ҲАМРОЗИ ХАЛҚ

ҲАМРОЗИ ХАЛҚ Ҳамрози халқ - газета ва ё нашрияе мебошад, ки ҳамеша ҳамрози мардум; иттилоотрасон, рафъкунандаи мушкилот ва навовару созанда.

АЁДАТИ  ИШТИРОКЧИИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ  ДАР ШАҲРИ БОХТАР7 май бахшида ба 80-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватан...
07/05/2025

АЁДАТИ ИШТИРОКЧИИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР

7 май бахшида ба 80-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба аёдати иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Зайнулло Алиев рафт.

Зимни суҳбат Саидзода Ҷамшед Ҳамро аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Зайнулло Алиевро ба муносибати 80-солагии Рӯзи Ғалаба самимона табрик гуфта, ба ӯ туҳфаҳои моддиву молиявиро тақдим намуд.
Қайд гардид, ки чунин иқдомҳо нишонаи арҷгузорӣ ба таъриху қаҳрамониҳои фарзандони шуҷои миллат мебошанд. Пешвои миллат ҳамеша таъкид менамоянд, ки пос доштани хизмати собиқадорон қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванд аст. Аёдати Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб боиси руҳбаландии бобои Зайнулло гардид. Бобои Зайнулло бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба халқу давлат, намунаи ибрат барои насли имрӯз маҳсуб меёбад.
Тавре иттилоъ дода шуд, Алиев Зайнулло 12 ноябри соли 1925 дар деҳаи “Гули зиндон”-и ноҳияи Кангурт (ҳоло Темурмалик) ба дунё омадааст. Ӯ соли 1942 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷалб гардида, дар ҷабҳаҳои Ленинград ва Белоруссия ҷангида, дар озодсозии шаҳрҳои Ленинград, Калинин, Молдова, Венгрия ва Руминия ширкат намудааст.
Дар соли 1945 зимни як муҳорибаи шадид ҷароҳати вазнин бардошта, ба Ватан баргаштааст. Пас аз баргашт солҳои зиёд дар колхози ба номи К. Маркси шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) фаъолият намудааст. Ӯ ҳамчун собиқадори меҳнат таҷрибаи худро дар рушди пахтакорӣ ва дигар бахшҳои кишоварзӣ равона карда, бо меҳнати содиқонаи худ сазовори эҳтироми ҳамдиёрон гардидааст.
Барои хизматҳои арзандааш бо ордени “Ҷанги Ватанӣ дараҷаи дуюм”, медалҳои “Барои меҳнати шоён”, “40-солагии Ғалаба”, “60-солагии Ғалаба”, “Медали Жуков”, “50-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР” ва мукофотҳои дигари давлатӣ сарфароз гардонида шудааст.
Айни замон бобои Зайнулло дар маҳаллаи “Ваҳдат”-и шаҳри Бохтар истиқомат дошта, дар ҳалқаи фарзандону наберагон рӯзгори шоистаи пиронсолиро сипарӣ мекунад.

“Ҳамрози халқ”

КИТОБХОНА – МАКОНИ РУШД ВА БЕДОРИИ ФИКРӢ Бо мақсади беҳтар гардонидани сатҳи  хизматрасонӣ дар китобхонаи марказӣ ва кит...
01/05/2025

КИТОБХОНА – МАКОНИ РУШД ВА БЕДОРИИ ФИКРӢ

Бо мақсади беҳтар гардонидани сатҳи хизматрасонӣ дар китобхонаи марказӣ ва китобхонаҳои деҳоти ноҳияи Вахш, дар давоми соли 2024 корҳои назаррас амалӣ гардидаанд.

Майрамбӣ Каримова, директори китобхонаи марказии ноҳияи Вахш, изҳор дошт, ки ҷиҳати ҷалби бештари ҷавонон ба китобхона ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии онҳо маҳфилҳои гуногун ташкил гардидаанд. Маҳфилҳои адабӣ чун «Гулбарг», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Шоҳномахонӣ», «Дасти дуои модар» ва «Лоиқхонӣ» ҳаррӯза дар назди китобхона баргузор мегарданд.
Барои ташвиқи фаъолон ва ғолибон, роҳбарияти китобхона сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим менамояд. Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии соҳибкорон ва шахсони саховатпеша, аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон як китобхонаи муосир бо тамоми шароити зарурӣ дар маркази ноҳия бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд.

Бо таъсиси чунин китобхонаи замонавӣ, шумораи хонандагони китобҳои бадеӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст, афзуд Майрамбӣ Каримова. Боиси сарфарозист, ки соҳаи китобдорӣ низ зери таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Таваҷҷуҳи хосса ба рушди фарҳанг, бунёди китобхонаҳо, дастрасии осон ба сарчашмаҳои илмӣ ва таҳкими заминаҳои маърифатӣ аз муҳимтарин иқдомҳои Роҳбари давлат маҳсуб меёбанд. Илова бар ин ҷавонон, кормандони соҳаҳои гуногуни ноҳия низ ба китобхонаҳо муроҷиат намуда, мутолиаи китобҳоро ба як анъанаи хуб табдил додаанд.

Майрамбӣ Каримова ҳамчунин гуфт, ки айни замон 12 нафар мутахассиси соҳа дар китобхонаи марказии ноҳия фаъолият мекунанд. Дар ҳудуди ноҳияи Вахш 18 китобхона амал мекунад, ки дар маҷмӯъ дорои 83 ҳазору 217 нусха китоб мебошанд. Бо пешниҳоди раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, соли 2025 дар вилоят “Соли фарҳанги китобхонӣ” эълон гардид, ки ин иқдоми нек аз ҷониби шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш бо камоли хушнудӣ ҷонибдорӣ ёфтааст.
Эълони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” низ яке аз иқдомҳои муҳим ва ояндасоз дар роҳи ташвиқ ва тарғиби китобхонӣ ба шумор меравад. Ҷалби кӯдакон ба китоб тавассути ташкили муҳити фарҳангӣ, хариди китобҳои бадеӣ, мутолиаи китоб аз ҷониби волидон дар назди фарзандон ва назорат ба мутолиаи онҳо, аз роҳҳои муассири тарбияи фарҳанги мутолиа дар оила маҳсуб меёбад.

Бидуни шубҳа, илму дониш, маърифат ва фарҳанг чароғи роҳнамоест, ки инсон тавассути он ба ояндаи дурахшон қадам мегузорад. Пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба маърифат ва сатҳи дониш вобастагӣ дорад. Майрамбӣ Каримова мегӯяд, ки ҳар қадам дар роҳи китобу дониш, қадаме ба сӯи фардои дурахшон аст.
Китобхона на танҳо манбаи иттилоъ, балки мактаби тарбияву маърифат низ мебошад. Мутолиаи китоб барои ҳар як шахс пуштибони равшанфикрӣ ва худогоҳист. Ҷомеае, ки китоб мехонад, ҷомеаи пешрафта ва огоҳ аз замон хоҳад буд.

Имрӯзҳо нақши китобхона ҳамчун манбаи асосии дониш ва маърифат дар ҷомеа беш аз ҳар вақти дигар эҳсос мешавад.
Китоб на танҳо василаи фароғат, балки чароғе барои рӯшан кардани дили инсон ва рушди шахсияти ӯст. Дар ҳамин замина, китобхонаҳои ноҳияи Вахш талош доранд то бо пешниҳоди хидматрасонии муосир ва муҳити илмиву фарҳангӣ ба талаботи хонандагон ҷавобгӯ бошанд.

Таъмини китобхонаҳо бо китобҳои тозанашр, ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ, фароҳам овардани дастрасии ройгон ба китобҳои электронӣ ва ташкили маҳфилҳои доимӣ, ҳамагӣ гоми устуворанд дар роҳи ташаккули ҷомеаи донишпарвар. Аз ҷумла, ташкили маҳфилҳои “Шоҳномахонӣ” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” на танҳо барои рушди завқи китобхонии наврасону ҷавонон мусоидат мекунанд, балки як мактаби воқеии ватанпарастӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ ба ҳисоб мераванд.

Ҳамзамон, таҷрибаи ташвиқ ва қадрдонии хонандагони фаъоли китобхона дар шакли сипоснома ва туҳфаҳои рамзӣ, худ як навъ ҳавасмандгардонӣ барои дигарон мебошад. Гузашта аз ин, дастгирии соҳибкорону шахсони саховатпеша дар бунёди китобхонаҳои муосир нишондиҳандаи баланд рафтани ҳисси иҷтимоӣ ва ҳамбастагии ҷомеа мебошад.
Нақши волидон ва омӯзгорон дар ташаккули фарҳанги китобхонӣ беандоза муҳим аст. Дар хона, замоне ки кӯдак падару модари худро машғули мутолиаи китоб мебинад, ин амал ба як раванди табиӣ тақлид табдил меёбад. Омӯзгорон бошад, метавонанд тавассути ташкили дарсҳои озоди муҳокима ва саволу ҷавобҳои асосёфта муҳити шавқовар барои китобхонӣ фароҳам оранд, мегӯяд ҳамсуҳбати мо

Маҳз тавассути чунин тадбирҳо метавонад насли наврас ба китоб ва дониш рӯй оварад. Истиқлолияти давлатӣ ба халқи тоҷик имконият дод, ки фарҳанги миллӣ, забон, хат ва сарчашмаҳои таърихиву адабии худро аз нав эҳё намояд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид доштаанд, ки “миллате, ки китобу донишро парастиш мекунад, аз нобудӣ эмин аст”.

Бинобар ин, ҳар як фарди ҷомеа бояд дар ин раванд саҳмгузор бошад - хоҳ донишҷӯ бошаду хоҳ омӯзгор, хоҳ волидайн бошаду хоҳ роҳбар. Баробари эълони соли 2025 дар вилояти Хатлон ҳамчун “Соли фарҳанги китобхонӣ”, роҳбарият ва кормандони тамоми муассисаҳои марбутаи фарҳангӣ, махсусан китобхонаҳо, бояд ин фурсатро барои таҳкими робита бо аҳолӣ, ташкили чорабиниҳои маърифатӣ, рушди китобхонаҳои хусусӣ ва васеъ намудани имкониятҳои дастрасии мардум ба китоб истифода намоянд.

Дар идома Майрамбӣ Каримова иброз дошт, ки бо итминон метавон гуфт, ки китобхонаҳо дар оянда низ ҳамчун муҳити созандаи маънавӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ нақши калидӣ хоҳанд бозид. Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дастгириҳои доимии давлату Ҳукумат, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин маконҳо дар таҳкими ҷомеаи маърифатӣ ва навсозии андешаи миллӣ хизмат хоҳанд кард.

Аҳлиддини МУБОРАКШОҲ,
“Ҳамрози халқ”

03/09/2024
Сагҷакишҳои “мияв-лаб”-ҳои он сӯи ОмӯВокуниш. Баъди иддаои ба ном мавлавиҳои ба исму насабҳои Аҳмад Фирӯзи  Аҳмадӣ ва Аб...
13/06/2024

Сагҷакишҳои “мияв-лаб”-ҳои он сӯи Омӯ
Вокуниш. Баъди иддаои ба ном мавлавиҳои ба исму насабҳои Аҳмад Фирӯзи Аҳмадӣ ва Абдуқодири Ҳомӣ, ки гӯё зодагони Ҷумҳурии исломии Афғонистон бошанд, садҳо нафар мардуми худогоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тоҷикони ҷаҳон бо далелу аркоми бебаҳс алайҳи даъвоҳои подарҳавои ин бозичаҳои Ғарб вокунишҳо нишон дода истодаанд. Албатта, мавқеъгириҳои ҷадиди фарзандони ғаюри Тоҷикистон дар ҷавоб ба гуфтаҳои мавлавиҳо аввалу охир набуда, балки дар арсаи муқовиматҳои идеологӣ мардуми Тоҷикистон на камтар аз дилхоҳ кишвари қудратманди ҷаҳон хоҳад буд.
Аммо сабаби иншои ин матлаб дар ҷавоби бадгӯиҳо бо забони тоҷикӣ сухан гуфтани онҳо аст, ки агар забони модариашон бошаду аз нақшаҳои оянда хоҷагони хориҷиашон огоҳӣ надошта бошанд, посухи моро бишнаванд.
Нахуст меросбарони забони ноби тоҷикӣ таҳқиру дигар алфози қабеҳро дар суҳбату маҳфилҳои оммавӣ истифода намебаранд, ки шумо дар сурат исломиву аммо сирататонро сатҳи гуфторатон шаҳодат бидиҳад. Ҳамин забоне, ки ҳар дуи шумо бечораҳо таҳқирномаи хоҷагонатонро расонаӣ кардаед, забони ноби мардуми тамаддунофарест, танҳо дар аҳди Истиқлоли Тоҷикистон пуштибони худро ёфт. Вагарна шумову бисту як пушти гузаштаатон забони модарӣ куҷо, сарзаминҳои аҷдодони худро ва ҳама таъриху фарҳанг ва асолати милливу арзишҳои диниро аз даст додаед. Чаро бисту як пушт гуфтам, ки бисту дувумин пушти мардумоне, ки шумо аз сарзаминҳои аҷдодии онҳо овоз баровардаед, ҳанӯз аз нимаи дуввуми асри ХV на танҳо хоку қаламрави меҳанро ба истилогарони инглис фурўхтаанд, балки ба як ишораи Лорду шоҳони дуруғини ғарбӣ исми зебои Хуросонро ба Афғонистон (ҷангистон иваз карда, аз ин шайтанати Ғарб ифтихор ҳам доштанд). Оре, як тамасхури хоҷагони Аврупоии сарзаминҳои Афғонистон, ки: “Барои Ҳинди бузург аз Бритониё будан Хуросон бояд ҷангистон гардад”, лабайгӯяконе ба монанди шумо беш аз 500 сол мешавад чун бозичаи ифлосшуда василаи ҷангу фитнаву ғаддориҳо дар Афғонистонанд.
Ҳол он ки сатри исломиро аз сарулибоси фарҳанги бегона фарқ намекунеду ҷиҳод ба нафсро ба мазмуни одамкушӣ мефаҳмед, вокуниши моро бишнавед: “Кал табиб шуда бошад, сари худро табобат кунад”. Он чодаре, ки бо ном сатру дар зераш “театри бачабозӣ”-ро ривоҷ додаед, бо шумо монад.
Имрўз модари тоҷик сатру фарҳанги миллии либоспӯшии худро дорад, ки ҷавобгӯи меъёрҳои дини мубини ислом аст. Таърихшиносон медонанд, ки амалҳои зиште дар мисоли бачабозӣ аз аҳли хуросони қадим набуд, вале дар шумо роиҷ аст, ки вобаста ба ин мавзуъ сухан намекушоед. Ин ҳам аз бехабариву бефараҳии мисли шумо забондарозони баҳсҳои исломист, ки бадтарин амалу кирдорҳои мухолифи арзишҳои башариро аз номи дини мубини ислом анҷом медиҳед. Агар намедонед, пас бидонед, ки пушти он унвонҳои дар таълимгоҳҳои террористиву экстремистӣ гирифтаатон нақши бозидаатон меистад, ки дар фазои маҷозиву муборизаҳои идеологӣ чӣ масъулияти зиштеро ба уҳда гирифтаед.
Албатта, ба шумо бечораҳои асолатбохта, ки саводи диниро аз забони якдигар ёд гирифтаед, шарҳу тавзеҳ додани масоили динӣ ба маънии вақтро аз даст додан аст. Вале барои хоҷагони шумо ин паёми тоҷикони Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳушдор бошад, ки мо фирефтаи суханҳои бепояи шумо нахоҳем гардид.
Барои ҳар фарди ин сарзаминҳои муқаддас кифоя аст, ки бо мутолиаи саҳифаҳои аввали асари Пешвои муаззами миллат муњтарам Эмомалї Рањмон бо номи “Забони миллат- ҳастии миллат” ба дарки ин нукта сарфаҳм бираванд, ки чӣ гуна бехабарӣ аз асли ислому арзишҳои худӣ боиси аз даст рафтани сарзаминҳои аҷдодиву куштору қатли сартосарии мардумони он гардидааст.
Ба маълумоти шумо мерасонем, ки бо шарофати Истиқлолият ва зимоми давлатдориро ба даст гирифтани фарзанди фарзонаи миллати тоҷик муњтарам Эмомалї Рањмон на танҳо сарзамини Тоҷикистон ва амнияти мардумонаш, балки акнун забони дарӣ-тоҷикӣ ва арзишҳои милливу фарҳангии меросбарони Фирдавсиву Сино, Хаёму Саъдиву Ҳофиз ва даҳҳо дигар абармардони ин миллат пуштибони худро пайдо кардааст.
Аз ин рў, агар афғонистонии баору номус мебуд, саллаи худро ба замин мегузошту сари бесоҳибу дар ҳодисаҳои ватанфурӯши даккахӯрдаи худро болои ду зону гузошта, кӯшиши андешидан мекард, ки чӣ иштибоҳе аз ӯву гузаштагонаш сар зад, ки аҷнабиён дину оини ӯро барбод додаву сарвату ганҷинаҳояшонро ба тороҷ бурдаанд.
Эй онҳое, ки бо номи ҳомиву аҳмадҳои дини мубини ислом садо баланд мекунед, агар ба гуфтаҳои мо шакк дошта бошед, аввал ба таъриху намодҳои миллии мардумони Машриқзамин дида андӯхта, пас он ба сарватҳои дар осорхонаи кишварҳои аврупову тоҷу тахти шоҳзодаҳои онҳо бингаред, ки арзишҳои гузаштагони моро аз куҷо то ба куҷо рабурдаанд.
Агар ин фаҳму фаросатро надоред, лоаққал аз хонаҳои худ сар карда, зери ба номи сатри исломиро тоза кунед, ки андар зери чодарҳои шумо зинову зиштиҳои олам пинњон аст. Чун аз ҳадису Оятҳои Қуръони Карим ҳарф мезанед, ин ҳам баргирифта аз Оятҳои карима аст, ки “Рӯзи ҳисоб пӯшидаҳо кушода шаванд”.
Аммо то замоне, ки парда барафтад, агар нафаре худро ҳомии дини мубини ислом мешуморад ва пайравӣ аз Имоми Аъзам дорад, бояд бидонад, ки дар рӯзҳои аввали ба Кашмир ворид шудани Имом Абӯҳанифа 500 нафар кашмириён дини мубини исломро қабул карда буданд. Ҳол он ки Имоми Аъзам дар ин муддати гашту гузор дар Кашмир ҳарфе ба забон наоварда буд, аммо аҳли он сарзамин мафтуни амалу рафтори ӯ шуда буданд.
Шояд нависандаи рус Лев Толстой ҳам ишора ба ҳамин достони Имоми Аъзам гуфта буд, ки; “ Ба мо дар бораи дин зиёд нагӯед, аммо гузоред, ки динро дар амалҳои шумо дида бошем”.
Пас, эй аккосони фитнаҳои шайтанатӣ!
Ин миллат, ки дар саргаҳи даврони Истиқлоли давлатии Меҳани худ мувоҷеҳи шикасту анқариб заволу нестӣ гардида буд, дигар фирефтаи сухани мисли шумо бардаҳои асолатбохтае нахоҳад гардид, ки аз даму нафасатон буйи борут меояд. Пирону бузургворони ин қаламрави поягузорони ваҳдату сулҳофарин даст ба дуо фарзандони худро дар руҳияи ватандӯстиву ифтихор аз ҳуввияти миллӣ тарбияву ба воя расонида истодаанд, то нагузоранд, ки таърих такрор ёфта, аҷнабиён бо хиёнату худфурўшии ғаддороне мисли шумо боз пойи касрат ба сарзаминҳои муқаддас гузошта, оянда кананду сӯзанду кушанду баранду раванд.....
Гулмуродзода Қумриниссо - муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

04/05/2024

РЕЙТИНГИ ИНТИШОРИ МАВОДҲО БА САНАИ 02.05.2024

30/04/2024

КАСЕ, КИ АЗ ПАЙИ ХОИНОНИ МИЛЛАТ МЕРАВАД, ТЕША БА РЕШАИ ХУД МЕЗАНАД!

ВОКУНИШ: Имрӯзҳо мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол талош доранд, дар устуворӣ ва таҳкими Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ ҳар чӣ бештар саҳмгузор бошанд. Дар баробари ин бояд тазаккур дод, ки дастовардҳои Ватани маҳбуб дар замони соҳибистиқлолӣ хеле зиёданд, ки ин пешравию шукуфоии Меҳанро бархе аз бадхоҳон, хоинони ватанфурӯш ва душманони дохиливу хориҷии миллату давлат дидан намехоҳанд. Ватанфурӯшони хоин, ки дар давлатҳои хориҷа пинҳон шуда мегарданд, чунин пешравӣ ва шукуфоии мамлакати азизамонро дида наметавонанд ва кӯшиш доранд, ки онро халалдор созанд.
Бо дурӯғу буҳтон ин хоинони миллат дар сомонаҳои иҷтимоӣ аз ҳама василаҳо, бахусус, тӯҳмату таҳқир ва ба ҳар роҳ таъсир расонидан ба афкори мардум саъю талош доранд.
Дастовардҳои бузургеро, ки то имрӯз миллати тоҷик ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва дар партави сиёсати Ҳукумати кишвар бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноил гардидааст, ҳеҷ фарди солимфикру боинсоф инкор карда наметавонад.
Дар як муддати кутоҳ як сарзамини бар асари ҷанги шаҳрвандӣ харобу валангор гардидаро ободу зебо гардонидан ва пеш аз ҳама ҷангро хотима бахшидану осори онро аз гӯшаву канори мамлакат бартараф намудан кори саҳлу сода нест! Пешвои ободкору созанда ба кадом гӯшаву канори кишвар меравад, он ҷо ободу зебо мегардад, аҳволи мардум аз сиёсати ободгаронаи ин шахсияти нотакрор рӯ ба беҳбудӣ овардааст.
Ба ин хоинон гуфтаниям, ки Муҳидин Кабирӣ, Иқболи Садриддин, Ҳусейн Ашӯров ва пайравони онҳо! Шумо хоин, бешараф, бенангу беномус будед, ҳастед ва мемонед! Шумо ташкилкунандагони ин ҳизби терорристӣ барои пулу мол шуда, мазҳаби муқаддаси худро фурӯхтаву ба мазҳаби бегона шомил шудаед. Касе, ки аз пайи шумо хоинони миллат меравад, теша ба решаи худ мезанад! Ба маҳкама меравад, ё як умр зодгоҳашро надида, дар хориҷа дар ба дар шуда мегардад. Бархе аз ҷавонони ноогоҳ аз пушти шумо шуда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд. Фаромӯш накунед, ки миллати сарбаланди Тоҷикистони соҳибистиқлол симои асосии шумо хоинонро хуб шинохтааст, дигар ба сафсатаҳои дурӯғинатон касе бовар намекунад!
Моро лозим аст, ки сирати зишту нопоки саркардагони ин созмони фитнаангезро ҳарчӣ амиқтару дақиқтар ба мардуми кишвар, бахусус ба ҷавонон муаррифӣ намуда, бо ин роҳ аҳли ҷомеаро аз макру дасисаҳои душманони миллат огоҳ созем. Нагузорем, ки ваҳдату якпорчагии миллат халалдор гардад.

Ҳасан Ғуломов – сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

РЕЙТИНГИ ИНТИШОРИ МАВОДҲО БА САНАИ 18.04.2024
19/04/2024

РЕЙТИНГИ ИНТИШОРИ МАВОДҲО БА САНАИ 18.04.2024

РЕЙТИНГИ ИНТИШОРИ МАВОДҲО БА САНАИ 11.04.2024
12/04/2024

РЕЙТИНГИ ИНТИШОРИ МАВОДҲО БА САНАИ 11.04.2024

РЕЙТИНГИ ИНТИШОРИ МАВОДҲО БА САНАИ 9.04.2024
11/04/2024

РЕЙТИНГИ ИНТИШОРИ МАВОДҲО БА САНАИ 9.04.2024

РЕЙТИНГИ ИНТИШОРИ МАВОДҲО БА САНАИ 8.04.2024
11/04/2024

РЕЙТИНГИ ИНТИШОРИ МАВОДҲО БА САНАИ 8.04.2024

Address

Айни 47
Kurgan-Tyube
735140

Opening Hours

Monday 09:00 - 17:00
Tuesday 09:00 - 17:00
Wednesday 09:00 - 17:00
Thursday 09:00 - 17:00
Friday 09:00 - 17:00

Telephone

+992322220211

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when ҲАМРОЗИ ХАЛҚ posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Contact The Business

Send a message to ҲАМРОЗИ ХАЛҚ:

Share

Category