Дурдонаи Шарқ

Дурдонаи Шарқ Маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон

 Ассалому алайкум ҳамдиёрони арҷманд!Ман боварӣ дорам, барои соли 2026 ба маҷаллаи "Дурдонаи Шарқ" худатон ва дӯстонатон...
03/09/2025



Ассалому алайкум ҳамдиёрони арҷманд!
Ман боварӣ дорам, барои соли 2026 ба маҷаллаи "Дурдонаи Шарқ" худатон ва дӯстонатонро обуна карда, барои пешрафти адабиётамон кӯмак мекунед.

💵 Нархи обуна барои як сол 200 000 сӯм.

Аз ҳамаи Шумо сипосгузорем, ки бо ёрии Шумо се соли расо маҷаллаи мо бо сифати хуб руйи чопро мебинад.

Карта барои обуна.

💳 HUMO: 9860190109124999
Асадулло Шукуров

Баъди гузаронидани маблағ варақаи ҳисобӣ (чек)- ро бо суроғаатон ба мо фиристед ба Шумо варақаи тасдиқ (квитанция) медиҳем.
Барои ба Шумо саривақт расонидани маҷалла кафолат медиҳем.

Бо арзи эҳтиром ва хоҳиш ҷамоаи эҷодии маҷаллаи "Дурдонаи Шарқ".

https://t.me/DURDONAI_SHARQ

 #ҶАШНВОРАИмрӯз рӯзноманигори соҳибтаҷриба, тарҷумони бомаҳорат, шоири тавоно, олими дақиқназар, устоди Донишгоҳи давлат...
29/08/2025

#ҶАШНВОРА

Имрӯз рӯзноманигори соҳибтаҷриба, тарҷумони бомаҳорат, шоири тавоно, олими дақиқназар, устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд ФОЗИЛ ШУКУРӢ зодрӯз дорад.

Соҳибҷашнро бо зодрӯз муборакбод намуда, барояшон тандурустии хонаободӣ ва ҷӯши илҳом таманно менамоем.

Ҳайати таҳрир ва ҷамоаи маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии "Дурдонаи Шарқ"

Мақолаи мухбири маҷалла дар вилояти Сурхондарё Маҳкам Ҷаъфарзода бахшида ба рӯзгори ин марди хоксору донишмандро манзуратон менамоем.

УСТОД ФОЗИЛ – ИНСОНИ КОМИЛ

Дар арафаи ҷашни мавлуди рӯзноманигори тозабаён, шоири нозукбаён ва олими донишманд Фозил Шукурӣ хостам чанд ҳарфе аз ниҳонхонаи дил барояшон эҳдо намоям. Ин нақшаи деринаи ман буд, вале китоби “Дилрӯшноӣ”, ки шоир бо дастхати худ ба ман туҳфа фиристода буданд, такон бахшид то сатре чанд бинависам.

📖 Муфассал: 👉 https://telegra.ph/USTOD-FOZIL--INSONI-KOMIL-08-29

https://t.me/DURDONAI_SHARQ

 «ҲАДЯИ ТАҚДИР»Дар арафаи соли хониши нав китоби омӯзгори эҷодкор Илҳом Хидиров бо номи “ҲАДЯИ ТАҚДИР” дар Хонаи табъу н...
18/08/2025



«ҲАДЯИ ТАҚДИР»

Дар арафаи соли хониши нав китоби омӯзгори эҷодкор Илҳом Хидиров бо номи “ҲАДЯИ ТАҚДИР” дар Хонаи табъу нашри “Маҳорат” рӯйи чопро дид.

Илҳом Хидиров рӯзгори мардуми атроф ва дидаю шунидаҳои худро таъсирбахш ҳикоя намудаасту камбудиҳои рӯзгору ҷамъиятро дар ҳаҷвияҳои намакин ҷой дода, қисми онро дар матбуоти даврӣ ба дасти чоп додааст. Муаллиф дар ҳаҷвияҳояш шахсони бадрафтор, беоқибат ва бевиҷдонро ба зери тозиёнаи танқид мегирад.
Китоби “Ҳадяи тақдир” аҳамияти калони тарбиявӣ дошта, барои хонандагони синну соли гуногун пешниҳод шудааст.
Муаллиф навиштаҳои худро имрӯз дар ин китоб ҷамъ оварда манзури Шумо азизон намудааст.
Китоб барои мактабиёну адабпарварони синну соли гуногун пешниҳод мешавад.

Узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Ҳамза Ҷӯра ба китоб пешгуфтори пурмуҳтавое навиштааст, ки пешкаши Шумо менамоем.

📖 Муфассал: 👉 https://telegra.ph/ROҲI-SAFED-BA-OLAMI-EHҶOD-08-18

https://t.me/DURDONAI_SHARQ

👇 Бо мо бошед:

Telegram | Web-сайт | Facebook | Омўзгори тоҷик

ЗОДРӮЗ МУБОРАК БОШАД!Имрӯз бонуи эҷодкору бомасъулият корманди маҷаллаи “Дурдонаи Шарқ” АСАЛОЙ САРХАТЗОДА зодрӯз дорад. ...
02/08/2025

ЗОДРӮЗ МУБОРАК БОШАД!

Имрӯз бонуи эҷодкору бомасъулият корманди маҷаллаи “Дурдонаи Шарқ” АСАЛОЙ САРХАТЗОДА зодрӯз дорад.

Масъули обунаи маҷаллаи адабиву илмӣ ва фарҳангии ”Дурдонаи Шарқ” Асалой Сархатзода дар як муддати кӯтоҳ бо истеъдоду меҳнатдӯстии худ ба аҳли адабу фарҳанг шинохта гардид. Имсол донишгоҳро ҳам бо баҳои хубу аъло хатм кард
Бар замми ин бонуи хуби хонадон ва модари фарзандони дустрӯ ҳам гардидааст. Илоҳо, хушрӯзгору бедарду ғам бимонад.

Ба ин бонуи эҷодкор сарзабзиҳо ва комёбиҳо хоҳонем.

Бо дуо ҷамоаи эҷодии маҷаллаи “ДУРДОНАИ ШАРҚ” ва Хонаи табъу нашри “МАҲОРАТ”

https://t.me/DURDONAI_SHARQ

БА ТАВАҶҶӮҲИ ДӮСТДОРОНИ АДАБИЁТДар доира тадбирҳои “Фестивали дӯстӣ”, ки ҳар сол  25-31-уми июл дар Ӯзбекистон баргузор ...
28/07/2025

БА ТАВАҶҶӮҲИ ДӮСТДОРОНИ АДАБИЁТ

Дар доира тадбирҳои “Фестивали дӯстӣ”, ки ҳар сол 25-31-уми июл дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, рӯзи 29-уми июл соати 14:30 дар бинои Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон бо номи “МУШОИРАИ БАРОДАРӢ” тадбири адабию фарҳангӣ бахшида ба дӯстии халқҳои гуногун баргузор мешавад.

Дар доираи тадбир тақдимоти китобҳои Паймон “Девон”, Асадуллоҳ Исмоилзода “Навиштам ҳарчи виҷдонам бифармуд”, Николай Илин “Ҳаёт гузал бағоят”, Лола Юнус қизи “Қарасу жырлары”, Рисолат Ҳайдарова “Суюмбика” ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамаи дӯстдорони адабро ба ин тадбири адабию фарҳангӣ даъват менамоем.

👇 Бо мо бошед:

https://t.me/DURDONAI_SHARQ

ЗОДРӮЗ МУБОРАК ШАВАД!Имрӯз мухбири махсуси маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии  "Дурдонаи Шарқ", шоири умедбахш ШУКРУЛЛОҲ ...
27/07/2025

ЗОДРӮЗ МУБОРАК ШАВАД!

Имрӯз мухбири махсуси маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии "Дурдонаи Шарқ", шоири умедбахш ШУКРУЛЛОҲ СИРОҶ ҷашни солгарди умри азизи худро дар ҳалқаи дӯстону пайвандон истиқбол мегиранд.

Солҳои зиёд ин суруру шодӣ идома ёбад ва китобҳои зиёдашон ба дасти мухлисон расад.

Бо дуо ҷамоаи маҷаллаи "Дурдонаи Шарқ"

👇 Бо мо бошед:

Telegram | Web-сайт | Facebook | Омўзгори тоҷик

ФАРИДУН - СОҲИБИ ҶОИЗАИ "ҚАЛАМИ ТИЛЛО"Нависанда ва рӯзноманигори ҷавон, муаллифи китоби "Шаби ялдо", корманди рӯзномаи "...
28/06/2025

ФАРИДУН - СОҲИБИ ҶОИЗАИ "ҚАЛАМИ ТИЛЛО"

Нависанда ва рӯзноманигори ҷавон, муаллифи китоби "Шаби ялдо", корманди рӯзномаи "Овози тоҷик" Фаридуни ФАРҲОДЗОД ба муносибати Рӯзи иди матбуот бо силсиламақолаҳояш оиди таҳкими дӯстиву ҳамдилӣ соҳиби ҷоизаи "Қалами тилло" гардид.
Ин комёбиро ба ӯ шодбош мегӯем ва дар роҳи пурмашаққати эҷод барояш комёбӣ мехоҳем.

Шӯрои адабиёти тоҷик ва маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии "Дурдонаи Шарқ"

27/06/2025

📖 27-уми июн – Рӯзи кормандони матбуот ва васоити ахбори оммавӣ

БА РӮЗИ ХОДИМОНИ МАТБУОТ ВА ВАСОИТИ АХБОРИ ОММАВӢ БАХШИДА МЕШАВАД

"Дурдонаи Шарқ" аввалин ва ягона маҷаллаи илмӣ, адабӣ ва фарҳангии соф тоҷикии Ҷумҳурии Ӯзбекистони соҳибистиқлол.

Манба:

👇 Ба мо ҳамроҳ шавед:

Telegram | Web-сайт | Facebook | Омўзгори тоҷик

 #ТАБРИК📖 27-уми июн – Рӯзи кормандони матбуот ва васоити ахбори оммавӣИмрӯз дар ҷумҳуриямон кормандони васоити ахбори о...
26/06/2025

#ТАБРИК

📖 27-уми июн – Рӯзи кормандони матбуот ва васоити ахбори оммавӣ

Имрӯз дар ҷумҳуриямон кормандони васоити ахбори оммавӣ ҷашни касбиашонро ботантана истиқбол мегиранд. Кормандони ин касби бошараф ва мушкилписанд, ки доимо дар эътибори мардуманд барои равнақи диёр саҳми босазо мегузоранд. Дар ин рӯзи ҷашн тамоми ҳамкасбонамро бо ин ҷашни ҳақиқату адолат ва истеъдод - Рӯзи кормандони матбуот ва васоити ахбори оммавӣ самимона муборакбод мегӯям. Қалами бурро, забони гӯё, чашми ҳақиқатбин ва дили адолатҷӯю некандеш ҳамроҳи доимии Шумо бошад рӯзноманигорони қаламбадаст.

Бо разолат доимо андар набард,
Аскари роҳи адолат – журналист.
Бо қалам сад мушкил осон мекунад,
Душмани ҷаҳлу ҷаҳолат – журналист.

✍️ АСАДУЛЛОҲ ИСМОИЛЗОДА,
узви Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон, сармуҳаррири маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии "Дурдонаи Шарқ"

👇 Ба мо ҳамроҳ шавед:

Telegram | Web-сайт | Facebook | Омўзгори тоҷик

https://t.me/DURDONAI_SHARQ

 #ҲАМДАРДӢ◾️ Нисбати вафоти узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон олими бедилшинос ТУРАБЕК ИСКАНДАРӢ ба аҳли хонадон ва...
24/06/2025

#ҲАМДАРДӢ

◾️ Нисбати вафоти узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон олими бедилшинос ТУРАБЕК ИСКАНДАРӢ ба аҳли хонадон ва фарзандону пайвандонаш ҳамдардии амиқ изҳор менамоем.
Охираташ обод бошад.

📝 Ҳайати таҳрири маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии "Дурдонаи Шарқ" ва шӯъбаи тоҷикии Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд.

https://t.me/DURDONAI_SHARQ

ПАЙВАНДГАРИ АДАБИЁТҲО БУДИмрӯз дар Китобхонаи марказии вилояти Самарқанд бахшида ба 70-солагии рӯзноманигор, шоир ва тар...
20/06/2025

ПАЙВАНДГАРИ АДАБИЁТҲО БУД

Имрӯз дар Китобхонаи марказии вилояти Самарқанд бахшида ба 70-солагии рӯзноманигор, шоир ва тарҷумони боистеъдод шодравон Ҷамол Сирочиддин Хумӣ тадбири адабию фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар тадбир хизматҳои беназири Ҷамол Сироҷиддини Хумӣ аз ҷониби дӯстону ҳамқадамон ва ҳамқаламони шоир таъкид гардид.
Хумӣ дар баробари шоири хуб будан, тарҷумони моҳир ҳам буд.
Шеъри шоирони зиёдеро аз забони тоҷикӣ ба забони ӯзбекӣ тарҷума карда, барои дӯстии адабиёти ин ду халқи бародар хизматҳои арзанда намудааст.

Асадуллоҳ ИСМОИЛЗОДА

https://t.me/durdonai_sharq

Address

Анхор, 33
Samarkand
140100

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Дурдонаи Шарқ posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Contact The Business

Send a message to Дурдонаи Шарқ:

Share

Category