ ва ғайра мебошанд.

САИДИ ҲАЙДАР “ПАЙК”

Давлаталӣ Саид: Ҳамкориро бо Васоити Ахбори Омма ҷоннок мекунем   Дирӯз, 9 августи соли 2024 дар бинои мақомоти иҷроияи ...
10/08/2024

Давлаталӣ Саид: Ҳамкориро бо Васоити Ахбори Омма ҷоннок мекунем

Дирӯз, 9 августи соли 2024 дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Умури баргузории нишастро раиси вилояти Хатлон, мӯҳтарам Давлаталӣ Саид бар ӯҳда дошт, ба саволҳои хабарнигорони расонаҳои хабарии вилоят ва ҷумҳурӣ посух дод.
Нахуст хабарнигори ҳафтавори ҷамъиятию сиёсӣ ва ҷумҳуриявии «Пайк» дар мавриди вазъи корҳои идеологӣ дар вилоят савол дод. Раиси вилоят дар посух ба ин савол қайд кард, ки дар вилояти Хатлон корҳои идеологӣ дар шакли сӯҳбатҳо бо мардум дар маҳалҳо, алалхусус сӯҳбатҳои хона ба хона сурат гирифта истодааст. Баъди чунин сӯҳбатҳо болоравии сатҳи дониши сиёсии мардум мушоҳида мешавад. Ва аммо беҳтар аст, ки мо тавассути Васоити Ахбори Омма ва шабакаҳои интернетӣ корро ба роҳ монем, қайд кард раиси вилоят.
Ҷамила Ҳусайнова, хабарнигори ҳафтавори «СССР» дар мавриди реформаи соҳаи саноат ва қадрдонии ашхоси баруманди даргузашта савол дод. Давлаталӣ Саид дар посух ба ин саволҳо иброз дошт, ки албатта баҳри рушди соҳаи саноат мо бо шарикони рушд вохуриҳо гузаронида дар мавриди азнавсозии соҳа қарорҳои қатъӣ қабул кардаем. Мо роҳи дигар надорем, бояд якчанд корхонаи азими саноатӣ сохта ба истифода диҳем. Яке аз чунин корхонаҳои азими саноатии коркарди пахта ва омода сохтани маҳсулот аз он дар шаҳри Кӯлоб сохта ба истифода дода мешавад.
Ба саволи дуюм, қайд кард раиси вилоят, ҳаминро гуфтаниам, ки дар ҳақиқат ашхоси барумандро мо бояд чӣ дар зиндагиашон чӣ баъди маргашон вазифадорем эҳтиром гузорем, ин барои тарбияи насли наврас зарур аст, гуфт Давлаталӣ Саид.
Аз саволу ҷавобҳо бар меояд, ки нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлон дар нимсолаи аввали имсол хеле хубанд.
Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда нишондиҳандаҳои кутоҳмӯҳлати рушди минтақавии вилоят дар 6 моҳи соли 2024 ба 15,1 млрд. сомонӣ расонида шуд, суръати рушд баробар ба 8,2 банди фоизӣ таъмин гардид, гуфта шуд дар баромади раис ва илова кард, ки иҷроиши андоз 100,9 фисад таъмин шудааст, ки ба буҷет 1,3 млрд. сомонӣ (11, 2 млн. зиёд) ворид карда шуд.
Раиси вилоят инчунин ба саволҳои дигари хабарнигорон дар мавриди саноат, кишоварзӣ ва фарҳанг посухҳои қонеъкунанда дод.

А. Иброҳим

РӮҲИ АСЛИДДИН ДОСТИЕВ БО МОСТ   Ду соли пеш, яъне 8 августи соли 2022 қалби поки узви фаоли тими “Пайк”, номбардори журн...
09/08/2024

РӮҲИ АСЛИДДИН ДОСТИЕВ БО МОСТ

Ду соли пеш, яъне 8 августи соли 2022 қалби поки узви фаоли тими “Пайк”, номбардори журналистикаи тоҷик-Аслиддин Достиев аз тапидан боз монд. Иродаи қавӣ дошту азми болиғ, андешаи солим, фикри рушан. Бо гузашти ду сол аз наздикони мо нафарони зиёд ин ҷаҳонро падруд гуфтанд. Вақт хотираашонро аз ёдро зудуду нопадид кард, магар хотираи Эшони Аслиддин, ки имрӯз дарк кардем зудуданашаванда аст. Ҳаркуҷо ҷамъомаде аз ёру дӯстон рӯйи кор омад, ҳатман касе ёфт мешавад, ки ӯро ёд мекунаду ҳамагон аз набуданаш афсус мехуранд. Надидаам, ки атрофиёни мо аз марги каси дигар то ба ин ҳадд афсус бихуранд. Аҷиб аст, ки борҳо аз атрофиён шунидаам, ки мегӯянд, ба назарам намуд, ки ҳамин ҳоло Бобои Эшонро дидам, ки ба тарафи редаксия мерафт.
Гумон дорам, худаш даргузашту бо волидайну пайвандони дигари даргузаштааш пайваст, аммо рӯҳаш ҳамарӯза бо мост. Рӯҳаш шоду хонаи охираташ обод бод. Тими “Пайк” ҳеҷ гоҳ азизонашро фаромӯш намесозад.

Додарбек Сайдалиев, номзади илмҳои сиёсӣ

Имрӯз, ҳатто дар баъзе ҳолатҳо, баъзеи мо метавонад, бо баҳонае ночизе ба ин нишастҳо наояд. Вале ҳангоми дар қайди ҳаёт будани Бобои Эшон мо аз ӯ воқеан як ҳаросеро, ки аз бародари бузурги худ дорӣ, эҳсос мекардем, ва аз “тарс” наметавонистем, ба ин маҳфилҳо наоем. “Сағера, хдта грфтай, бо одамора писанд намекунӣ”- гуфтани Бобои Эшон барои мо як танбеҳи сахте буд, ки бо таҳаммул қабул мекардем.

Бахтиёр Сафаров, мудири шуъбаи иттилоотии таҳлилии раиси вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб:

Маводҳояш хонандаи махсуси худро доштанд.

Бобои Эшони Аслиддин новобаста аз журналист будан инсони самимӣ буданд. Ҳамеша ҷавононро ба омӯзишу азхудкунии малакаи журналистӣ далолат мекарданд. Новобаста аз он ки аз як соҳаи дигар ба журналистика омаданд, вале мақолаҳои таҳлилии сатҳи олиро эҷод мекарданд, ки ҳамеша нишонрас буданд. Маводҳояш хонандаи махсуси худро доштанд.

Худододи ИСЛОМ, котиби масъули ҳафтавори “Пайк”;

Нишастҳои матбуотӣ бо ӯ пур ва бе ӯ якранганд

Новобаста аз хислатҳои наҷиби дошта, устод Аслиддин Достиев нигоҳи амиқи журналистӣ доштанд. Аслан дар нишастҳои матбуотӣ гули сари сабад буданд. Бо саволҳои мушикофона дилхоҳ масъаларо рӯи об мебароварданд. Аммо сад афсус, ки нишастҳои матбуотӣ бидуни он кас қариб хушку холианд. Ҳамин холигӣ давоми ду ҳафтаи пеш, ки нишастҳои матбуотӣ баргузор шуданд, баръало мушоҳида шуд.
Рӯҳи устод шод бошад, омин!

Суҳробшои Фаррухшо, сармуҳаррири Телевезиони “Варзиш”

Агар дар дунё як мард буд, он ҳам Аслиддин Достиев аст!

Падари ман дар нисбати нафарони ҷавонмард чунин мегуфт: Агар дар дунё як мард бошад, уст, агар ду то бошад, якташ уст. Ман хело зиёд ин нафарро кофтам, ки сазовори ин гуфта бошад. Чун бо шодравон Аслиддин Достиев шинос шудам, дидам, ки Ӯ воқеан сазовори ин гуфтаҳои баланд аст. Тӯли чандин соли дӯстӣ бо Ӯ сари ин андеша борҳо муътақид шудам. Худо биомурзад, дӯсти моро. Рӯҳат шод бод.

Маҳмудҷон Раҳматзода, хабарнигори “Радиои Озодӣ”

Бобои Эшон арзиши ёд карданро дорад!

Воқеан шодравон Бобои Эшон (Аслиддин Достиев) арзиши ёд карданро дорад, зеро дар ҳаёт болотар аз интизорӣ вазифаи худро иҷро карду аз худ нишони бузург гузошт. Таври дигар гӯем бузургон фаромӯш намешаванд.
Бобои Эшон хислати хубе дошт, ки вақти сафар бо ӯ хастагиро эҳсос намекардем. Қиссаигуӣ мекард ва бо ҳазлҳои намакинаш касеро намегузошт, ки дар роҳ хоб кунад.
Акнун ҷои ӯ холист.
Ду рӯз қабл устод Аҳмадӣ Иброҳим дар роҳ ба сӯи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ки чанд лаҳза хомӯш мондем, аз ӯ ёд кард. Ҳар вақте аз ӯ ёд кунем ҳамон сурудҳое, ки ҳамеша дар роҳ ва дар вақти сари чанбари мошин буданаш аз пеши худ эҷод мекарду ҳазломез буданд, ба гӯшҳо мерасанд. Хотираҳое, ки ҳеҷ зудуда нашуда, симои Бобои Эшонро наздик нигоҳ медоранд.
Ёдат гиромӣ ва ҷоят ҷаннат бод марди бузург!

Аҳмади Иброҳим
Воқеан, Аслиддин Достиев инсоне буд, ки набуданаш бо гузашти ду сол аз реҳлаташ ҳис мешавад. Инсоне буд бо ҳарфи калон, дастгиру дастёри дармондагон. Ӯ барои дигарон зист. Рӯҳаш шод бод.

ВКД гуфт, барои маблағгузории терроризм нафаронеро  боздошт карданд     Дар шаш моҳи соли равон 95 ҳолати маблағгузорӣ б...
09/08/2024

ВКД гуфт, барои маблағгузории терроризм нафаронеро боздошт карданд

Дар шаш моҳи соли равон 95 ҳолати маблағгузорӣ ба терроризм ва экстримизм ба қайд гирифта шуда, 43 ҳолати он ошкор ва 39 нафар дастгир гардидаанд. Дар ин бора Аламшозода Абдураҳмон, муовини якуми вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар нишасти хабарии ин ниҳод хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, маблағи умумии маблағгузорӣ ба терроризм 500 ҳазор сомониро ташкил додааст.
Ҳамчунин дар нишаст зикр гардид, ки дар ним сол дар кишвар 3 амали террористӣ ва 2 амали сӯиқасд ба терроризм ба қайд гирифта шуда, ҳамааш ошкор гардидаанд.

М. Сатториён

ФАЙЗОБОД ЭРОДҲОИ “ПАЙК”-РО БА ИНОБАТ МЕГИРАД   Имрӯз 8.08.2024 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод н...
08/08/2024

ФАЙЗОБОД ЭРОДҲОИ “ПАЙК”-РО БА ИНОБАТ МЕГИРАД

Имрӯз 8.08.2024 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод нишасти матуботӣ баргузор шуд.
Каримзода Мансур Тағой, раиси ноҳия аз бурду бохти давраи шашмоҳа ба рӯзноманигорон маълумот дод. Мувофиқи иттилои раис, иҷроиши нақшаҳои буҷети маҳалливу ҷумҳуриявӣ дар сатҳи баланд, яъне ба андозаи 116,7 % иҷро гардида, нисбат ба нақшаи таъйингардида дар нимсолаи аввали соли 2024 3 млн. 430 ҳазор сомонӣ зиёд маблағ ворид карда шудааст. Оид ба сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар нақша дошта шудааст, ки 186 иншоот сохта ба истифода дода шаванд. То ба имрӯз аллакай 90 иншоот сохта шуда, сохтмон ва бунёди дигар иншоот бо суръати баланд идома дорад.
Ба саволҳои “Пайк” оид ба наҳре, ки аз маркази ноҳия мегузараду имрӯз ба партовгоҳ табдил ёфтааст ва дар мавриди 48 ҳазор дарахтони шинонидашуда аз тарафи Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия ва ба талабот ҷавобгӯ набудани биноҳои баландошёнаи маркази ноҳия аз тарафи раиси ноҳия чӣ чораҳо андешида мешаванд? чунин посухҳо дода шуд.
Проблемаи бардоштаи “Пайк” дуруст ва саривақтӣ мебошад. Ин наҳр, ки аз ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҷавонӣ ибтидо гирифта, маркази ноҳияро убур карда мегузарад, яке аз праблемаҳои ҷиддии ноҳия ба шумор меравад. Бо ягон роҳ мо натавонистем, ки пеши роҳи ба партовгоҳ табдил наёфтани ин наҳрро гирем. Ягона роҳи ин масъаларо ман дар деволбандӣ кардани қад-қадди сой мебинам.
Ба саволи дуюм, эроди шумо дар бораи дарахтон дуруст аст. Мо онро дар якҷоягӣ бо сохторҳои дахлдор дида мебароем ва ҳисоби аниқашро муайян мекунем. Ба саволи сеюм раиси ноҳия посух доданд, ки ман то имрӯз ба ягон нафар оид ба бунёди сохтмонҳои баландошёна қароре надодаам. Ин баландошёнаҳои гуфтаи “Пайк” дар лоиҳаи қаблан ба имзо расид аст. Ҳозир нақшаи генералии шаҳраки Файзобод дар Ҳукумати Ҷумҳурӣ қарор дорад ва онро Институти лоиҳакашии “Шаҳрофар” таҳия намудааст. Агар оянда мо бино созем, танҳо дар доираи нақшаи генералии иншоот бунёд хоҳем намуд.

Саиди ҲАЙДАР

НОМАИ КУШОД БА РАИСИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, МӮҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢАз тарафи Буриев Парвиз Ҳакимович сокини ...
08/08/2024

НОМАИ КУШОД БА РАИСИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, МӮҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ
Аз тарафи Буриев Парвиз Ҳакимович сокини ш Кӯлоб, кучаи И.Сомонӣ,
хонаи 47 утоқи 10, маҷрӯҳи гурӯҳи 2-юм
Тел: 918.68.79.26.

ДОД АЗ ДАСТИ ШИРКАТИ ҶДММ «ГУРӮҲ»
Мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ, банда эҳтироми хоса нисбати шахсияти Шумо дорам, Бар он боварам ки вуҷуди Шумо пур аз эҳсоси ватандӯстӣ асту ҳисси ғамхорӣ нисбат ба раъият. Ба маълумоти Шумо мерасонам, ки ман бо аҳлу оилаам- модари пирам ва бародарам ҷамъ 9 нафар дар манзили истиқоматии худ воқеъ дар шаҳри Кӯлоб, кучаи И. Сомонӣ, хонаи 47, утоқи 10 зиндагӣ ва умр ба сар мебарем. Қариб як сол мешавад, ки аҳлу оилаи мо аз сабаби қонуншиканиҳои ҷойдошта аз тарафи роҳбари ҶДММ Д А «гуруҳ» воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба шаҳри Кӯлоб омада, дар бари манзили истиқоматии ман замин барои сохтмони бинои баландошёна гирифта дар наздикии 0,60 см аз манзили истиқоматии ман таҳкурсӣ рехта хонаи 12 ошёна месозад. Айвони ин баландошёна рӯйи ҳавлии ман қарор дорад. Худи ин сохтмон ба ягон меъёри биносозӣ ва шаҳрсозӣ мувофиқ нест.
Ман ҳамчун шаҳрванди Ҷумҳурӣ сокини шаҳри Кӯлоб, ҳаминро гуфтанӣ ҳастам ва боварии комил дорам, ки ҳуҷатгузории ҶДММ ДА «Гуруҳ» оиди сохтумони бинои баландошёна дар бари манзили истиқоматии ман куллан хилофи қонунҳои амалкунанда оид ба сохтумонҳои Ҷумҳурӣ мебошад.
Дар рафти сохтмони ин бино аз боло пораҳои сахти сохтмонӣ рехта ба болопӯши боми ман зарари ҷиддӣ мерасонад. Ҳаёт ва саломатии аҳлу оилаи мо дар зери хатари калон қарор дорад. Ҳамаи ин фишоровариҳоро ҶДММ Д А «Гуруҳ» нисбати мо ба он хотир карда истодааст, ки мо бояд ин манзили истиқоматиямонро бо арзиши ночиз ба у диҳем. Роҳбари ҶДММ Д А «Гуруҳ» бе ягон ҳисси одамгарӣ иброз менамоянд, ки «бетонпораю арматуру тахтапора, ки дар ҳавлию тори бомат меафтанд, эҳтиёт кунед, ки ягон сементблок ба тори саратон наафтад. Ман чи хеле, ки хоҳам ҳамон хел сохтумонамро идома медиҳам, ягон кас маро ягон гап гуфта наметавонад.»
Бо арзи эҳтироми хоссае, ки нисбати Шумо мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ дорам аз Шумо эҳтиромона хоҳиш дорам ба доди ман бирасед ва маро аз зулми ин соҳибкор раҳо бахшед.
Қаблан сипосгузорам.
Бо эҳтиром: Аризадиҳанда П. Буриев (имзо)

ТИҶОРАТИ ХОРИҶӢ ДАР ҲОЛИ РУШД АСТ   Дар таърихи 7.08.2024 дар Хадамоти Гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишаст...
08/08/2024

ТИҶОРАТИ ХОРИҶӢ ДАР ҲОЛИ РУШД АСТ

Дар таърихи 7.08.2024 дар Хадамоти Гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки ба суолҳои хабарнигорон муовини якуми Хадамот Ҳайдарзода ... ва дигар масъулини дахлдори хадамот ҷавобҳо гуфтанд. Давоми 6 моҳаи аввали соли 2024 гардиши тиҷорати хориҷӣ ба 4 млрд 417,4 млн долар баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (3,364,3 млн долар) ба қадри 1 млрд 053,1 млн долар зиёд будааст. Давоми нимсолаи аввал 2 ҳазору 522 адад нақлёти соли бароришон то 2013 ворид карда шудаанд, ки ҳоло дар анборҳои хадамоти гумрук нигаҳдорӣ карда мешудаанд. Ба саволи “Пайк” оиди сабабњои баланд бардоштани боҷи гумрукӣ чунин посух дода шуд, ки “мо ҳисобу китоб намудем, ки воридкунандагони дору бисёре аз дорувориро бо нархҳои басо арзон харидорӣ намуда дар бозорҳои тиҷоратии худ бо нархҳои басо гарон ба савдо мебароранд, ки мо ният дорем даромади воқеии онҳоро то як дараҷа андозбандӣ намоем, ҳоло ин амал дар нақша мебошад”
Саиди Ҳайдар “Пайк”

Палатаи ҳисоб 183,9 миллион сомонӣ маблағҳои тасарруфшударо ошкор кард   7-август дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон...
08/08/2024

Палатаи ҳисоб 183,9 миллион сомонӣ маблағҳои тасарруфшударо ошкор кард

7-август дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки кори онро раиси Палатаи ҳисоб Чиллазода Қарахон, муовини якуми раис, аудиторон ва сараудиторон ва дигар масъулини дахлдори палатаи ҳисоб ба саволи хабарнигорон ҷавоб гуфтанд. Дар нимсолаи аввали соли 2024 аз тарафи палатаи ҳисоб 67 чорабиниҳои аудиторї гузарида шудааст, ки аз тарафи аудиторон маблағҳои тасарруфшуда 183,9 млн сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузшта 87,1 млн сомонӣ зиёд будааст. Аз маблағҳои тасарруфшуда 182,5 млн сомонӣ, аз ҷумла ба буҷет 114,1 млн сомонӣ ба корхонаҳо 44,4 млн сомонӣ ва тавасути мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 24,0 млн сомонӣ барқарор карда шуд, ки 99,2 фоизашро ташкил медиҳад. Дар нимсолаи якуми соли 2024 аз тарафи палатаи ҳисоб дар шаҳру ноҳияҳои Конибодому Гулистони вилояти Суғд ноҳияи Восеъ буҷети вилояти Хатлон ва ноҳияи Тоҷикиобод санҷиши молиявї гузаронида шуд, ки қоидавайронкуниҳои молиявї ба маблағи 25,7 млн сомонӣ ошкор карда шудааст, ки аз он 25,6 млн сомониаш барқарор гардидааст. Тибқи қоидаҳои муқараршуда дар ин давра аз натиҷаи чорабиниҳои аудитории Палатаи ҳисоб 19 мавод ба маблағи 8,4 млн сомонӣ барои чораҷӯӣ ва қабули қарорҳои дахлдор ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла ба Прокуратураи генералӣ, 8 мавод ба маблағи 3,5 млн сомонӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсия, 10 мавод ба маблағи 4,9 млн сомонӣ ва Кумитаи Амнияти Миллӣ 1 мавод ба маблағи 5,3 млн сомонӣ ирсол гардид. Ба саволҳои “Пайк” оиди чанд лоиҳаҳои сармоягузорї, амвол ва чорвоҳои калони шохдор ва майдаро, ки ба шахсони хоҷагидор барои ривоҷу равнақи чорводорї дода буд, агар дар ин соҳа аудити молиявї гузаронида шуда бошад ва зарарҳои ба буҷет расидаро ба соҳаи чорводорї ва зарарҳои экологї “Пайк” пурсон шуд. Ба саволи якум ҷавоб дода шуд, ки дар гуруҳи татбиқи лоиҳаи “хизматрасонии маҷмуї, барои модару кудак” ин назди вазорати тандурустї ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аудит гузароинида шуд, ки маълум гардид, 429,8 ҳазор сомонӣ аз худ карда шуда будаанд, ки ин маблағҳо барқарор карда шудаанд. Ба саволи 2-юм ҷавоб дода шуд, ки то ин вақт чорвои давлатї тариқи ройгон барои рушти чорводорї дода шуда, санҷида нашудааст, бинобар ин оянда ин масъала дар нақшаи гузарондани санҷишҳои молиявї ворид карда мешавад. Ба саволи 3-юми “Пайк” оид ба зарарҳои экологии ҶДММ Ёқут-2000 дар нақшаи санҷиши молиявї дар солҳои минбада гузошта хоҳад шуд.
Саиди Ҳайдар

Ёвон: вазъи экологӣ кай беҳтар мешавад?   Дар таърихи 7.08.2024 дар ноҳияи Ёвон нишасти матуботї баргузор гардид, ки ба ...
08/08/2024

Ёвон: вазъи экологӣ кай беҳтар мешавад?

Дар таърихи 7.08.2024 дар ноҳияи Ёвон нишасти матуботї баргузор гардид, ки ба саволҳои хабарнигорон Раиси ноҳия ... ва дигар масъулини дахлдор ҷавоб гуфтанд. Раиси ноњия дар баромади худ қайд намуд, ки нақшаи иҷроиши андозҳо бе назардошти андоз супорандагони азим дар ноҳия ба андозаи 111,7 % иҷро гардида зиёда аз нақша беш аз 8 млну 289 ҳазор сомонӣ маблағҳо ворид карда шудааст.

“Пайк” ба раискунанда ду савол дод, ки саволи якум дар мавриди кай обод гаштани роҳҳои ноҳия ва саволи дуюм оид ба ҳолати бади экологї, махсусан дар самти партовҳои маишї, ки ба дарёчаи Ёвон партов карда мешаванд. Раиси ноҳия посух дод, ки ҳарду саволи “Пайк” ҳақонї дуруст мебошад ва мо кушиш мекунем, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷет роҳҳои ноҳияро пурра обод намоем. Оиди кай пеши роҳи партовҳои сохтмониро, ки ба дарёчаи Ёвон партов мегардад ба шуъбаи ҳифзи муҳити зист супориш доданд, ки нақша чорабиниҳо оиди бартараф намудани чунин амалҳо тартиб дода дар кутоҳтарин муддат пеши роҳи чунин амалҳо гирифта шавад.

Саиди Ҳайдар

Address

Kulob

Telephone

+992988365437

Website

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Payk.tj posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Contact The Business

Send a message to Payk.tj:

Share